Бахшҳо

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал
Мӯҳр
Мехмон
Хамааш мегузарад. Одами шири хом хурдааст. Ба кафо ба таърих назар бояд кард. Хар як каси дар сар акл дошта, худ хар як чизро бо аклона бахо дихем. Назорати клубхои шабона низ хеле зарур аст, вагарна ин чизи бад хоси мардуми мо нест, хоси мардуми гарб аст. Ёфтани камбуди осон аст, вале чомеа оё ин камбудиро метавонад бо ин рох бартараф созад ?

Занхои фоиша хеч вакт ин кадар либоси бисёр намепушанд барои дар вахти клент кабул кардан корашонро кин мекунад.

sara
Ин кадар сатру сатрпуш накофта илочи вокеа пеш аз вукуъ гуфтаанд чаро конуни сахттаре намебароранд конунгузорони мо бигзор барои фохишахо хукми катл бароварда шавад ва ё сангсор ва бигзор мардони пастсифату фохиша парастон низ чунин чазо бигиранд кани мебинем баъди чунин мучозот на танхо дар точикистон балки дар дигар чойхохам аз чунин афроди паст хатту хабар намемонад як дух ари фасод набояд тамоми духтаронро беобру созад ва мардхо марги чунин мардони полшуяк(((

)))
Хар кас Исломро ба таври худ мефаҳмад, Чи кор мекунед фарҳанги дигар миллатро тақлид карда?! Либосҳои миллии хдамонро пушидан даркор аст. Бо таври тоҷикӣ руймол бастан аст. Инҳо ҳама либосҳои миллии арабистон ба шумор мераванд. Чанд руз пеш дар ш. Хуҷанд мардеро дидам, ки худаш ва аҳли оилааш либосҳои арабӣ пушидаанд. Духтари майдаяк, тақрибан 4 сол дошт, намедонам ин кудак чи айб дошта бошад, ки он касро ҳам сар то по печонидаанд.
Сатро дар Арабистони пеш барои он мекарданд, ки онҳо дар биёбонҳо зиндагӣ мекарданд. Барои ки қум руй ва чашми онҳо ба зарар нарасонад, ҳамин хел чораҳо медиданд. Сол ба сол ин ба либоси миллиашон дохил шуду ба дин аралаш карданд.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Хар айб, ки дар он аст дар мусулмонии мост.

боқи Худо ҳофиз))аНВАР,
аНВАР,
аНВАР,

"Фарханги бегона"ээээээ Норасов о ин амри Худост ин ба фарханги ягон миллат дохил нест ин фарханги Ислом аст!

умар
Абдуалим норасов устоди донишгохи исломи ту чигуфтеси ай худо. Битарс фарханги пеш аз ислома чорикадани...

Насиба
зани мусулмон бояд сару гардан ва дасту пойяш пудиша бошад инро хеч кас инкор карда наметавонад, чаро дар бораи юбкахои аз зону боло ва муйхои парешон касе чизе намегуяд магар атласе ки аз зону боло духта шудааст либоси милли аст... матоъ метавонад милли бошад аммо духташ ки милли нест. Вакте бахс аз либоспушии занон бошад пас ин хам бояд ба инобат гирифта шавад. Мо дар баробари точик будан мусулмонзан хастем аммо аз хама мухим он аст ки сурату сиратамон бояд як бошад... Зани боифат, покдоману хушахлок, босавод, бомаърифат ва аз илмхои динию дуняви бохабар метавонад ибрати чандин занону духтарон бошад!!!

ишкварзии мансабдоронро намегуед бо чавондухтарону хонумои зебо хамаро сарличу беэзору ракосаву сароянда кардиян...

Рустам
На самом деле хамин сатрпушхо шахрамонро безеб кадагй. О буродаро ислом дар зохир нест ку! Ислом бояд дар дил бошад. Муслим дуруст навиштагй. Аврупо кайхонба бурафтагй. Мо бошем холо хам гирди сатру риш чавлон дорем.Сатр пушида фохишагй кунад, кимба лозим ин хела зан? Союзба ин хела гапо набуд ку. Занову духтаро озод мегаштан, фохишагй набуд. Сиёх пушида окибба рафтан кимба даркор?

Ин нодуруст аст мо фохиша гуфта ба бе сатрии духтарон кушиш кунем зеро затр фарзи алохида ба кору кирдор чавобгарии алохида дорад

Точик,
Хукми Аллохро "нест бод" гуфти аз мулои махаллаат бипурс, ки баъди ин калимаро гуфтан одам чи мешавад?

аНВАР,
Аз хамин сатрдорову шишдоро тамоми Дунё сухта истодааст хамни чаноби оли хам медонад, ягон чиро ки аз минбар ин суханхоро гуфтааст, бас будагист охир хамин бегонапарсти, хамин либоси миллии точики барои зани мусалммон бехтарин либос аст, Худнамои ба ки даркор охир? ин кадар мусалмони хакики будан мехохи дар амалат нишон дех инро то кай ХДНАМОИ???

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародарон ва хоҳарони Исломӣ!

Эй паёмбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. Зеро Худо донову ҳаким аст! [33:1]

Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! [33:59]

Сураест, ки онро нозил кардаем ва воҷибаш сохтаем ва дар он оёте равшан фиристодаем, бошад, ки панд гиред. [24:1]

Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон бипӯшанд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ғайри ба шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ, ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд, ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд то он зинат, ки пииҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, шояд наҷот ёбед. [24:31]

https://tanzil.net

М
Бояд ин хо сатр ба дар намекарданд

Эй мусулмоно шариат ва Худоро бо либос не балки бо дил эҳсос ва парастиш мекунанд.Ин занҳо ҳама мода гуфта либосе ки хоси зани тоҷик нест ба бар карда 5 кило макияжи дигар мекунад ва ба берун баромада пеши мардум худро нишон медиҳанд. Чаро халқи дигар, яъне русҳо, эрониҳо, туркҳо, ҳиндуҳо ва ғайра либоси мо тоҷиконро ба бар намекунанд, мо бошад тарзи либоспушии онҳоро хоси мардуми худ дониста истодаем. Мо тоҷикон бояд аз таърих, фарҳанг, урфу ода расму оин, либос ва забони ширини худ фахр карда, овозаи мардуми худро дар олам паҳн намоем. Бигзор дигар милатҳо ба мо таҳсуб кунанд.

а
хамеша офатхои табии аз чумла зери хок мондани дах нафарро дар файзобод кори Худованд мегуем, лекин фаромуш накунем, ки ин хам як нишондоди Худо аст, барои онхое, ки аввал масчидхоро бастанд сатру ришро аз байн бурда истодаанд ва охиста - охиста исломро аз байн мебаранд агар хамин тавр корашон давом ёбад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)