900 оташнишони қазоқ сабукдӯш шуданд
Дар Қазоқистон дар пайи як атестатсияи изтирорӣ ҳудуди 900 корманди Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар аз симаташон сабукдуш шудаанд.
Расонаҳои қазоқӣ иттилоъ додаанд, ки Владимир Божко, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон пеш аз рафтан ба парлумон, тақрибан 900 нафар аз кормандони худро аз кор озод намудааст.
Аз сӯйи дигар, Мухтар Тиникеев, намояндаи мардумии қазоқ бо таъйиди ин хабар дар сафҳаи Твитери худ навиштааст, дар натиҷаи як атестатсияи изтирорӣ дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 852 нафар аз кормандони ин ниҳод аз кор ронда шуда, ҳудуди 672 тани дигар ба симатҳои поин таъйин шудаанд.
Интизор меравад, имрӯз 13-уми май Владимир Божко, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, дар назди вакилони парлумони кишвараш ҳозир шуда, дар бораи натоиҷи фаъолияти ниҳоди зертобеаш дар соли 2012 ва 5 моҳи ахири соли ҷорӣ ҳисобот диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |