Бахшҳо

Паёми “шогирдона”-е ба домулло Ҳикматулло

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Вақтҳои ахир мардуми кишвар тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо бештар мавзӯъҳои мазҳабиро ба баррасӣ мегиранд. Новобаста ба он ки таълимоти динӣ гирифтаанд ё на, аз донишҳои исломиву дунявӣ бохабаранд ё хайр атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезанад, баҳс мекунад, назару андеша пешниҳод менамоянд. Эҳсос мешавад, ки бештари онҳо аз таърихи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ чизе намедонанд. Онҳо ҳатто боре таҳлилу баррасӣ накардаанд, ки ҳизби исломӣ яъне чӣ? Оё Ислом бо давлату иқтисод ё ҷомеаи иҷтимоӣ сару кор мегирад ё на? Мусалмонҳо тули таърих чӣ давлатдорие доштанд ва дар кадом шакл? Қуръону ҳадис, фиқу мазҳаб, мантиқу калом, иҷтиҳоду фатвои олимони Ислом дар ин маврид чист? Як мусалмон дар шароити феълӣ зиндагиву муомилаи хонаводагӣ ва ширкат дар сиёсату идораи давлатро чӣ гуна бояд амалӣ намояд? Хуллас, ин саволҳоеанд, ки дар мулоқоту баҳсҳо аслан пурсида намешавад ва ҳеҷ мусалмону мусалмонзодае ба он кор надорад.

Ахиран имомхатибону домулоҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар суҳбат аз бардоштани калимаи ноби Ислом аз Ҳизби наҳзат сухан меронанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳизб аз номи Ислом манфиатҳои худро пиёда мекунад. Ба ин нукта ҳам зиёд ишора мешавад, ки Ислом ба ҳизб ниёз надошта ва ҳатто нафаре гуфт, ки “паёмбар билети ҳизбӣ надошт”.
Ин ҳама раду бадалҳо гирди номи Ҳизби наҳзат бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад ва гумон аст, суръати он ба ин наздикиҳо коҳиш ёбад.

Ман аъзои ҳеч ҳизбе нестам, ба вижа ҲНИТ. Аммо як чиз бароям норушан аст, ки чаро имому имомчаҳо, ки вазифаи аслияшон даъвати мардум ба Исломи ноб аст, аз ин калима дар ҳизб хушашон намеояд? Чаро имрӯз дар ҷомеае, ки 99 дар сади он мусалмон асту дар кишвари дунявӣ ба сар мебаранд доштани ҳизби исломӣ лозим набудааст? Аҷобат ин аст, ки чаро онҳо танҳо имсол ва дар арафаи интихоботи президентӣ ин пешниҳодҳоро мекунанд. ҲНИТ, ки имсол таъсис наёфтааст. Чаро онҳо чанд соли қабл нагуфтанд, ки бояд калимаи ноби Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Аҷаб мусалмониву аҷаб диндорӣ!

Бо навиштани ин матлаб намехоҳам вориди идеологиясозии носолим, ки охиран ҷомеаи моро ба як бунбаст ва номуаянӣ мебарад, шавам. Аммо вақте андешаи Домулло Ҳикматулло, яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар тариқи матбуот расонаӣ шуд, дар тааҷуб афтодам. Суолҳои зиёде зеҳнамро машғул кард. Ҳамчун як фарди мусалмон натавонистам ин андешаҳоро нодида бигирам. Дар навбати худ чанд назару суоле ҳам дорам, ки мехоҳам пешниҳоди домуллои “муҳтарам” гардонам. Домулло зимни маъракаи хайрияве 17-уми август дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки калимаи «Ислом» аз номи ҳизби наҳзат гирифта шавад. Ҷои тааҷуб аст, ки як фарди «саропо» исломӣ аз будани номи Ислом дар ҳизбе нигарон асту пешниҳоди бардоштани онро дорад.

Домуллои «азиз» ману Шумо ва 99 дар сад мардуми мусалмон дар кишвари дунявӣ зиндагӣ дорем. Дар ин кишвар Ҳизби халқии демократии, Ҳизби комунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демокартӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ғайра фаъолият доранд, чаро мо бояд як ҳизби исломӣ надошта бошем? Шумо аз номи Ислом ё ҳизби исломӣ чӣ бадие дидаед? Оё Қуръону ҳадис фиқу иҷтиҳод мухолифи ҳизб аст? Оё Худованди бузург дар Қуръони азимушшан дар бораи ҳизб чизе нагуфтааст? Мешавад, ки тамоми он ояҳоеро, ки дар бораи ҳизби Худо дар онҳо сухан меравад аз Қуръон бардошт? Оё мешавад тамоми давлатдории Пайёмбари бузурги Ислом (с), хулафои рошиддин, саҳобагон ва онҳоеро, ки то асри бист ва имрӯз давлатдории исломӣ доштанду доранд нодида гирифт ё инкор кард?

Ҷаноби домулло Ҳикматулло! Ману Шумо нағз медонем, ки Ислом танҳо ришу саллаву ҷелак ё дуохониву худоихурӣ нест. Ислом низом, иқтисод, иҷтимоъ, ахлоқу маънавиёт ва сиёсату давлат дошту дорад ва ин роҳашро бидуни ману Шумо идома хоҳад дод. Шумо инро ҳам нағз медонед, ки замоне аз ҳамаи ин пурсида мешавем. Ҳамон паёмбаре, ки имрӯз Шумо аз номи шарифаш мардумро даъват мекунед, замоне барои умматонаш муборизаи сиёсӣ ва ҳақталошӣ карда буд. Чӣ гуна мешавад тамоми муборизаҳоеро, ки тули таърих уммати Ислом барои бунёди давлати исломӣ кашиданд имрӯз нодида гирифт ва инкор кард?

“Муҳтарам” домулло! Агар намедонед, пас бидонед, ки имрӯз дигар замони муборизаҳои шамшеру силоҳ нест. Ҳоло танҳо бо доштани ҳизбу созмонҳои исломӣ мешавад аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кард. Ислом ҳеч гоҳ мухолифи ҳизб ё бисёрҳизбӣ нест. Дуруст аст, ки Ислом ҳамчун дини илоҳӣ ва комилу ҳақ ниёзе ба ҳизб надорад, аммо мусалмонҳо сад дар сад ба як ҳизби исломӣ ниёзманданд. Имрӯз хатибу домуллоҳо бо як овоз “Ислом ҳизб надорад” мегӯянд. Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо рӯзе мазҳаб лозим нест намегӯянд? Билохира замоне Исломро дини арабу аҷнабӣ намехонанд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон лозим нест? Домуллои «мӯҳтарам», он рӯз, кӣ ин ҳама масъулиятро бар душ мегирад?

Агар ин ҳама сару садоҳо маъракаҳои зидди ҲНИТ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ё чанд рушанфикру шахсиятҳо бошад, бояд бидонем, ки онҳо баъди созишномаи сулҳ канори мо оромона зиндагӣ доштаанд. На ҲНИТ ва на Тураҷонзодаҳо пас аз истиқрори сулҳ барои ноором сохтани кишвар коре накардаанд. Гуруҳу ҳаракатҳо таъсис надодаанд ва амали ғайриқонуние анҷом надодаанд. Баръакс, ҳамеша аз ҳақ ва ҳуқуқи мусалмонҳо ва ҳамватанонашон бо риояи қонун дифоъ мекунанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро Шумо домуллои «муҳтарам» ва ҳамсафонатон имрӯз алайҳи ин ҳизб баромад доред? Чӣ боис гашта, ки бо исрор талаб намоед, то калимаи Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Агар ин ҳама ба хотири нуфуз ва обрӯи рӯзафзуни ин ҳизб миёни мардум бошад, пас гуноҳи азим аст, ки мусалмон обрӯи мусалмони дигаро нахоҳад ва ба хотири кадом як манфиати шахсӣ номи Исломро зери суол барад.

Домуллои «муҳтарам», имрӯз гуруҳе аз мусалмонҳо бо ташкили ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ мехоҳанд тамоми муомилот, кору фаъолиятро тибқи фармудаи Худову паёмбарашон ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд зану духтарашон бо риояи ҳиҷоби шаръӣ таълим гиранду кору зиндагӣ намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон то синни ҳаждаҳ низ тавонанд озодона вориди масҷид шаванду илми Қуръон биомӯзанд. Онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо ҳақиру нотавон набошанд. Онҳо шикасту бечорагӣ ва нодории мардуми мусалмонро намехоҳанд. Бо ташкил кардани ҳизби исломӣ мехоҳанд бо риояи қавонини кишвар роҳашонро пеш баранд.

Агар ба ману Шумо домуллои «муҳтарам» ин ҳама писанд нест ҳамчун «мусалмон» набояд бигӯем, ки Ислом ҳизб надорад ё номи Исломро бардоред. Зеро ин гуна фатво дар ҷомеа метавонад фитнаро ба вуҷуд биорад, ҷомеаро ноором созад. Чаро ки ин гуна фатво хилофи Қуръону суннат ва иҷмоъи уммат буда, ҳеч гуна асоси исломӣ надорад. Дар мавриди ҳама гуфтаҳоям инҷо далелҳо фаровонанд (ояву ҳадису фатвои мазҳаби ҳанафӣ), аммо нахостам он ҳама ояту ҳадисро инҷо биёрам, чаро ки шумо домуло муйҳоятонро дар ин роҳ сафед карда ва аз ман беҳтар медонед.

Дар охир мехоҳам ба Шумо як паёмаки «шогирдона» бифиристам.
“Муҳтарам” домулло Ҳикматулло! Биёед ману Шумо агар мусалмонем аз исломгаро будан ифтихор дошта бошем. Ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ бароямон ифтихор бошад на нафратовар. Аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кунем. Агар ману Шумо узви ин ҳизб нестем ва дар сиёсати исломӣ хидмате ба ҷомеаҳои исломӣ карда наметавонем, пас сади роҳи дигарон, ки қалби огоҳу ақидаи солим доранд, нашавем.

Биёед бародари мусалмонамонро бо чашми ҳирс ва нафрат нигоҳ накунем. Биёед ба мардум исломбезориро номӯзем. Биёед пешрафт ва обрӯи ҳамдигарро таҳаммул карданро ёд бигирем. Биёед фаризаҳои исломиро риоя кунем. Биёед сабаби фитнаву тафриқа миёни мусалмонҳо нагардем. Биёед аз итоати махлуқ даст кашему холиқи ягонаро итоат кунем!

Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо Далер ШАРИПОВ

Мӯҳр
Garmi
мухтарам далер шарипов ту дига кор надориб, наход ки инхели гап зани, аку ту худата аз хазрати Домулло донотар гирифтании чииииб?????

Абдурахмон
Офарин бародар Далер. Хуб мешуд, ки хамон далелхои гуфтагиатро меоварди .

HAKKHOH
dar hakikat Hizb in fitna dar baini musulmonon shudast dar kujoeki bini kushtor janjol dar bainashon inash hizbi man hak ast digarash hizbi man boz nomi islomro istifoda mekunan man haminkhel fikr mekunamki hama korgaroni hizbhoeki dar baini musukmonon ast korgaronashon yahudiho ast baroi shikastihi musulmonon digar rohe nest baroyashon fakat hamin dar NURI VA TURAJONZODA VA HIMATZODA ham shak daram dar imonu islomashon baroiki musulmononro yakshavi nameohan va ba islom badbini doran baroichi khondandu ba hak nagashtan boz dar khatoyashon davom doda raftan va to hol meshunavem az boki mondagonashon islom hizbast nainki jizeki ba MUHAMAD FIRISTODA SHUD

Далер "Шарипов"! Ту худ узбак хасти ва ё дастпарвардаи узбакхо???

Садкаи номи поки ин ХАЗРАТ шави, мегуян: Пишакро гуфтаанд, ки поруи ту доруст" Поруяшро таги хок намудааст... Ту боши аз худнамоиат чунин навишти ё...
Фикр накун, ки сухани ту рост аст зеро домулло чунин сухан нагуфт, агар сафсатагуиатро камтар мекардиву кам-кам телевизор тамошо мекарди медиди, ки кадом пири кор чунин гуфт, лекин касе гуфта бошад хам рост мегуяд... Аз Худо наметарси, ки дидаву дониста дар хакки ин Хазрат тухмат зади?
Ин сухани ту беасос аст, кани далел? кани исбот кун, ки У чунин гуфтааст!
Игвогари накуну бо далел гап зан.
"Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо" нею пастзании мусулмонхо менавишти... эй далери "БОСАВОД"
Як бор рафта зиёрат кун он Хазратро баъдан худат шарманда мешави, ки чаро чунин гуфтам... Худованд ба рохи рост хидоятат кунад.

курбонали
аз худо шарм доред бародарон. Исломро барои ишголи вазифа ва даромаду дузди аз моликияти давлат истифода набаред. Мухтарам домуллохои калтаришу бериши имруза солхои 91-200 70 сантиметр риш доштанд. сари мансаб омада ришора кайчи заданд. ба мо мегуфтанд кантовкаи пушти сар гунох аст худашон ришашонро кантовка карда меарданд. имруз биёед тарафдори муллохо неву хакикати исломро тарафдори кунем. Хукумати чумхури ягон хукуки исломиро ба мо мануъ нахондааст.
Ислом ба зоти ху надорад айбе,
Хар айб, ки хат дар мусулмонии мост.
магар 200-300 хазор аъзои хизби нахзати Ислом мулумонанду дигарон не?
рохбарони хизб аз номи Ислом истифода карда мансаб начуед, ки фардо назди худованд шарманда хохед шуд. боки саломат бошед!

offarin Daler man in makolaro khondam bisyor oli yak jahon tashakkur zinda boshi anahaminkhel javonho baroi tojikistin darkor javonhoi notars va daler

O t avval khudata praverka kn bad yakasi digara bgu.маруф,

додар
далер аввалан исломро аз таасуб ва хурофоту ифротгарои чудо бояд кард. хизбе шахсе гурухе тоифае хак надорад ки исломро як дини чахониро байраки муборизаи сиёсии шахсии худ гардонад. мани мусалмон намехохам ки дини маро чанд тани мухолифи хукумат ё давлат хох имруз хох фардо байраки сиёсии худ кунанд. аз ин 99 фоизи гуфтаат шояд 50 фойиз чонибдори давлату хукумуту раисичумхури имрузаанд. пас чаро гурухе номи дини маро зиди ин хукумат бояд истифода кунад. магар номи дигар кам аст. шояд бигуи дар афгону хинду поекистон чунин мекунанд бале. аммо ончо ислом гуфта оллоху акбар гуфта ё мухаммад гуфта масочид ва намозхононро инфичор карда хун мерезанд. мо низ бояд чунин кунем далербой? таклиди куркурона ба дарди мо намехурад..

Сомониён
Бо салом домлои муҳтарам шумо бо раҳбарони шаҳиди мо ҳам сабақ будед. Чӣ шуд,ки дар зулумот мондену онҳо ҷон бар каф барои сарбуланди ва саломати миллати мусалмони Тоҷикистон қиём карданд он ҳам дар режими С С С Р Таҳдид, фишор, зиндон, ҳиҷрат дар сахттарин шаройт, ҷиҳод, муқовимат, сулҳ( бо ҳукумати Елсин) бо гирифтани 30% аз ҳукумат ( ки ошиқи чашму абрӯи мусалмонон набуданд балки шикаст хурда буданд.........) ва дар охар нушидани шарбати шаҳодат бо сари баланд ва оқибат бахайри ба назди Худои худ рафтанд. Онон ризои Худо ро хостанд ва дар ёфтанд. Аммо шумо Домулои муҳтарам ризои ................... ..................

акрам
ИН табар мусалмонхо ба табари бар сарашон омада пайгамбару динашонро иваз мекунанд пайгамбари инхо хокими замон аст на РАСУЛИ ХУДО

Хуш ба холат Далер Шарифов!

Фаррух
Далер ако бисёр одами доно будаед шумо худатон хами гапхоро ки навистед сарфахм меравед.

Акои Далерчон шумо биёр одами боакл 99 дарсади Точикистон мусулмон мегуед пас нимчамуллохо мехохед, ки як фоизрохам нимча муллохо мусулмон кунаннд.

Салим
Ман хамин домуллоро нагз медонам. бисёр одамон ба инро пул дода дуо мегиранд.дар ислом дуо бе пул аст.дар нохияи вахш рохро банд мекунанду аз ин одам дуо мегиранд.дасташро буса мекунанд.бовар накунед дар ютуб навор хаст.хулоса инхо хаммааш мулохои дарборианд.

Салим,

Одамон на ба ин домулло балки ба кадом муллое, ки ихлос дошта бошанд худашон ихтиёран пул медиханд ту тарбияи падару модарро надидаи бафикрам...... НОБАКОР...

муслим
Ба номи худо ва арзи салом .ташаккур ба муассиси ин сомона ки хамаи мардумро огох менамояд,ки фалони ъолими вокеиву хакики мебошад мисли хочи мирзову хочи акбар ,мухиддин кабирию эшони нуридинчон ва инчунин огох менамояд ,ки фалони муллои дарборию беилму бетакво на парвои хидмат ба дин дораду ободии охират кору бораш хафту чилу

муслим
Ассалому алайкум бародарони мусалмон ! гамгин нашавед куръон мегуяд ,ки хизби худо голиб аст...Агар душманони ислом нахоханд хам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)