Бахшҳо

Эшони Нуриддин сатрро фарзу ранги сиёҳро савоб хонд

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо дар пайи дастуру супоришҳо алайҳи “бегонапарастӣ” миёни занон дар Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, таъкид кардааст, ки ҳиҷоб ва сатр моли ягон миллат набуда, моли Ислом ва фаризаи илоҳӣ аст.

Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли Одил, яке аз корбарони торнамои Тurajon.org изҳор доштааст, ки аз ин руҳонӣ пурсидааст: “Оё либоси сиёҳ сатр ҳисоб мешавад ва чӣ гуна рангҳо барои либоси сатр дуруст аст, чун ҳоло сатрро либоси бегона гуфта, бо сатрпӯшҳо мубориза мебаранд?”

Эшони Нуриддин дар мавриди ранги ҳиҷоб изҳор доштааст, ки дини Ислом як навъ рангро ҳатмӣ накардааст, вале дар мазҳаби ҳанафия пӯшидани ҳиҷоби сиёҳ савоб аст: “Дар мавриди ранги сиёҳ дар Фатвои ҳиндия ҷ 5 саҳ 330,, яке аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ, ки мо мардуми Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб ҳастем, чунин омадааст: Пӯшидани ранги сиёҳ мустаҳабб аст. Дар аҳодиси саҳеҳ низ ворид шудааст, ки занҳои саҳоба ҳиҷоби сиёҳ доштанд. Ҳазрати Умми Салама мегӯяд: Вақте ояти ҳиҷоб нозил шуд, занҳои ансор бо либоси сиёҳ аз хонаҳояшон мебаромаданд. (ривояти Абудовуд).”

Ба қавли Эшони Нуриддин, либоси исломии занон баъзе шарту меъёр дорад, ки бояд онҳо риоя шаванд. Ӯ мегӯяд, ҳиҷоб бояд ба ҷуз руй ва ду кафи дастон, тамоми бадани занро пӯшонаду тангу тунук ё рангҳои назарҷалбкунанда надошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки миёни мардум бештар либосҳои миллиро тарғиб кунанд: “Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
ин гуна фарзхоро ки фикр карда навиштааст инхо дар ягон сураи курьон омадаги нестанд ку ба либоси сиеху хичобу ришхои дароз бигардед?!

Мухтарам Домулло, каме аз рузхои гузашта ёд кунед, ки чи абри сиёхе дар осмони Точикистон аз соли 1991-92 аз тарафи баъзе бо ном мусалмонони точик, ки бо рохи зуровари дар майдонхо менишастан мардумро барои адолату ислом даъват мекардан. Хол он ки кулли халки точик мусалмонанд.
Бо кадами неки рохбари имрузаи мо китоби мукаддаси Quron пурра ба чоп расид. Акнун мардуми Точикистон эхтиеч ба муллову халифахои курсавод. Ман шахсан 3 маротиба Quron-ро 3 маротиба хондам.Мухаммад Икболи Лохури баъди сафархои худ ба Европа ва сохиб шудан бо унвони баланди доктори илмхои фалсафа ба Покистон бармегардад ва чунин гуфтааст.

Илми башар дар фалк бол мезанад,
Дар хокбозиянд хануз кудакони мо.

АЗ ин ру хуб мешуд чавонони моро ба илму хунар ташфикот мекардед на ба пушидани сару либоси бегона. Миллати точик аз кадимулайён, миллати бо фарханг ва тамаддуни бой дошт. Мо точикон эхтиёч ба арабу ба дигарон надорем. Точикистон давлати сохибистиклол, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона буда дигар сохтор ба мо лозим нест.
Саломат бошед Эшон!!

Бародар
Эшон агар дар бораи асли мо яъне точикон то ислом маълумот медоданд хуб мешуд махсусан занхо озодагон хохиш пешниход намоед мо хонандаи шумоем

Ин муллохои мо дигар кор надоранд аз минбари баланд шишта дар атрофашон якчанд мурид чамъ карда, ба мардум амри маъруф мекунанд аммо худашон ба чи корхои ифлос машгуланд.

Привет, сиёҳӣ! Ту аввал номатро ошкоро навис! Бадбахт!!!

Сухан дар бораи сатри занҳо меравад дар ин мақола. Ту, ба фикрам, боз кӯр ҳам ҳастӣ! Аввал як бор мақоларо хон! Баъд, як ё ду соат ба даруни дилат маънои онро бифаҳм! Калимаҳои барои худат нофаҳморо дар дафтар бинавис! Ҳадди ақал, аз ягон одами босаводи кӯчаатон пурс, ки агар ман ҳамин хел ҷавоб нависам ба ҳамин мақола, дуруст аст ё не.

Душмани доно аз дӯсти нодон беҳтар аст.

Ман намедонам, ки ту дӯстӣ ё душман. Лекин, ҳаминро пай бурдам, ки пур бесаводӣ. Ҳайфи умрат!!!

QuDbUdInJoN
Асалому алайкум ва рахматуллохи ва баракоту ХУДОВАНДИ БУЗУРГ хамеша шуморо ешони НУРДИНЧОН дар панохаш нигох бидорад ва умри дарозу пурбаракатат дихад...Танхо шумо гапи хакро мезанед

шодварз
акмал
аз худои таоло битарсед нисбати фаризаи илохи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)