Ҳуқуқшинос: З. Саидовро дар Душанбе метавонанд ҳабс кунанд
Ҳуқуқшиносони тоҷик ҳушдор медиҳанд, ки ба Зайд Саидов, раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон, зимни бозгашт ба Душанбе ҳабс таҳдид мекунад.
Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, иттиҳоми бисёрзанагӣ, ки алайҳи Зайд Саидов пеш гузошта шудааст, ҳабси пешакиро дар назар надорад: “Аммо Оҷонсии фасод ширкати Зайд Саидовро дар азхудкунии моли дигарону изофанависӣ дар ҳаҷми калон, 2 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст, ки ин ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад. Муфаттиши ин парванда ҳақ дорад аз додгоҳ дархост кунад, ки нисбати айбдоршаванда ҳабси пешакӣ татбиқ гардад.”
Воҳидова ташреҳ дод, ки дар масъалаи Зайд Саидов, ки айбдоршаванда бо иттиҳомот розӣ нест ва аудити мустақилу байналмилалиро талаб дорад, аслан додгоҳ бояд нисбати ӯ ҳабси пешакиро татбиқ нанамояд: “Аммо таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки судҳо мустақил нестанд ва мувофиқи майли ҳокимияти иҷроия амал мекунанд. Бино ба ин ҳабси Зайд Саидов дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.”
Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби 10-уми май дар садри дастаи теннисбозони тоҷик барои як ҳафта ба Фаронса рафтааст. Рӯзи дигар пас сафараш, 11-уми май мақомоти Тоҷикистон, аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар доданд.
Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия изҳор медорад, ки ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, зимни сохтмони баландтарин бинои кишвар, "Душанбе -Плаза" дар соли 2009-ум ба сохтакории санадҳо ва изофанависӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 959 ҳазор сомонӣ даст задааст. Додситонии шаҳри Душанбе низ эълон кард, ки рӯзи 11 майи соли 2013 бо моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои серзанагӣ, алайҳи Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик ин парвандаҳоро “сиёсӣ” унвон карда, ба талошҳояш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” марбут донист. Саидов аввалҳои моҳи апрел аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, таъкид намуда буд, ки самти асосии фаъолияти ин ҳизб беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |