Бахшҳо

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал
Мӯҳр
Саттод
Чаро,ки дар баробари мукобили сатр гапзадан як бор намегуед, ки либоси аврупои моли мо нест ва инро напушед?! Чаро намегуед, ки аврупоихо мисли шумо урён намегарданд?!

Ин хама як намоиши сохтааст.Хадаф ин аст,ки номи исломро бад карда тарафдоронашро низ кам кунад.Ва мехоханд хизби ХНИТ ро ки тарафдорони хеле зиеддорад бадномкунанд ва бо зуровари аз байн бубарад.

Худо хидоят кунад чанат барои Шумо харом аст

Кулоббии мусулмон
786
Салом мусулмонон. Ма савол дорам аз И.Сомони ва А.Рудаки.
Чаноби И.Сомони либоси занони шумо чигуна бд? Аз кадом кишвари чахон таклид ва пайрави мекардан модарон занон ва духтаронато? То хукумати мо инро хам аз шумо пайрави ва таклид кунад на инки ба номи шумо ва пайрави аз яхуду насоро амриков ва аврупо.....
Чаноби А.Рудаки сардафтари адабиё ва фархангу миллат точчикон! Ин саволро шумо хам чавоб дихед ки оё модарону занони шумо аз ки пайрави мекарданд аз дини мубини Ислом ё фарханги яхуду насоро?
Аз раиси мазхаби Ханафи ки рахбарони мо эътикод доран ки дар мазхаби у хастан ва сарсупоридаи фврмонхои мазхабию динияш, ин савол чавобаш додашудааст касоне ки ёдашон рафтааст ё намедонан назариёти уро дар мавриди сатру хичоб, раванд хонанд мархамат чаро шакку тардид доранд ва мекунанд. Чаро рахбарияти кишвари мо аз муллохои бесаводу бехирад мепусаед худошон раванд хонанд.

Кулоббии
Рафик Алик.
Номи давлатамонро чи кор кунем?
А.Рудакиро сардафтари адабиёту фархаги точик чикораш кунем?
Саъдию Фирдавсию Мавлави сохиби маснави ва .............. хоро хам хатман инкор кардан даркор мешавад.
Дакикан бген ба кучо ва ба кадом соли таърихи точик баргардем хазрат?

Озод
Сатр либоси араби аст ва онро салафиён, ки арабпарасти гузаро мебошанд таблиг мекунанд. Либоси мукарарии точики аз хамон сатр садхо бор бехтар аст. Эътикот дар дил аст на дар сатр.

Subh ba khair khonandagoni giromi, in bisyor yak mavzui nozuk hast ki qarib 90% satrpushoni bo nomusro shumo zeri fishori ideologiyai kurkuronai khud meguzored. Charo ba khotiri 3 fohisha shumo nomi mavsui khudro "FOhishahoi Satrpush" nomguzorikarded? Charo fohishahoi niyozmand, fohisha az bekori, fash az besavodi va pastravii jomeai Tojikiston ne??? Charo mushkilotro hamatarafa zeri omuzish qaror namedihed va sarsari hamachiro umumikarda va ba nafsi digaron tasir merasoned? Agar sattro man kardani boshed rohi "aqlro" pesha gired na "sitam"! Boyad tamaomi intelegentsiyai tojik ki dar radiou, maqola va chunin joiho kor mekunand talim doda shavand to odobi navishtanro az khud kunand!
Tahsakur!

Саломун алейкум. Ман аз кормандони Вазорати умури дохилии кишвар хохиши онро дорам ки руи ингуна занхоро напушонанд чунки мардум донад ки инхо фоиша хастанд. вахте мо руи онхоро мепушонем бад аз чарима кардану аз чазо озод шудан инхо ин корро боз идома хохан дод. Барои хамин хуб мешуд чашму руи онхоро намепушидед.

Аввалан қабл аз оғози сухан саломи худро ба тамоми мардуми тоҷик мерасонам, рости гап ин навиштаҳоро ман хонда бисёр дар ҳайрат мондам ки чаро мардуми мо имрӯзҳо хубиҳои дини мубини исломро намебининд ва то ҳади имкон он хубиҳоро бад ҷилва медиҳанд он шахсоне,ки воқеъан агар бихоҳанд зани тоҷик бо иффат бошад чунин наворҳоро дар шабакаҳо низ пахш намекарданд.Аз тарафи дигар бошад масъали сатр ва ҳаё ва покдомани агар шумо ҷаҳони исломро бо милионҳо олимонаш варақ бизанед дар бораи сатр ба таври комил байён шудааст ва тамоми ашъори муосир ва класикро назар кунед дар бораи сатр навишта шудааст чунонеки шоир мегуяд
Ҳайё дорад ки бояд одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди бе ҳайё бод.
Ононе,ки либоси сатрро мепушанду боз рафта ба корҳои ношоиста даст мезананд ин маънои онро надорад, мо гуем ки ислом чунин ё мусалмонон чунин ҳастанд дигар ин ки ҳиҷоб ин моли ягон давлату миллат нест ин моли мардуми мусалмон аст ман албатта расму оинии миллии ягон давлатро таҳқик кардани нестам вақт мехоҳам иброз намоям,ки ҳиҷоб ин як варзи Худовани ва либоси мардуми мусалмон аст аллбата ман бо камоли эҳтиром аз модарон ва хоҳарони азизам хоҳиш доштам чунин корҳои ғайри шаръиро накунанд ва боиси озори дигарону худашон нашаванд. Бузургтарин хизмат дар ҳаққи занон ва модарон ин ислом кард агар ба даврони қабл аз ислом назар кунем дар ҳаққи занҳо чи қадар зулмҳо мешуд духтаронро зинда ба гур мекарданд фуқарову мустадафин поймол мешуданд дар охир аз Худованди мутаъол илтиҷо дорам ки барои мардуми мусалмон пеш аз ҳама имони бо амал ва саломатии бардавом ва обру нуфуз дар дунёву охират насибу рузи кардонад ОМИН...

хонанда
Домулло Норасоев! Шумо таърихи 70-солаи Шуравиро бо таърихи 1400 солаи ислом ба кавли маъруф перепут накунед ва ба он давраи кутохи таърихи афзалият надихед, аз таърихи амирони мангит, яъне Аморати Бухоро ба пеш нигаред, ки занони точик чи гуна либос мепушиданд. Худои таоло рост гуфтанро дуст дорад ва бад-ин васила ростгуёнро.

Махина ж
Биеед баргардем ба асли хеш Чон апаю хохарон биеед дигар шим напушем баъзан пойхоямо чу дугча менамояду баъзан

чавоб ба озодагон
Дар дуздии маводи дигар расона муттахамат кардам, чоп накарди.
Акалан у тарафи матолиба чоп кн охи. Дар дахаи мурда калима меандозену тамошо мекунен. Барои чи якбор худатон ранги хамин мардум хулосаи худатона дар охир наменависен......? Максад чи аст? аз сатрро танкид кардан?

Ами калимаи иффата якум бор мебинам. Китобх,ои точ,ики зиёд хондаам вале х,еч, во нахурдам. Калимаи форси бошад?

комил
дар хиндустон чандин будои ИСЛОМРО пазируфтаст вале дар мо бошад такиди сатру дигару дигар сатр аз араб нест аз ислом хаст ислом барои тамоми дунё

Вакте,ки сухан дар бораи либоси бегона меравад хаминро гуфтан ба маврид аст, ки чи мард ва чи зан, бояд харакат кунем,ки ба либоси миллии худамон баргардем. Аз сабаби он,ки аксарияти мардуми Точикистон мусулмонанд ба тарроххон супориш дода шавад ,ки либоси миллиро ба замона ва ба исломи азиз наздик карда, ба намоиш гузоранд. Харгох ба сатр хамчун моли араб ва либоси бегона назар мекунем, набояд фаромуш кунем,ки либоси аврупои низ барои мо нафакат бегона, балки аз ислом бисер дур аст. Аз ин ру, мо бояд хос либоси милии худро ташфику таргиб кунем. Агар шахсони мансабдор ин икдомро пеша мекарданд, либоси милли мавкеи хешро зудтар дар чомеаи точикон пайдо мекард. Ба як ибора, ман чонибдори либоси сирф милли хастам, ки хам ба хуввияти милли ва хам ба талаботи дини мубини ислом чавобгуст. Боки саломат бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)