Мулло Умар таъсиргузортарин чеҳраи Афғонистон
Мулло Умар, раҳбари руҳонии ҳаракати «Толибон» таъсиргузортарин чеҳраи Афғонистон шинохта шудааст.
Маркази омӯзиши Афғонистони муосир дар пайи пажуҳиши сотсиологие миёни коршиносони Кобул 50 чеҳраи муассири Афғонистон дар соли 2013-ро муайян кардааст.
Дар баробари раҳбари «Толибон» ҳамчунин Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон, Атто Муҳаммади Нур, воли музофоти Балх, Гулбиддин Ҳикматёр, пешвои Ҳизби исломии Афғонистон, Абдулрасул Сайёф ва Муҳаммад Муҳаққиқ, вакилони парлумон низ ба ин феҳраст шомил шудаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, пажуҳиш ба шеваи пурсишномаи пӯшида сурат гирифта, сиёсатшиносон, журналистон, раҳбарони марказҳои таҳлилӣ ва дигар соҳибназарони маъруф дар он ширкат кардаанд.
Натиҷаи назарпурсӣ ба бахшҳо- ҳукумат, сиёсатмадорон, мухолифини мусаллаҳ, пешвоёни минтақаӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дин ва элитаи тиҷорӣ ҷудо шудааст.
Акс аз сомонаи "Афганистан.ру"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |