Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ президенти Шветсария ҳукми қатлро баррасӣ мекунад
Рут Дрейфус, раҳбари ҳайати Комиссияи байналмилалӣ алайҳи ҳукми қатл ва собиқ президенти Шветсария, имрӯз, 13 май вориди Тоҷикистон мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари хонум Рут Дрейфус, аз 13 май то 15 майи идома меёбад ва дар доираи сафари хонум Рут Дрейфус мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст. Зимни мулоқот баррасии мавзуи ҳукми қатл дар Тоҷикистон дар назар аст.
Инчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни сафари Рут Дрейфус мулоқоташ бо намояндагони ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин ният аст, ки рӯзи 15 май Рут Дрейфус, раҳбари ҳайати Комиссияи байналмилалӣ алайҳи ҳукми қатл бо журналистон вохӯрӣ намуда, ба суолҳояшон ҷавоб гӯяд.
Рут Дрейфус, раҳбари ҳайати Комиссияи байналмилалӣ алайҳи ҳукми қатл аввалин зане дар таърихи Шветсария ки соли 1999 президенти Шветсария гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |