Ҳукумат: Дархост барои ташкили гирдиҳамоиро меомӯзем
Шавқат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, феълан ба шаҳрдорӣ дархосте барои ташкили гирдиҳамоӣ дар пойтахт ворид нагардидааст.
Саидов рӯзи 14-уми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “агар дархосте барои баргузории гирдиҳамоӣ ба шаҳдорӣ ворид гардида бошад, он дар доираи қонунҳои амалкунанда баррасӣ мегардад ва ташаббускорони он посух хоҳанд гирифт.”
Ин дар ҳолест, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр" дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, барои баргузории гирдиҳамоӣ бо ҷалби ҳазорҳо нафар ба ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 13-уми май дархост ирсол намудаанд ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон шаҳрдорӣ барои посух додан 3 рӯз муҳлат доранд. Ин мусоҳибамон таъкид кард, ки тибқи қонунгузорӣ шаҳрдории Душанбе бояд баъди нисфирӯзии рӯзи 16-уми май ҷавоби худро диҳад.
Ёров афзуд, ки “саҳҳомони ЧДММ "Мовароунахр", ки зиёда аз 800 нафарро ташкил медиханд, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии худ, дар асоси моддаи 1 конуни ҶТ "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта" интизоранд, ки ҳукумати Душанбе барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи конститутсионияшон дар мавриди гирдиҳамоӣ ба онҳо ҷавоби мусбат медиҳад.”
Ният аст, ки гирдиҳамоӣ 3-юми июни соли равон аз соати 10.00 то соати 14.00 дар муқобили бинои парлумон доир мешавад. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд дар ин гирдиҳамоӣ “саҳҳомон бо аҳли оилаашон аз 8000 то 50 000 нафар чамъ мешаванд. Ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ кафолати оромона ва дар доираи қонун гузаронидани гирдаҳамоиро ба ҳукумати Душанбе изҳор намудаанд.”
Ин ҳуқуқшинос меафзояд, ки қонун дар бораи гирдиҳамоӣ тӯли 15 соли охир амал дорад, аммо то хол амалӣ нашудааст: “Гирдиҳамоии рӯзи 3-юми июн имконияти хубтарин барои санҷидани меъёрҳои он пеш аз интихоботи президентӣ мебошад.”
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз нияти саҳҳомони ширкати “Мовароуннаҳр” барои ташкили гиридиҳамоӣ бо ҷалби ҳазорҳо нафар дар Душанбе огоҳ аст. Маҳмадулло Асадуллоев, сардори Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “агар шаҳрдории Душанбе барои ташкили ин гирдиҳамоӣ иҷозат диҳад, мо омодаем тартиботи ҷамъиятию амниятро таъмин кунем.”
Ба қавли Бузургмеҳр Ёров зерҳимояҳояш рӯзи 12-уми май зимни як ҷаласаи худ тасмим гирифтанд, “3-юми моҳи июн ба хотири озод намудани молу амволашон дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии кишвар гирдиҳамоӣ менамоянд.” Ба гуфтаи Ёров, саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр иддао доранд, ки мақомоти судӣ дидаву дониста молу амволашонро озод намекунанд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, онҳо имкони давом додани сохтмонро надоранд.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |