Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир барои Фархунда: "...ватандор агар бандит аст"

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Бозор Собир дар шеъри наваш, ки бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, Афғонистонро маҳбаси зан хонда, афзудааст, агар мусалмонии Афғонистон ин бошад, ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт, кам аст.

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Абдул
Устод Бозор Собир ягона шоирест, ки дар адабиёти точик зиди хурофот мубориза мебарад ва дар фикри миллат аст.Ахсанд ба у

Дар хакикат ин шеьр ба савяи бозор аст, чун хеч мантике баназар намерасад, аммо чанбаи нифокомез хубтар дорад! Катли Фархунда аз чониби хамчу бемантикхо содир гардид! Накди шумо бояд дар доираи катли Фархунда мебуд, на ин, ки шумо тамоми миллати Афгонро тахкир намоед!!
Ин накди шеьрии шумо факат хамонанди хамон котилони Фархундааст, чун онхо мисли шумо нохонда имзо карданд! Дустии ин ду миллатро шумо хечгох вайрон наметавонед чун дусти ва бародарии ин ду миллат аз кадим по барчо буда ва хохад монд, чун мо мардуми Афгонистон хар руз дар хама арсахо курбони медихем ва дигар ин ки мардхоро кавл аст! Зинда ва поянда бод бародари, дусти, хешутабори ва хамдилии ин ду миллат!!!

самир
jamshed,
Як миллати дигарро тавхин кардан рост мегуи вой бар туву лаънат бар устоди мушрикат

ЧАВОБИ "ШЕЪР" БО ШЕЪР

Замони хаёти Паёмбар (с) вакте мушрикон дину Худову Паёмбар (с)-ро бо шеъргуйи масхара мекарданд, он Хазрат (с) ба Хассон Ибни Собит шоири забардаст ва яке аз ёрони бовафои худ дастур медоданд, то дар мукобили онхо бо шеър посух бигуяд.

Инак бародари банда ба Бозор Собир чавобе навишта, ки шояд ин чо гузоштанаш аз фоида холи набошад:

"Магар ғайр аз мусалмон номусалмон нест дар олам?!
Магар ҷуз кишвари Афғон пурафғон нест дар олам?!
Магар мазлумкушон танҳо мусалмонанд?!
Магар бадбахтии инсониятро муҷрим эшонанд?!
Магар ҳеҷ кишваре қотил надорад?!
Магар ҳеҷ мамлакат ҷоҳил надорад?!

Аҷаб, бояд ки Афғон зери бомб монад?!
чунин як шоирак, ин тур мехонад!

Туфу бар миллати мазлум, чи оҳанг аст?!
Туфу бар руйи ҳамойин, чи фарҳанг аст?!
Туфу бар шеъри ту, эй бехабар аз нанг,
Туфу бар фикри ту, шайтони одамранг!

Чаро ҷуръат барои таҳқиру тавҳин,
Кунад, ин шоири бе мазҳабу бе дин?!

Касе шеъраш пур аз шар ҳаст, Бозор аст,
Касе к-у аз худои хеш безор аст, Бозор аст,
Касе к-у шапкаи Ленини бобояш,
Азизтар аз расули моҳрухсор аст, Бозор аст.

Ҳам инон миллати Тоҷикро дар чанд соли пеш,
Мисоли барра бурданд, бузсифат дар пеш.
Ҳам инон чун хамилюн ҳар куҷо рафтанд,
Дигаргун карда қавлу сурату ҳам кеш.

Ватан аз дасти ин нобихрадон вайроназор гардид,
Равон хуни халоиқ ҳар тараф, чун ҷуйбор гардид,
Ватан аз фитнаи ин Аҳриманҳо сухт сар то сар,
Гурехтанд хориҷа ин буздилони фитнабунёдгар!

Насухтанд мисли Лойиқ дар ватан, дар ғам,
Набуданд ғамшарики халқи дар мотам,
Накарданд мисли Лойиқ сина пеши тир
Сипар, андар дифоъи мардуми дилгир.

Дифоъ аз миллати хори муҳоҷир кард мебояд,
Ки ҳар сол тобути фарзанди мардум зор меояд!

Қасам бар номи Ҳақ, дарди саранд инҳо,
Вабо, бал аз вабо ҳам бадтаранд инҳо!
Қасам бар номи Ҳақ, исёнгаранд инҳо,
Куҷо шоир? Ду се хокбарсаранд инҳо!"

Дар хакикат ин шеьр ба савяи бозор аст, чун хеч мантике баназар намерасад, аммо чанбаи нифокомез хубтар дорад! Катли Фархунда аз чониби хамчу бемантикхо содир гардид! Накди шумо бояд дар доираи катли Фархунда мебуд, на ин, ки шумо тамоми миллати Афгонро тахкир намоед!!
Ин накди шеьрии шумо факат хамонанди хамон котилони Фархундааст, чун онхо мисли шумо нохонда имзо карданд! Дустии ин ду миллатро шумо хечгох вайрон наметавонед чун дусти ва бародарии ин ду миллат аз кадим по барчо буда ва хохад монд, чун мо мардуми Афгонистон хар руз дар хама арсахо курбони медихем ва дигар ин ки мардхоро кавл аст! Зинда ва поянда бод бародари, дусти, хешутабори ва хамдилии ин ду миллат!!!

Дар хакикат ин шеьр ба савяи бозор аст, чун хеч мантике баназар намерасад, аммо чанбаи нифокомез хубтар дорад! Катли Фархунда аз чониби хамчу бемантикхо содир гардид! Накди шумо бояд дар доираи катли Фархунда мебуд, на ин, ки шумо тамоми миллати Афгонро тахкир намоед!!
Ин накди шеьрии шумо факат хамонанди хамон котилони Фархундааст, чун онхо мисли шумо нохонда имзо карданд! Дустии ин ду миллатро шумо хечгох вайрон наметавонед чун дусти ва бародарии ин ду миллат аз кадим по барчо буда ва хохад монд, чун мо мардуми Афгонистон хар руз дар хама арсахо курбони медихем ва дигар ин ки мардхоро кавл аст! Зинда ва поянда бод бародари, дусти, хешутабори ва хамдилии ин ду миллат!!!

Бозор Собир хамин мисрахое ки шумо менависед не маъно дора не мазмун худованд шумобарин шоирони дагалро хидоят намояд.

насим
Сухан дониста гуй то дустро душман нагардони,
Зи харфи бемуруват ошно бегона мегардад.

Хакгуй
Устод Бозор, ахсант ба Шумо........суханро бепарда ва хак мегуед......барои ингуна ашхос холо хам кам гуфтаед.....!! Туф бар чунин нофахмхо......

Дини мубини Ислом яке аз динхои рахмтарину шафкаттарину руи дунё мебошад. Вале боз хам садафсус, ки мардуми ба ном Ислом ба чунин кирдорхое даст мезананд, ки на ба Ислом наздик астну на ба хайр... Имруз ин чо баъзеи аз Шумо устодро мавриди танкид карор додаед. Хоб агар ин духтар хохар, апа хеши наздики Шумо мебуд пас худи шумо чи тавр амал мекардед. Устод ин казияро чунин ба дил наздик кбул кардааст, ки танхо худаш медонаду бас. Магар ин аст давлати Исломи эй точик хушёр шав бас будагист Исломи азизро бо хама чиркинихо олуда кардан. Касе ба чунин кирдорхои вахшиёна даст задааст асло мусалмон нест, ки чунки худи дини мубини Ислом чунин нафаронро мусалмон намешуморад. Чунин кирдорхо дар давлатхои Исломи бори аввал нест, шояд ба ин тарика худи онхо мехоханд Исломро бад созанд. Ин чо кадоме аз Шумо боз яхудихро гунахкор месозанд. Агар шуморо яхудиё истифода баранд пас Шумо киед оё онхо дасти он катлчиёни Фархундаро гирифта бар сари вай заданд. Нааа мо аз аввал дар кирдорхои хеш дигаронро айбдор месохтем пас замони расидааст, ки савсатаву бегонапарастиро монему ватанро обод созем. Устод хамдарди Шумоям нафрат бу касоне, ки ба чунин кирдорхо даст задаанд худоё чояшонро дузах гардони тарафдоронашонро низ омин.

Офарин ба Бозор Собир, ки гапи хакро гуфт. Кушта шудани Фархунда аз тарафи мардуми мусалмони Афгонистон ин гунохи азим ва нобахшиданист, чунки як чинси занро чунон бо берахмие куштаанд, ки мардуми гайри мусалмон ин корро намекунад. Пас кучост мусалмонии мост. Чаро ягон маротиба Хизби нахзати исломии Точикистон оиди куштори вахшиёнаи Фархунда лаб воз намекунад? Чаро намегуяд, ки куштани инсон дар ислом чоиз нест? Чунки ин нахзатиё худ аз устодон чунин тарбият гирифтаанд. Бозор Собир рост мегуяд, ки риши дароз, сатри авранг, тоату ибодат ва монанди инхо дигар чи лозим. Модоме, ки мусалмон хохару бародари худро кушад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки агар пеши ришдору сатрпуш ва бештар ба масчид чалбшавии чавононро нагирем окибати ватани мо хам мисли Афгонистону Сурия ва Ирок мешавад. Озоди мард боши чоп мекуни.

Втандораму диёрамро дуст медорам,
Миллатдораму мардумамро дуст медорам,
Фарзанди бо нангу номусаму сарварамро дуст медорам,
Бедор шав ай хамдиёр бедор шав,
Ободтар кунем ин диёр бедор шав,
Зеботар гардонем ин сарзамин бедор шав,
Мо точикему аз дигарон фарк дорем,
Ватандорему миллатамонро дуст дорем,
Бас аст ин багонапарастию мардумфиреби,
Хама даст якчо кунему диёрамонро бишкуфонем,
Ба мо на нахзат лозим асту на ДИИШ
Мо точикему то абад зери парчами диёрамон мебозему мемонем.

Точик
барои касоне, ки ин шеъро бемаъни гуфтаанд.-Шумо аз фахмидани мантики ин гуна шеърхо фарсахо дуред. Гиряи кас меояд пас дарки ин шеър. Зихи Бозор! Зихи Точикистони азизу осоишта!

Кулябец
Ба ТОЧИК: магар дар забони адабии точики калимаи ,, бандит"хаст? Умуман маъни надорад, на ба назм наздики дорад на банаср .Хатто ба рэпи кучаги хам баробар нест.

Дар хакикат дар шеъри Устод мантик аст. Нисбат ба зан ин кадар берахми ин дахшат аст.

Устоди азиз ахсан ба Шумо, ки чунин суханони сазоворро ба ин барчонаълатон задед. Агар мисли Шумо одамхо бисёртар мебуд хушхол мебудем.

Устод бехтарин суханхро гуфтед ахсан Шумо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)