Бахшҳо

Эшони Нуриддин сатрро фарзу ранги сиёҳро савоб хонд

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо дар пайи дастуру супоришҳо алайҳи “бегонапарастӣ” миёни занон дар Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, таъкид кардааст, ки ҳиҷоб ва сатр моли ягон миллат набуда, моли Ислом ва фаризаи илоҳӣ аст.

Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли Одил, яке аз корбарони торнамои Тurajon.org изҳор доштааст, ки аз ин руҳонӣ пурсидааст: “Оё либоси сиёҳ сатр ҳисоб мешавад ва чӣ гуна рангҳо барои либоси сатр дуруст аст, чун ҳоло сатрро либоси бегона гуфта, бо сатрпӯшҳо мубориза мебаранд?”

Эшони Нуриддин дар мавриди ранги ҳиҷоб изҳор доштааст, ки дини Ислом як навъ рангро ҳатмӣ накардааст, вале дар мазҳаби ҳанафия пӯшидани ҳиҷоби сиёҳ савоб аст: “Дар мавриди ранги сиёҳ дар Фатвои ҳиндия ҷ 5 саҳ 330,, яке аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ, ки мо мардуми Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб ҳастем, чунин омадааст: Пӯшидани ранги сиёҳ мустаҳабб аст. Дар аҳодиси саҳеҳ низ ворид шудааст, ки занҳои саҳоба ҳиҷоби сиёҳ доштанд. Ҳазрати Умми Салама мегӯяд: Вақте ояти ҳиҷоб нозил шуд, занҳои ансор бо либоси сиёҳ аз хонаҳояшон мебаромаданд. (ривояти Абудовуд).”

Ба қавли Эшони Нуриддин, либоси исломии занон баъзе шарту меъёр дорад, ки бояд онҳо риоя шаванд. Ӯ мегӯяд, ҳиҷоб бояд ба ҷуз руй ва ду кафи дастон, тамоми бадани занро пӯшонаду тангу тунук ё рангҳои назарҷалбкунанда надошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки миёни мардум бештар либосҳои миллиро тарғиб кунанд: “Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
МУҲАММАД АЗ ХОВАЛИНГ
"МУҲТАРАМ САБЗА" БАРОИ ОНКИ ЯК ШАХСИ БО НОМ МУЛЛО ГУНОҲ НАМУД ИСЛОМ ГУНАҲГОР АСТ.???????????????????7
ИСЛОМ БА ҶУЗЪИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ,
ҲАР АЙБЕ ҲАСТ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ.
НУҚТАСАНҶОНА СУХАН НАМО. ЛИБОСИ СИЁҲ КИРО КУШТААСТ. БИГЗОР МО МУЪМИНОН БО ҲАМИН АГАР МУАММО(ПРОБЛЕМА) ҲАЛ ШАВАД ДИГАР ЛИБОСИ СИЁҲ НАМЕПУШЕМ. ВАЛЕКИН ҲАЙ ҲОТ ИНҶО СУХАН АЗ ДИНУ ДИЁНАТ МЕРАВАД. ВА МАҚСАД АЗ ТАРҲИ ЛИБОС ИН ЧИЗИ ДИГАР КИ АЗ СИЁСАТИ АБАРҚУДРАТҲО БАР МЕОЯД.

Эшон хуш ба холатон....бовар кунен аз хами 98%-мусалмонхои точикистон факат ва факат дар хама холат дифо аз исломи танхо ахли оилаи шумо мекунен....Аллох дар панохаш нигахтон дорад мучохиди рохи Аллох.....

муфти точикистон чаро хомушай да назди алох чи чавоб мегуфта бошад

мухочир
салом офарин бо эшони нуридин хакатанда нури ислом хаст .

МУҲАММАД АЗ ХОВАЛИНГ, бародари азиз ин чо сухан дар бораи олуда сохтани дини мубини Ислом ба хар гуна зухуротхои номатлуби дини ки зери никоби Ислом мубориза бар зидди худи Ислом мебаранд меравад. Максади ман низ хамин аст, ки мо бояд имруз дарк кунем, ки Ислом танхо росткориву росткавливу дустдории якдигар мебошад. на монанди давлатхои ба ном Исломи ба монанди СИРИЯ ИРОК АФГОНИСТОН. Дар ин чо шумо кайд намудед, ки гунахкор сиёсати давлатхои Абаркудрат меравад. Дурурст вале ки холо бо якдигар чангида истодааст магар абаркудратхо? на мусалмонхо бо хамдигар кучост он мусалмони кучо бародари азиз

умар
Ман аз хукумат дорон талабдорам ки ба хакки мардум дастдарози накунанд ба ришу сарулибос кордор нашаванд ин хакки озоди харяк шахрвандаст


Бародарони азизам охир давлат хазорхо проблемаи мухими иктисоди и халкро пахло гузошта ба ришу сатр вакт мегузаронад.охир хамун мардуми эрону турк бо хичобхам. Пешрафтанд ку лекин мо фиреб хурдем!!!!! 2.охир шумохон асри21 омада расидед охир асрхост ки мо мисли Сино,Саъди Хаййом. ва гайрахош намебинем ку.... Чунки модаронро пардаи иффатро аз руяшон гирифтанд боз омадаан ки аз сарашон бардоранд..... Илтимооос фарзандони модарони чон. Холонки Аллох болоямон вабое нафиристодааст тавба конем....... Илтимос чооооп

Бояд гап сари "таклид" не балки бо чо овардани хукми Худо меравад. Бояд шахсе ки мусалмон аст бояд хукми Худоро ба чой биёварад. Ин як,дуввум агар касе хукми Худоро ичро кард ин ба фоидаи худи уст. Аммо бачо наовард бар зарари худи уст. Ва саввум агар аклан суол кунем : оё барои мо "точикон" таклиди занони Асхоб бехтар аст ё таклиди занони гарб? Таклиди занхое,ки ба дидору сухбати Паёмбар мушарраф гаштаанд оё айбу нишонаи акибмондагисту ва таклиди занхои гарб хубу пешрафтагию маданият аст? Инсоф намуда чавоб дихед!!! "офарин" ба он инсононе,ки худро боакл метарошанду аммо дар рохи интихоб акли таърифии хешро кор намефармоянд. Ман албатта ба иззати нафси касе расидани неста аммо мунсифона маро кабул н а м о е д !!!


Фарз аст тамом!!!!!!!!барои чомеъаи мусалмони-(инро худи Чаноби оли тасдик карда буд ки 98% Точикистон мусалмон аст).....
чаро ба ном дустдорони миллат худ аввал либоси миллиро ба бар намекунанд????
Чаро???
Чаро мардхои ба ном миллатдусту бегона бадбин худ чомаву саллаву кулоху калуш ба бар намекунанд???

Дин озод мегуянду диндоронро Цензура мекунанд. Имруз то 18 сола масчид нарав либосата инхел он хел кун ришата тарош. Номата Мухаммад намон спитамен мон супермаен гев девастич человек паук чими... ин аст "озоди"

Эшони Нуриддин худаш намедонад, ки чи гуфта истодааст. Пушидани либоси рангаш сиёхро савоб хонд. У фикр намекунад, ки дар минтакахои чумхури шахсони мурдадор ранги сиёхро мепушанд. Ман худ намефахмам, ки ин кадар мардум фанатизм шудаанд ва ба гапи хар муллову эшон бовар мекунанд. То 4-5 соли пеш ягон гапу хабар оиди пушидани сатр ва либоси исломи набуд ва мардум кадом ранге, ки маъкул буд мепушид. Агар давлат ба дасти муллову эшон расад окибат чи мешавад маълум нест.

номус
ин домуло намедонад ки ин сатрпушхо бисмило гуфта соз намедонанд

shef
Махмуд
агар фоиша шиму галстуку кастюм пушад бояд ранги мансабдорон амал кунад?

Кабири,
Дар даврони шурави илми Ислом махдуд карда шуда буд
дар хозира ки хакки халол мехураду ки не АЛЛОХ худаш медонад оиди ин аз ту намепурсанду ту барои ин чавобгар намешави.

Одилбой- ако,
Дар асри 7 монанди асри 20 либоси уриёну барахна намепушиданд
гуфти русхо каждый судит по мере своей испорченности

Ҳақиқат
Ҳазрати Эшон шумо пешвои ҳақиқии дини Ислом дар Тоҷикистон ва агар хато накунам дар Осиёи Миёна ҳастед.Шумо бо гуфтани ҳақиқат чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷи он шуҳрат пайдо кардаед,ки ин иззат аз ҷониби Худованди маннон аст. Вале имрӯз душманони шумо, ба ҷои шукр аз Худованд (онҳоро ҳидоят кунаду сафедро сафед ва сиёҳро сиёҳ гуфтанашонро насиб гардонад),ба хотири бухл варзидан Шуморо суханҳои носазо мегуянд, ҳеҷ гоҳ шуморо хаста нахоҳад кард.Шумо чароғи фурузони манзили ҳар мусалмони имондори тоҷикед. Агар ин нохалафон ба хотири кибру кудурат бароятон суханҳои носазо мегуянд,иншаАллаҳ Ӯ Зот худаш медонад. Ва аз Парвардгор орзуи онро дорам,ки шуморо дар паноҳаш нигоҳ дорад. Ҳазрат Шумо низ дар ҳаққи мо дуо кунед.

Ҳазрати Умми Салама мегӯяд: Вақте ояти ҳиҷоб нозил шуд, занҳои ансор бо либоси сиёҳ аз хонаҳояшон мебаромаданд. (ривояти Абудовуд).”
Бобои Эшон ин Хазрати Умми Салама аз пайравони Хазрати Шайх Темур, Хазрати Мулло Кирмак ва Лолазоран чи? Ин кадар расму ойини арабхои сусморхурро ташвик мекунед, хай равед хамончо зиндаги кунед!

Ба Geneva. Бобои Эшон факат дар бораи либосхои занхо фатво метиянду халос. Мардхо чаро ранги мардхои араб либоси сафеди дароз ва дар сар руймоли араби намепушанд? Ё хаму Хазрато дар асри 6-7 бо шиму кастюму чинс мегаштан? Занхои точик чаро мисли занхои араб либос пушанду мардхо не??? Бошуур кани шарх те! Озодагон Илтимос чоп кун!!!

Ачоиб! Ин Бобои Эшон чаро ба мархо намегуяд, ки сару либоси сафеде, ки мардакхои араб мепушанд моли Ислом ва фаризаи илохист, чунки онро Хазрат мепушид? Ва бигузор мардакхои точик хам хамон хел пушанд. Ва занхои точик хам карси сафеди худро партофта, сиёх пушанд, чунки занхои сахоба сиёх мепушидаанд. Урааа зинда бод бегонапарасти???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)