Каримов барои задани довар ҷарима ва як сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Сафаралӣ Каримов, муҳофизатгари дастаи “Регар-ТадАз”-ро барои як сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум намуда, ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима кардааст.
Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 13-уми май, Сафаралӣ Каримовро ба он айбдор кардааст, ки дар бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истаравшан”-“Регар-ТадАЗ” , ки 10-уми май баргузор гардида буд, байрақчаи ёвари сардоварро кашида гирифта, бо он ба шиками ӯ задааст ва барои ин кораш нисбати ӯ чунин ҳукм эълон кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи навбатии кумита бозигарони дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум барои вайрон кардани Кодекси ахлоқи ФФТ муҷозот шуданд. Аз ҷумла бозигари тими “Истаравшан” Улуғбек Абдулҳаев ва бозигари “Вахш” Хуршед Раҳимов аз 1 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 300 сомонӣ, бозигари “Регар-ТадАЗ” Фабритсио Фрейтас аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ, бозигари ССКА “Помир” Фуруғ Қодиров ва бозигари “Вахш” Саидхони Амрохон аз 3 бозӣ маҳрум шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |