10 феврал 2015, 16:41
Раиси вилояти Хатлон ба рӯзноманигор Аҳмад Иброҳим, ки аз тарафи ҷангиёни тоҷик дар Сурия таҳдид шуда буд, итминон додааст, ки ба саломатии вай касе осеб расонида наметавонад.
10 феврал 2015, 11:21
Дар соли 2014 ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд 2 ҳазору 600 нафар муроҷиат намудаанд. Беш аз 2 ҳазору 400 бону барои таҳти хушунату озор қарор гирифтан ба Созмони ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” муроҷиат кардаанд.
9 феврал 2015, 20:05
В Республиканский центр судебно-медицинской экспертизы ежедневно обращаются по 3-4 морально и физически пострадавших женщин. И все из 78% обратившихся хотят доказать свою невинность или под давлением своих родителей, или женихов.
6 феврал 2015, 10:44
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории Форс дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ду кишвар раванди эронҳаросиро низ шарҳ додааст.
5 феврал 2015, 11:09
Ба иттилои прокуратураи вилояти Хатлон, аз ҷамъи 125 нафари худкушикарда 71 нафарашон мардҳо ва 54 зан будаанд. Ҳамзамон мояи ташвиш аст, ки дар 23 маврид ноболиғон худкушӣ ё қасди худкушӣ кардаанд ва 21 нафар аз онҳо муҳассилони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ будаанд. Дар робита ба 19 мавриди худкушию маргталабӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.
4 феврал 2015, 16:37
Як гуруҳ аз занони хонашин баъди давраи омӯзишӣ дар бораи интихобот гуфтанд, иҷоза нахоҳанд дод, дигар "калони хона" ва ё марди ҳамсоя ба ҷои онҳо раъй диҳанд.
4 феврал 2015, 14:13
Чунин омадааст дар ҳадиси Паёмбари ислом Муҳаммад (с), аммо на ҳамеша ба ин ҳуқуқ арҷ гузошта мешавад. Мисол? Марҳамат! - Чунин ба назар мерасад, ки бахши аъзами сокинони вилояти Хатлон аз бастани аҳдномаҳои расмии никоҳ «парҳез» мекунанд ва дар ниҳояти кор ҳуқуқ ва манфиатҳои занон нақз мешавад. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки дар зарфи 20 соли ахир танҳо як ҷуфти ҳамсарон (!!!) миёни ҳам шартномаи расмии никоҳ бастаанд. Аммо ин кадом ҷуфти ҳамсарон аст, рӯшан нест, зеро ба хотири «ҳифзи сирри хонаводагӣ», насаби онҳо ифшо намешавад.
4 феврал 2015, 11:31
Шеваи “муҷозот” – тарошидани мӯйи сари зани миёнсоле барои танфурӯшӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди баҳс қарор гирифт.
3 феврал 2015, 14:13
Аз 18 то 20%-и оилаҳои хатлониро занон сарварӣ мекунанд. Ин нишондиҳандаи хуб аст ё бад? Бавижа дар ҷомеаи суннатии мо, ки бештар мардсолор асту одат шудааст, ки мард - падари хонадон масъулияти таъмини иҷтимоӣ ва саробонии оиларо ба дӯш дошта бошад…
28 январ 2015, 23:55
Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба Раиси ноҳияи Файзобод тафтишро оғоз намудааст, ки дар кабинети кориаш дасти бонуи 59-соларо зада шикастааст.
26 январ 2015, 15:58
Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, 19 вилояти Афғонистон ба кишти кӯкнор машғул буда, назорати онро дар ин вилоятҳо гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ дар даст доранд.
24 январ 2015, 11:43
Домуло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кард, худро аз ҳизбу равияҳое, ки боиси нооромӣ ва барангехтани фитна дар ҷомеа мешаванд, дур бигиранд.
22 январ 2015, 08:33
Мижгона Латипова, як сокини 25-солаи Ёвон ба рабудан, латтукӯби бераҳмона ва ҳатто тарошидани мӯи сар ва абрӯвони дугонааш "аз рӯи хусумати шахсӣ" айбдор мешавад.
21 январ 2015, 14:10
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои муайян кардани инки Умедҷон Солиҳов коргари ФСБ ҳаст ё на, 5 рӯз вақт додааст. Ин сокини Ваҳдат ба узвият дар "Гурӯҳи 24" ва "таҳқири президент" айбдор мешавад.
21 январ 2015, 09:53
Коршиносон сабаби ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудани бештари ҷавононро ба надоштани маърифати ҳуқуқӣ, бехабар будан аз дини мубини Ислом ва камбуди ҷойи кору маблағ рабт медиҳанд.