Бахшҳо
04 апр 2013 11:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Саволи Шумо ба НУРИДДИН САИДОВ

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба суоли хонандагон дар бораи вазъи маориф, илм ва мактабҳо посух бигӯяд. Ҷаноби Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст.

Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм мекунад. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад.

Вай то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
Ассалому алайкум муаллими азиз. Суоли ман доир ба сару либоси донишчуен аст. То кай мо Точикон аз паи идеяи коммунистон оиди чи хела будани сару либоси хонандагон мегардем. Ман худ дар донишгохи Руссия тахсил кардаам ва медонам, ки дар давлатхои тарраки ефта инхел чизхо бархам хурдаанд. Дар ончо ба саводи толибилмон таваччух медиханд на бар сару либос. Дар давлати мо бошад акси он ба дониш хеч таваччухе нест, аммо бар сару либосу гарданбанд (галстук) тавачух калон аст, ва хатто ба дарс намемонанд. Охир бо дар асри 21 зиндаги мекунем ва бояд ба пеш нигох кунем, хамин тавр нест муаллим?!

Ассалому алайкум чаноби вазир ва сомонаи "Озодагон". Чаноби вазир бар шумо як суол дорам илтимос халли ин мушкилиро бигиред. 3 сол пеш завчаи ман шуъбаи гоибонаи Донишгохи Давлатии шахри Хучанд-ро тамом кард ва муаллимаи фанни кимиё ва чугрофия гардид. Вале то инчониб ба кор шуруъ карда наметавонад.Чунки донишгох то индам ба онхо диплом намедихад. Бахона мекунанд, ки бланки диплом нест кай омад бар шумо медихем. Ба Точикистони мо муаллимони маълумоти оли дошта намерасанд аммо бе диплом ба кор кабул намекунанд. Охир ин чи гуна донишгох аст, ки хатмкунандагони худро бо диплом таъмин карда наметавонад. Донишчуен хар сол то 600-800 доллар барои тахсил месупоранд вале дар натича хатто як когаз ки дар руяш диплом нависондаги хаст гирифта наметавонанд. Аз ин хотир аз Шумо хохиш мекунем халли ин масъаларо дида бароед. Сокини шахри Чкаловск.

Шуморо бех,тарин файласуф мешуморам.Ак,идах,оятонро ч,онибдорам.Хох,иш мекардам,ки аз паи ич,рои супоришх,оятон ягон нафари масъулиятнокро вазифадор менамудед.Гирифтани пеши рох,и маьлагч,амъкуних,ои беасосро дар коллегияи ч,амъбастии соли 2012 хеле фош гуфтед,вале аз наберах,ои ман дар мактаби №38 н.Сино х,амоно мох,е 15-20 сомониги " просто" мегиранд.

A
Ҷонишини вазир: “Мара нопурсида запис кесай”

Астрофизик
Салом вазири мухтарам! Ба хама маълум аст, ки дар Точикистон мутахассисони сохахои табиатшиноси ва фанхои дакик хеле кам мондаанд, бокимондахо низ солхурда мебошанд. Боз ба хама аник аст, ки асосан дар ин риштахо чавонони камбагали дехот тахсил менамоянд, ки дар шахр хона надоранд ва пас аз хатми донишгох ба деха боз мегарданд. Барои дар шахр истода кори илми кардани онхо манзил лозим аст. Оё оиди ин мушкилот аз тарафи вазорат ягон чора дида шуда истодааст?

Салом! Савол:1.Чаноби Нуриддин Саидов андози коэффитсенти нохияви бояд чанд сомони ва чанд фоиз дар нохияи АЙНИ? 2. Коэффитсенти нохияви чи хел хисоб карда мешавад? Боки саломати хохонам!

Ҷонишини вазир: “Мара нопурсида запис кеестай”
Хохиш: аз хамин гуна ашхос бо хамрохии талабагони синфи 1 бо иштироки худатон як диктант кабул кунед, илтимос.

salomu alaikum janobi vazir khelo khushholam ki nazari khudro meguyam injo
1 , kai barnomai maktabhoi mo khubtaru behtar meshvand az baroion ki darshoikhelo kamand talabaho hamagi 2 soat e 3 soat tahsil mekunand ,dar digar davlatho kamash 6 soattahsil mekunand /va sathi donishi donishjuhoi mo khelo pastast to kai idoma mekunad agar haminkhel idoma ebad mo ba pesh ne ba kafo meravem Юсуф Рахмонов,

Салом мухтарам Вазири Маориф! Ман ба шумо чунин савол дорам. Чаро вакте шумо дар Донишгоххои мамлакат донишчуёнро ба озодандешиву тафаккури солим даъват мекунед, дар холе ки донишчуёнро аз хисоби " озодандешиашон" аз Донишгоххо хорич мекунед ? Магар ин адолатнок аст ? Ман "собик" донишчуйи Донишохи Миллии Точикистон будам. Аммо имсол маро аз хисоби оне ки бар зидди ноадолатихои баъзе шахсони " баландмакоми" хукумат макола кардам маро аз Донишгох хорич кардан.. Лутфан мегуфтед магар ин аз руи адолат аст ?

Коршинос
Ассалому алайкум вазири муҳтарам!
Аввал ин ки ному насаби шумо фоли неке медиҳад. Нур, Дин ва Сайид. Инҳо маъонии баландеро доро ҳастанд, ки боз дар доираи илм, ки худ он НУР аст мувофиқат мекунад.
Аз шумо як чизро талаб доштам, ки агар ин масъаларо пайгирӣ менамудед, барои ин миллат кори бузургеро анҷом медодед, дар баробари он корҳое ки то имрӯз карда истодаед. Муаллими тоҷикро бояд наҷот дод. Муаллим ва парваришгар вазифа ва мақоми худро аз даст додаасст. Муаллим бояд соҳиби иззат ва обурӯи баланд бошад. Вале имрӯз аз директорҳои мактабҳо сар карда бечораҳо ҳама мисли талбанда шудаанд. Оё талбанда эҳтиром дорад? Оё талбанда метавонад роҳбар ва роҳнамо шавад? Нагузоред, ки муалиимон мунтазири як сомону ду сомони талаба бошанд. Эҳтироми устодани давраи пеш аз истиқлол то ҳоло дар дили мо ҳаст, гарчанде умри мо ба 50-60 ҳам расида бошад. Вале кудаки синфи як 6-7 сола муаллиро медонад, ки мунтазири як сомони ӯ ҳаст. Хонадонҳое мебошанд, ки наметавонанд талаботи талбандаҳои мактабро иҷро кунанд, обрӯи хонавода, талаба, падару модар ҳам ба ин сабаб паст карда мешавд.
Дигар ин ки чандин бор талабаҳоро месанҷам, ки чӣ дарсҳо мехонед, талабҳои мактабҳои шаҳри Душанберо, аз он китобашонро гирифта суолашон медиҳам, Вале суолро намефаҳманд, мегуянд муаллим ё муаллима гуфт бинависед, фақат агар дарс кунанд менависанд, вале намефаҳманд, ки дар китоб чӣ ҳаст. Акнун сол тамом мешавад ягон мавзӯъеро аз ягон китобашон ҷавоб дода наметавонанд. Аз синф ба синф мегузаранд. Пул талаб кардани муаллимон талабаҳоро ба ин ҳол расонидааст.

Cалом мухтарам Нуриддин Саидов!
Ман мехостам ба се суоли худ чавоб гирам, агар имконият бошад:

Мехостам пурсам, ки мувофики маълумотхои расми дар хоричи кишвар чи кадар толибилмони точик пайи илмомузи хастанд?

Аз чамъи ин теъдод чанд тан толибилмон дар Русия тахсил мегиранду чанд тани дигар дар ИМА?

Аз ин чамъи ин микдор чи кадараш дар Русия тахсил мекунанду чанд теъдоди дигараш дар ИМА?

Оё нафаре, ки аз хисоби бучети давлати Точикистон дар Русия тахсил мекунаду дар ин давра шахрвандии ин кишварро мегирад, дар ин сурат аз маблагхои пардохтнамудаи давлати Точикистон махрум мешавад ё не?(Дар холе, ки ду табаияти миёни шахрвандони Точикистону Русия ичозат аст)

Мухтарам Вазири маориф.
Имрузхо дар системаи маориф новобаста аз мушкилоти ичтимоию иктисоди ислохот дида мешавад. Махсусан, дар зинаи тахсилоти олии кишвар. Бо ташкил намудани Маркази миллии тести пеш аз хама хамаи он конунвайронкунихои комиссияи кабули донишгоху донишкадахо аз байн мераванд, довталабон имконият доранд то 10 ихтисосро интихоб намоянд ва хоказо. Саволи ман чунин аст, ки ба кори Марказ оё Вазири маориф дахолат карда метавонад? Чунки, имрузхо такдири одамон бо занги телефон хал шуда истодааст ва рузе нашаваду Вазири маориф да директори бечораи Марказ занг задану фалониро дохил кун нагуяд.

Салом мухтарам вазир умедворам, ки пешрафте, ки ДМТ дошт шумо онро дар дигар Донишгоххо рохандози менамоед. Мехостам ба ин суол чавод дихед, ки чаро дар Донишгохи плитехникии Точикистон донишчуёни соли аввал дар вакти дарс сарсону хайрон мегарданд. Зеро тибки накшаи таълими дарсхояшон ба чадвал гузошта шуда ки баъзан соати 8 меравнд боз соати 12 дар мехонад. Рузи дигар соати 13 00 мераванду соати 15 чавоб мешаванд. Хамин тавр ихтисоси меъмори дар дин Донишгох ягон рузи дурурсти дарс мехондаги надорад яъне соати дарси дар назар дошта шудааст. Пас чаро масъулони донишгох ба хотири 50 дакика ин катар доничуро овара мекунанд. Ба фикратон бояд танзим бошад ё на?

Нуридин саидович 2 фарзанди ман дар мактаби №30 нохияи Фирдавси ш Душанбе мехонанд рузе нест ки онхоро муалима ва директори мактаб барои овардани маблаг мачбур накунад .хар мох аз хар талаба ба маблаги 20 сомони барои дарсхои иловаги ки наход дарси иловаги мачбури барои хама бошад ки шартномаро мачбур равон мекунанд ки мо имзо кунем ва ба фикрам дарсхои иловаги он фанхое ки дар чадвали дарси хаст он буда наметавонад.ба гайр аз ин холо боз 30 сомони барои ремонти мактаб баро хар як хонанда талаб карда истоданд барои мухофизатчи 2 сом барои фарош 1 сомон ва дигару дигар ё шояад як маблаги муайан кунед ба мисли нархнома ки то харуз фарзандонамон хангоми аз дар даромадани хона аз мо пул напурсанд.Хохиш мандам аз болои чунин пулчамкунихо назорат баред чунки базе падару модарон худашон маблаги ночизе мегиранд вадар як оила4-5 фарзанди мактабхон доранд ,Чавоби шуморо интизорам.

Мухтарам Вазир!
Писари банда дар лицей-интернати президентии наздикии Автовокзали шахри Душанбе тахсил мекунад. Имруз аз мо рохбарияти мактаб барои таъмири бинои тахсилгох пул чамъ карда истодаанд. Оё ин дар доираи конун аст? Маблаге, ки мо барои тахсил месупорем 4000 сомониро ташкил медихад. Ин маблаг ба кучо харч мешавад?
Бинои мактабро чаро аз хисоби мо-волидайн таъмир кардан мехоханд? Пас Вазифаи вазорати маориф аз чи иборат бошад? Ин тавр бошад мо худ хама масъулиятро бу душ гирем? Вазифаи Шумо аз чи иборат аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)