Паёми тоҷирон аз арзоншавии орд дар Тоҷикистон
Тоҷирон мегӯянд дар пайи коҳиши нархи орду гандум дар Қазоқистон бозорҳои Тоҷикистонро низ раванди арзонишавӣ фаро гирифтааст.
Сафаралӣ Пиров, як масъули ширкати ордфурӯшӣ дар Душанбе мегӯяд, давоми ду ҳафтаи ахир ба ҳисоби миёна нархи як халта орди воридотӣ аз 150 то 145 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Номбурда иброз дошт, ки айни ҳол як халта орди маҳаллӣ бо нархи 135 ва дар баъзе ҷойҳо то 143 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Тоҷирон мегӯянд, поёнравии арзиши орд дар Тоҷикистон идома хоҳад дошт, чун ояндаи наздик инчунин воридоти гандуми худӣ низ ба бозор дар назар аст.
Тибқи иттилои расмӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, асосан аз Қазоқистон 144 776 тонна гандум ва 54 442 тонна орд ворид гардидааст. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба орду гандум ҳудуди 1,5 миллион тонна арзёбӣ мешавад, ки 70 дарсади он аз Қазоқистон ворид мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |