“Вазифаи милиса танҳо муҳофизати ҳукумат нест” (АКС)
Зоммер Волфган, президенти политсияи Баварияи Олмон, имрӯз, 14-уми май зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ки мақсади кормандони милиса фақат муҳофизати ҳукумат буда наметавонад.
Ӯ, ки зимни конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ташаккули механизмҳои таъсирбахш ҷиҳати таъмин намудани амнияти глобалӣ дар шароити таҳдидҳои муосир ва татбиқи онҳо бо назардошти риояи ҳуқуқи инсон» сухан мекард, изҳор дошт, ки вазифаи милиса танҳо муҳофизати ҳукумат набуда, балки таъмини амнияти мардум мебошад. Ӯ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик дарки ин фалсафаро муҳим хонд то дар рафти кор онро татбиқ намоянд.
Зоммер Волфган афзуд, ки яроқи милиса ин суханаш аст, “аммо азбаски милиса ҳам одам аст, гоҳе дар рафти кори худ хато мекунад.”
Конфренсия мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони парлумон, дастгоҳи иҷрояи президент, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар рафти конференсияи байналмилалӣ Хегемер Кристиан роҳбари Институти вохӯриҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел (Германия) ва Хертрампф Дорис – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба ташаккули механизмҳои таъсирбахш ҷиҳати таъмин намудани амнияти глобалӣ дар шароити таҳдидҳои муосир ва риояи ҳуқуқи инсон ибрози андеша намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |