Имрӯз дар саросари Русия мотами миллӣ эълом гардида, ба байрақи ин кишвар лентаи сиёҳ овезон шудааст.
Дар ин бора райисҷумҳури Федератсияи Русия Дмитрий Медведев санади марбутаро дирӯз ба имзо расонид. Чунин тасмим ба хотири гиромидошти фавтидагони садамаи киштии сайёҳии «Булгария» гирифта шуд. Ин киштӣ чанд рӯз қабл дар рӯдхонаи Волга, дар ҷумҳурии Тотористон ба қаъри дарё фурӯ рафт. Дар пайи ин ҳодиса теъдоди зиёди сайёҳон, аз ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расиданд.
-Дирӯз садамаи даҳшатангезе рух дода, ҷони чандин нафарро рабуд. Мо ба ҳамаи ақрабои фавтидагон изҳори ҳамдардӣ мекунем. Ман тасмим гирифтам, ки рӯзи 12 июлро рӯзи мотами умумихалқӣ эълон дорам, гуфт Медведеведев.
Зимнан, дафтари матбуотии вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия эълон доштааст, ки кишти 208 сайёҳро мебурд. Ин рақам аз теъдоди нафароне, ки мебоист дар киштӣ мебуданд, 25 нафар зиёд аст, гуфтааст вазири ҳолатҳои фавқуллода Сергей Шойгу. Аз кадом тариқ онҳо ба киштӣ бе чипта роҳ ёфтаанд, таҳқиқ карда мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ 13 нафар фавтида, 80 тани дигар наҷот дода шудаанд. Аммо тақдири сайёҳони дигар ва сарнишинони киштӣ то ҳол номаълум боқӣ мондааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр