Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)
ҲУМАЙРОИ БАХТИЁРШӯрои ҳамоҳангсозии асосиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми май дар шаҳри Душанбе барҳам хӯрд.
Қарор дар ин бора аъзои Шӯро зимни ҷаласаи изтирорӣ, ки бе ҳузури раиси Шӯро, Зайд Саидов баргузор шуд, қабул намуданд. Далели асосии барҳам додани Шӯро ин ноуҳдабароии Зайд Саидов ва бо ҳадафҳои сиёсӣ истифода шудани Шӯро аз ҷониби ӯ арзёбӣ гардид.
Некрӯй Забиров, собиқ раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамакнун ташаббускори асосии барҳам додани ин созмон гуфт, “Шӯро тобиши сиёсӣ гирифтааст ва дигар наметавонад фаъолияти худро давом диҳад. Барҳам додани Шӯро идеяи ман буд ва ҳаст, зеро мо намедонем,ки чаро ва чӣ гуна аз ин майдони мо Зайд Саидов барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ сӯйистифода кард. Дар ҳоле ки мо тоза муносибатро бо ҳукумат, президент ва ҷомеа барқарор кардем. Раҳбарияти нави Шӯро интизориҳои моро қонеъ накард.”
Дар ҷавоб ба ин Михаил Петрушков, раиси Асосиатсияҳои соҳикборони Тоҷикистон аз Некруй Забиров далелҳои мушаххас талаб кард, ки дар кадом ҳолатҳо Зайд Саидов Шӯрои ҳамоҳангсозиро бо мақсадҳои шахсияш ё ғаразҳои сиёсӣ истифода кардааст. Аммо Забиров дар ҷавоб ба ин дархост хомӯш монд.
Петрушков аз аъзоёни Шӯро интиқод кард, ки “дар ҳузури Зайд Саидов ҳамеша қарсакзанӣ мекардеду ҷонибдори суханҳою ташаббусҳои ӯ будед, аммо имрӯз якбора аз пушт ӯро ноуҳдабаро баровардед. Дар ҳоле ки худи Шумо барои раис таъин шудани Зайд Саидов талош кардед, ҳеч мумкин нест, ки дар як муддати кутоҳ назари худро то ин дараҷа иваз кунед.”
Петрушков аз шеваи масъалагузориҳо дар ҷаласа хулоса бароварда гуфт, ки ин ҷаласа хусусияти фармоишӣ дорад ва ҳамаи талошҳо барои лағви Шӯрою сиёҳ кардани Саидов таҳти фишор сурат гирифта истодаанд. Петрушков фарзан изҳор дошт, ки дастурот дар ин маврид кори дасти вазирон аст, ки худашон дарк накарда, ба ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар “хизмати хирсона” карда истодаанд: “Ин коре, ки мо имрӯз мекунем, тобиши сиёсӣ дорад ва дар арафаи интихобот ба зарари ҳукумат ва нуфузи кишвар анҷом меёбад.”
Аммо Рафиқа Мусоева, раҳбари Асосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва яке аз тарафдорони лағви Шӯро изҳороти Петрушковро беасос хонда, афзуд, ки “моро таҳқир накунед. Мо супориши ягон кас ё гуруҳро иҷро накарда истодаем.”
Мусоева аз фаъолияти Зайд Саидов дар доираи Шӯро интиқод кард, ки ҳамеша ба масъалаи андоз авлавият медоду ҷанбаҳои дигари фаъолияти соҳибкориро сарфи назар менамуд: “Акнун маълум шуд, ки Зайд Саидов аз рушди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дида бештар ба таъсиси ҳизби худаш, “Тоҷикистони нав” машғул будааст. ”
Бархе аз аъзоёни Шӯро алайҳи лағви ин созмон баромад карда, гуфтанд, ҳар ассосиатсияе, ки хоҳиши кор дар Шӯроро надорад, метавонад онро тарк кунад вале ба барҳам додани Шӯро ҳоҷат нест. Онҳо мегуфтанд, ки Некруй Забиров қабл аз баргузории ҷаласаи изтирорӣ шахсан пеши ҳар раҳбари асосиатсия рафта дар мавриди бекор кардани салоҳияти Зайд Саидов ба далели таъсиси ҳизби сиёсӣ масъалагузорӣ кардааст. Аз он, ки дар ҷаласа масъалаи лағви пурраи Шӯро ба баррасӣ гузошта мешавад, бисёри аъзои Шӯро изҳори бехабарӣ карданд. Гуруҳе аз ширкатдорон бо шумули Матлуба Улҷабоева, раиси Асосиатсияи соҳибкорони хурду миёна, Михаил Петрушков, раҳбари Асосиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон, Асомиддин Атоев, раҳбари Асосиатсияи фароҳамоварони интернет пешниҳод доштанд, ки Шӯрои мазкур на барҳам, балки танҳо роҳбарияташ иваз шавад.
Аммо ҷонибдорони барҳам додани Шӯро аз ҷумла Рафиқа Мусоева пофишорӣ кард, ки Шӯро бояд ҳатман барҳам дода шавад, зеро ба гуфтаи ӯ “Шӯро доғдор шудааст ва онро дигар тоза карда намешавад.”
Дар ҳамин ҳол аз 59 асосиатсияи узви Шӯро имрӯз, дар ҷаласаи изтирорӣ намояндагони 35-тояшон ширкат доштанд ва 24 нафарашон ба тарафдории барҳам додани Шӯро овоз доданд. Ин Шӯро соли 2007 таъсис ёфта буд ва Зайд Саидов соли гузашта ба раҳбарии он интихоб гардид.
Худи Саидов ахиран дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “чанде аз ҳамкорон ба ман занг зада гуфтанд, ки таҳти фишор як изҳоротеро имзо кардаанд, ки дар он истеъфои ман аз симмати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ талаб карда мешавад. Аз як тараф онҳоро дарк мекунам, аммо муътақидам, ки ҳар як шахс ва соҳибкор бояд фикри мустақили худро дошта бошад. Ҳар яки онҳое, ки алайҳи ман изҳорот имзо кардаанд, пештар худашон пофишорӣ карданд, то ман роҳбарии Шӯроро ба уҳда гирам.”
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд. Ин азми Саидов таҳдиду таъқибҳо ба ҷону моли ӯро ба бор оварда, боиси ифтитоҳи ду парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |