Бахшҳо
04 апр 2013 11:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Саволи Шумо ба НУРИДДИН САИДОВ

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба суоли хонандагон дар бораи вазъи маориф, илм ва мактабҳо посух бигӯяд. Ҷаноби Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст.

Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм мекунад. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад.

Вай то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
Салом Чаноби Вазири маориф, мухтарам Нуриддин Саидов. Мехостам ба суоле мурочиаът кунам. Донишчуе, ки туле 3-сол бо бахои 5 (аъло) тахсил мекунад. Имконияти курсхои 4-5-ро (4-ро рузона ва 5- ро гоибона) хонаду дар як сол хатм кунад ва сохиби диплом шавад? Чунки ин суол аз низомномаи Мактаби оли пайдо шуд. Дар охир ташаккур барои посух ва дар корхоятон барор мехохам.

Салим
Чаноби Вазир барои чи дар хамаи донишгохои мо ришвахури рввнак ёфтааст ва чи тавр пеши ин матлабро гирифтан лозим аст. Яъне бе пардохти "шапка" донишчу шудан дар донишгохо амри махол аст.

Салом Устод! Мехохам ба саволам чавоб гирам! Устод кормадони Вазорати Маориф ва шуъбаи маорифи нохияхо барои тафтиш ба мактабхои миёна мераванд маблаги рохкирои онхо ки пардохт мекунад, мактабхои миёна ё .......? Боки саломат бошед ба Шумо барори кор!

Амриддин Начмиддинов
Салом! Мухтарам Устод аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам ба саволхои ман чавоб дихед.1 Сохтмони мактаби миёнаи раками 20 нохияи Айни дехи Мадм кай ба сохтмонаш шуруъ мекунанд?2. Кадом ширкати сохтмони ба сохтани мактабхои миёна сару кор доранд? 3. Барои сохтмонхои мактбхои миёнаи замонави чанд гектар замин лозим аст? Дар охир саломат бошед!

ИЛТИМОС НАШР НАМОЕД ВА БА ВАЗИР РАСОНЕД ОЗОДАГОН.... Мухтарам Вазир! Хамагон медонем ки дар шароити имрузаи Точикистон нафаре аз мансабдорон фикри ватан, пешрафт ва окибати кори худро харгиз намекунад, Ба Шумо факат як суол дорам, хам суол ва хам хохиш: Борхо пешниход шудааст; дар макотиби тахсилоти умуми фанни забони арабиро ба ивази забони форси чори кунед, чаро инро Шумоен рад мекунед ва ё намехохед? Хохиши ман ин аст ки ин фанни забони арабиро дар мактабхо чори намоед! Аввал ин ки забони форси ин забони модарии мост - забони точики хам мегуемаш, дуюм ки навиштачоти араби аз форси кам фаркият дорад, ва бо хондани харфхои араби хондани навиштачоти форси халли худро меёбад. Агар заррае дар дил ИМОН дошта бошед, фикри насли ояндаи миллати мусулмонтабори мо дар майнаи Шумо бошад, ин ФАНРО ЧОРИ МЕКУНЕД, сабаб он аст ки гайр аз омухтани забон, барои наслхои оянда дари наве барои мухочират кушода мешавад ба мамлакатхои араб, онхо моро мисли русхо тахкир нахоханд кард!!! Худро мухочир дар Россия тасаввур карда метавонед?

E durugay u vazur pazur kati ru ba ru nameshay a prosta saytoshona reklama meknan tamom

Чаноби Вазир! Барои чи омузгорон ба сарулибоси донишчуи ва мактаби нигох мекунанду, аммо ба дониш ва ахлоки донишчуёну талабагон хеле кам ахамият медиханд??
Имруз дар таълимгоххо хеле ахлоки донишчуён паст шудааст, онхо сари хар кадам дашномхои кабех дар даханашон меоваранд. Агар барои дашномхои бешармонаву кабех чарима меситониданд хеле хуб мешуд! Хам ба давлат фоида хам ба дашномдиханда.

Оё Шумо, чаноби вазир, хабар доред, ки дар Донишкадаи забонхо барои гум шудани журнали гурухи 123 факултети филологияи рус аз донишчуён 30 сомони гирифтаанд? Соли гузашта низ журнали ин гурух гум шуда буду донишчуёнро водор ба пардохти 50 сомони карда буданд. Инро чи тавр метавон арзёби намуд? Ришвахори? Зеро дар кучо дидаед, ки кимати як журнали маъмули садх сомониро ташкил кунад? Боз масъалаи чамъ кардани пулро аз донишчуён худи декани ин факултет назорат мекунад.
Яъне бо хар бахона аз донишчуён пул талаб кардан як кори маъмулии устодони шудааст, ки на дар шаъни онхо ва на дар шаъни Вазорати маориф намебошад. Хадди акал ман хамчун падари яке аз ин донишчуён аз доштани чунин низоми тахсилоти оли шарм мекунам. Шумо чи, чаноби вазир?

Хуршед
Вазири мухтарам! Интихоби мудири шуъбаи маорифи шахри Панчакент тасодуфи буд ё хайр? Навашро дар назар дорам...

Ассалом устод саволи ман дар бораи Абдучабор Рахмонов намешавад,ки чунин шахсхоро аз донишгоххо ронед?! Инхел одамон обруи миллат ва давлатро паст мезананд ва шогирдонро ба роххои бад мебаранд. Вакте шахс пошна баланд мепушад бари равновеси кафаси синаро ба пеш ва кисми поёни баданро ба кафо бояд барад, яъне фигура айёнтар мешавад ва аз ин холат Рахмонов лаззат мебарад.

Бёмуз фарзандро даст ранч в-агар даст дори чу корун ба ганч,
Нигах дор к-аз омузгори бадаш,ки бадбахту тира кунад чун худаш

Mehrovar
ассалому аллайкум вазири мухтарам! хохиш мекардам ба мактабхои тахсилоти умуми ахамияти чидди дихед на балки ба гимназияхои бо тарики шартнома дохилшаванда. аз нисф зиёди ахолиамон имконияти ба мактабхои "вазбин" дохил шуда, тахсил карда наметавонанд. саволи 2юми ман ин аст ки аз тарафи бисёр устодони мактабу донишгоххои олии чумхуриамон хавасмандкунии донишчуён ба хондан кариб ки мушохида карда намешавад. бо эхтиром хатмкардаи мактаби миёна ва хонандаи Донишгохи технологии Точикистон!

Салом алейкум мухтарам Вазир. Ман Давлатов Шохрух, донишчуи курси 3.
Ман я проект дорам, ки тули 3 сол мешавад онро сохта истодаам. Проекти ман оиди халли масъалахои физика ва математика мебошад. Ман дар проекти хуб сомонаи интернети низ сохтам. Бисёр барномахоро ман дар инчо навиштам бо хар гуна забонхои барномасози.
Проекти ман 2 бор дар форуми Чавонони ракамии Осиёи миёна чои аввал гирифт. Инчунин ман Конфронси Байналмилалли дар шахри Остонаи Казокистони, ки рузи 12-13 апрел шуда гузашт, проекти ман сазовори Дипломи дарачаи 3 шуд. Дар чандин форумхо низ проекти маро бахои баланд доданд мутахасисон.
Барои рушди фарханги техники ва аз худ намудани фанхои дакик бисёр кумак мерасонад хам ба талабагони мактабхо ва хам донишчуён. Муалимон низ аз ин барномахои проект метавонанд истофода баранд.
Ман мехостам ки проекти маро Вазорати Маориф дастгири кунад. Чунки ингуна барномахо аслан дар Аврупо ва Амрико сохта шудаанд ва бо ин системахо хама кор карда наметавонанд.
Ман мехохам, ки як проети бузурги ватаниро созам, ки бо дигар проектхои калон - Wolfram, MathCad ракобатпазир бошад.

Cуоли ман чунин аст!Чаро давоми тахсил то 7-июн давом карда шуд???

Чаноби вазир! Оё шумо маълумот доред, ки дар нохияи Панчакент чанд мактаби умуми умуман фаъолият намекунад?!! Барои чи пеши рохи инро ягон нафар намегиад. Масалан дар дехахои Фароб, Могиен ва гайра.

Салом мухтарам вазир ман бо умед инсатрхоро менависам ва бовари дорам,ки шумо сари масъала ва пешниходи ман нтича ва дастгири хохед кард.Мухтарам вазир мо дар н.Рудаки чамоати Зайнабобод дехаи Дарбод зиндаги мекнем.Мактабе,ки дар он хохар ва бародари ман тахсил мекунанд дар холати садамави карор дошта аз шароитхои хуби таълими бе насиб аст ин мактаб мактаби тахсилот миёнаи умумии №84 буда банда низ дар ин мактаб тахсил кардам ва холо бошад ман донишчуи бахши 2-уми шуъбаи рузноманигории ДДСТ ба номи М.Турсунзода мебошам.Мухтарам вазир он камбудихое,ки ман дар инчо менависам хамааш хакикати хол мебошад ва чуноне,ки дар урфият мегуянд:"шунидан кай бувад монанди дидан"...Ин деха аз маркази шахр хамаги 10км дур аст вале вакте,ки мактаби ин дехаро мебинед фикр мекунед,ки мо дар асри 19 карор дорем.Мактаб аз 12 синфхона иборат буда дар холати садамави карор дорад.Дар бари мактаб 2 вагон чой дода шудааст,ки дар ончо муаллимон мачлис ва вохурию чамомадашонро мегузаронанд.Чаноби вазир худ казоват кунед,ки дар асри 21 ки асри техника ва техналогия мебошад муаллимони мо дар вагон мачлис мегузаронанд.Баъд ин омил сабаби паст шудани сатхи аълим дар ин мактаб намегардад?Гайр аз ин дар мактаб(№84) на синфхонаи лабаратори хасту на синфхонаи физика хатто ташвишовараш ин ки дар ин мактаб "Китобхона"вучуд надорад.Баъд аз кучо сатхи илмомузи баланд мегардад.Бо вучуди ин хама камбуди ва норасоихо устодон ба хонандагон бо якумед дарс мегуян то,ки ин хонандахо дар янда шахсони бомаърифат ва барои халку Ватан манфиатовар баошанд.Аз сабаби хурд будан мактаб хонандахо то синфи 9-ум тахсил карда баъд барои идома ба дигар деха мераванд.Мухтарам вазир ман аз шумо итминони комил дорам,ки пас аз хонда шудани ин мактуб хулосаи анику манфиатовари худро мебароред.Мо умед бар он меварзем,ки бо ташабуси хукумати кишва ва сохаи маориф ин мактаб аз нав сохта мешавад.Ва хонандагони ин деха бо диди наву шароитхои хуб тахсили илм хоханд кард.Бо як чахон умед Акбаршо Ёров

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)