Бояд гуфт, ки ноҳияи Шурообод дар ҳудуди беш 140 километр дар ҷануби Тоҷикистон бо давлати Афғонистон сарҳад дошта, мунтазам ин марз аз ҷониби қочоқчиёни афғонию ҳам тоҷик вайрон карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, аз авали сол инҷониб чаҳор ҳодисаи убури сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиён пешгирӣ карда шуда, дар ин ҳаводис чаҳор шаҳрванди афғон ба ҳалокат расида , аз ҷойҳои ҳодиса ба миқдори беш аз 200-кг маводи мухаддира ва 2-автомати Калашников мусодира гардидааст.
Ҳарчанд полковник Қадамов мегӯяд, ки марзи давлатӣ акнун зери ҳимояи шадид қарор дорад, вале Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод гуфт, ҳанӯз ҳам сарҳадшиканӣ ва дар ҳамин ҳол, хатар болои мардуми бумӣ аз ҷониби шаҳрвандони афғон идома дорад. Ӯ афзуд, « қисмати зиёде аз заминҳои мамнӯъгоҳи Дашти Ҷамро афғонҳо дар тасарруфи худ нигоҳ медоранд. Зеро ба он мавзеъ рафтан аз ҷониби Тоҷикистон, тақрибан ғайриимкон мебошад».
Ба андешаи ҷаноби Икромов, сафорати Амрико бар худ гирифтаст дар мавриди созмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва ҳам бунёди роҳҳо ба ин ноҳияи кӯҳистони тоҷик кумак намояд ва дар ин ҳол шояд посбонии сарҳад устувор гардад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |