Вакилон хостори манъи вуруди Жириновский ба Қирғизистон шуданд
Дар Қирғизистон мехоҳанд, вуруди Владимир Жириновский, вакили Думаи Русияро ба қаламрави ин кишвар қонунан манъ кунанд.
Тавре расонаҳои хабарии қирғиз иттилоъ медиҳанд, Ҷулдузкан Ҷолдошова, намояндаи мардумии қирғиз аз ҳизби “Ота-Ҷурт” имрӯз 13-уми май аз парлумони кишвараш хостааст, вуруди Владимир Жириновскийро ба Қирғизистон манъ намоянд. Ба гуфтаи Ҷолдошова, Жириновский баъди он суханрониҳои худ дар мавриди “Исиқ-кул” дигар ҳаққи ворид шудан ба Қирғизистонро надорад: “Аслан, ба ӯ кӣ иҷоза додааст, то чунин пешниҳод карда, ҳукумату давлати моро зери суол барад? Ба назари ман дигар ин вакили рус ҳаққи ба хоки Қирғизистон ворид шуданро надорад.”
Дар ҳамин ҳол, Баҳодур Сулаймнов, намояндаи дигари мардумии қирғиз низ аз ин дархости ҳамтои худ ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ин масъала бояд, ба зудӣ ба баррасӣ гирифта шавад.
Ёдрас менамоем, Владимир Жириновский зимни як ҷаласаи парлумонӣ дар авоили моҳи апрел дар мавриди қарзҳои Қирғизистон аз Русия изҳори назар карда, гуфта буд: “Қирғизистон Исиқ-кӯлро ба ивази қарзҳояш ба Маскав бидиҳад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |