Сармураббии дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе истеъфо дод
Хабир Давлатов, сардори тими ССКА “Помир”-и Душанбе, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ки Ҳусейн Шодиев, сармураббии ин даста бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст.
Хабир Давлатов гуфтааст бошгоҳи футболи ССКА “Помир” тасмим гирифт, ки аз хидмати Зоир Бобоев ба ҳайси мураббии мушовир низ даст кашад.
Дастаи ССКА “Помир” дар даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд. Дар 5 бозии пешинаи мусобицаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 3 бозиро мусовӣ анҷом дода, дар ду бозии дигар шикаст хӯрдааст феълан бо 3 имтиёз дар байни 11 даста дар ыойи 9-ум аст.
ССКА “Помир” рӯзи 18-уми май дар майдони худ бо клуби футболи “Панҷшер” таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов, капитан ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста ба сабқат мебарояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |