“Ё З.Саидов сабукдӯш шавад ё Шӯро пурра лағв мегардад”

Имрӯз, 13-уми май, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он пешниҳоди гуруҳи ташаббускор барои сабукдӯш кардани Зайд Саидов аз раҳбарӣ ё умуман барҳам додани ин Шӯро баррасӣ мешавад.
Тавре Некрӯй Забиров, раҳбари гуруҳи ташаббускор ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, дар ин ҷаласа тавассути овоздиҳӣ, аъзоён интихоб мекунанд, ки “ё Зайд Саидов аз роҳбарии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барканор шавад ё умуман ин Шӯро барҳам дода мешавад.”
Гуруҳи ташаббускори Шӯро, ки барканории Зайд Саидовро талаб мекунанд, далел меоранд, “ин роҳбар ба мақсадҳои Шӯро мувофиқ нест ва талош дорад, аъзоёни Шӯро ва номи онро барои ҳадафҳои шахсию ғаразҳои сиёсияш истифода кунад.”
Зайд Саидов, ки соли гузашта роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозӣ интихоб гардид, ахиран дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “чанде аз ҳамкорон ба ман занг зада гуфтанд, ки таҳти фишор як изҳоротеро имзо кардаанд, ки дар он истеъфои ман аз симмати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ талаб карда мешавад. Аз як тараф онҳоро дарк мекунам, аммо муътақидам, ки ҳар як шахс ва соҳибкор бояд фикри мустақили худро дошта бошад. Ҳар яки онҳое, ки алайҳи ман изҳорот имзо кардаанд, пештар худашон пофишорӣ карданд, то ман роҳбарии Шӯроро ба уҳда гирам.”
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд. Ин азми Саидов таҳдиду таъқибҳо ба ҷону моли ӯро ба бор оварда, боиси ифтитоҳи ду парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |