Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир барои Фархунда: "...ватандор агар бандит аст"

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Бозор Собир дар шеъри наваш, ки бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, Афғонистонро маҳбаси зан хонда, афзудааст, агар мусалмонии Афғонистон ин бошад, ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт, кам аст.

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Ахсан ба устод Бозор Собир, ки барои Фархунда шеъри пурмазмуне эчод кардааст. Ман худ ин шеърро хонда гирям омад.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.
дуруст кайд кардед устод. хар шахси ватандор бояд хифзкунандаи ватани хеш бошад.

Баъд аз вахшиёна кушта шудани Фархунда аз тарафи ашхоси ба ном мусалмон ягона шоире, ки дар васфи Фархунда шеъре навиштааст ва бо ин рох дарду алам ва берахмии мусулмонро исбот кардааст ин шоири маъруфи точик устод Бозор Собир мебошад.

чаро ба гайр аз Бозор Собир касе дар бораи кушта шудани Фархунда чизе намегуяд. Ин далери ва часорати устодро нишон медихад.

Бародарон атрофи ин масъала мехохам чанде сухан гуям. Рости вакте, ки наворхои катли Фархундаро тарики оинаи нилгун ва шабакахои интернети нигох мекардам, ба аклам рост намеомад. Фикр мекардам ин ягон филми хунари мебошад. Наход мо мусалмонон ба чунин берахмихо ноил бошем пас фаркият байни мо мусалмонон аз дини гайр дар чист? Чуноне, ки ман фахмидаам Ислом рахмтарин дини дунё мебшед. Саволест, ки мебояд атрофи он ба фикр фуру рафт. Суханхои Шуморо хонда дар таачуб афтодам чаро устод ин чо болои як казияе сухан гуфтааст, дигарон бошад он казияро канор гузошта аз устодро танкид карда истодаанд. Вале фахмидам, ки дар хакикат Шумо на аз Ислом бохабареду на аз дунё. Агар мард мебудед дар васфи хохари хазорони мову шумо Фархундахонум сухан мегуфтеду котилони уро махкум мекардед.

шеъри Бозор Собирро хондам ва хулоса баровардам, ки чинси зан дар давлатхои мусулмони кадр надоштааст. Шукронаи Точикистон мекунем, ки мардон ва занон озод хастанд.

Бозор Собир ягона шоире мебошад, ки дар васфи Ватан, Модар, Миллату давлат шеър эчод мекунад.

Бозор Собир аз он шоиронест, ки чи гапе дошта бошад дар руйи инсон мегуяд ва пасаш гайбат намекунад. Ин шеъре, ки ба Фархунда бахшидааст руйирост барои мардуми мусалмони афгоне, ки дар катли Фархунда даст доштанд гуфта шудааст.

Шеъре, ки Бозор Собир навиштааст пурмантик ва пурмазмун мебошад. Бевосита чинси латифро чунон азоб додаанд, ки хайвон ин корро карданашро аклаш намегирад.

Агар дар давлате, ки исломист чунин рафтори вахщиёна нисбат ба зан модар мекунанд дар дигар давлатхо чигуна рафтор мекарда бошанд.
Устод Бозор Собир аз вахшигарии ин мардуми мусалмон гуфтааст.
Ахсан ба Шумо устод.

Устод дар ин шераш берахми нисбат ба занро гуфтааст. Офарин устод Бозор Собир шери хуб навиштаед.

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Устоl дар ин мисрахояш аз беадолати ва берахми нисбат ба занро гуфтааст.

Офарини ту шоири шамшерсухан ки ин ноадолати ва ноодамии мардуми хунчуро руи об оварди то ки хама фахманд ки чи холат аст ва чи интизори хаст дар набарди вахшиёни хунху ки аз паи шунидахои носанчида даст ба аъмоли вахшиёна мезанад ва худро чун аз Оллох воло дониста бандаи мусулмонро ба таври гайриисломи ва гайриинсони ба катл мерасонанд. Ин мардуми бефархангро бояд таъна зани то ки фахманд ки дунё ва инсоният моли у нест ва хамаи мо бо хости Оллох ба ин дунё омадаем ва бо хости Оллох бояд зиндагони намоем, чун муайян аст ки хар бандаеро ки Худованд меофарад уро бо таърихи хаёт меофарад то ки бо он зиндагонинамояд ва нафароне ки худро волотапр аз Худованд медонад худ гайри ислмо буда максади коста гардонидани дини мубини Ислом мебошанд ва онхо бо супориши хочагони гайриисломии худ рафтор менамоян ва максадхои хочагони худро доир ба беобру намудан ва бо тарзи вахшиёна нишон додани дини ислом равона гардонида шудааст, ичро менамоянд. Магар ислом набуд ки бори аввал аз хама динхои чахони хукуки комили занро дифоъ намуд ва шаъну шарафи занро воло намуд. Имруз ки чунин гайримусулмонхо худро мусулмон муаррифи намуда даст ба харакатхои паст задани нуфузи дини бузургтарини чахон - дини Ислом мезананд ин нобахшиданист.
Шоиро курбони суханони бузургу танинандози ту хасам ва менхохам дар ин раванд боз хам пургурур бош ва муборизаи беамони худро нисбат ба ингуна гайримусулмонхо пурзур намо то ки хамаи мусулмонхои асил ки дар дил хуни гарм доранду маърифату одоби баланд аз ингуна рафторхои гайримусулмони эмин бошанд.
Аз даргохи Яздони пок бароят дар ин кори пурмашаккат, вале пурифтихор фатхи куллахои нав ба навро орзумандам.

Устод дар ин шеъраш аз берахмии мардуми мусалмон нисбат ба занро гуфтааст.

Шоди
Дар бораи модераторони Озодагон рузи Киёмат аз шумо пурсон мешавам ин ша Аллох чаро кинавиштаи каблии маро нагузоштед. Дар бораи бозорпарастон гуфтаниам, оё бароятон кофи нест ки ин кепкаи ленинро аз Исмоили Сомонои Шохи Точикон боло медонад ва бар замми ин як вактои дар Эрон панохгох чуё шуд пас аз Москва рафтанаш ва аз ончо дума хода карда амрико рафт... хуб мегуед кори шахсии у бошад... пас чаро ба имони мардуми мусалмон нохун езанад бо ибрози шеърхои тафрикаандозаш, шоир бояд мояи вахдат бошад на нафрат. ХАБИБУЛЛОХРО ин писанд намекунад оё медонеед? Хамоно кепкаи пираш ленинро аз ин пешвои Дини мубин боло медонад оё медонед? Пас медонеду дусташ медоред ин пас бидонед, рузи махшар бо у хашр мегардед? Ё инро низ инкор мекунед? Ин дигар хадиси муборак аст, ки мутмаинам огох хастед. Бошад агар атеистед мисли ин худро адолат парвар шуморед пас чаро дар баробари ин кадар чавонони моро сар мебуранд дар гариби, модари точик зоор зоор мегиряд у хомуши пеша кард барои ким кадом , ки уро хич кас нагуфтааст нависад, навишт? Илохо аз чумлаи "анъамта ъалайхим" бошед. Салом алейкум ва Рахматуллоху ва Баракотуху бар муъминону мусалмонон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)