Шумо атеист, ман мусалмон. Таҳқир чаро?
Далер ШАРИФОВ
Гулнора Амиршоева, ки аз ӯ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ном мебаранд, тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз намогузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст. Ростӣ, банда дар тааҷубам, ки як атеистро ба намози мардуми мусалмони Тоҷикистон чӣ кор бошад?! Хусусан, ҷумлаи таҳқиромези ӯ “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед” ба 99 дар сади мардуми мусалмони кишвар равона шудааст. Магар ин амал паст задан, таҳқир кардан, расидан ба номуси як мусалмон нест? Оё ин гуна ҳарфҳо кинаву адоват, нафрату бадбиниро дар ҷомеа ба вуҷуд намеоварад?
Ин хонуми атеист аз он шикоят кардааст, ки нисфирӯзиҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад. Ман намедонам ӯ ба куҷо муроҷиат кардааст ва киро дар ҷои кораш пайдо накардааст, ки боиси нороҳатиаш гаштааст. Аммо чанд нуктаро бояд таъкид намуд. Аввалан, дар Тоҷикистон кор аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то 5-и бегоҳ давом мекунад ва дар ин муддат дар ҳамаи корхонаҳои давлатӣ ва ҳатто хусусӣ аз соати 12:00 то 13:00 танаффус барои хӯроки нисфирӯзӣ муқаррар шудааст. Дар ин вақт мусалмонҳо, зардуштиҳо, будоиҳо ва атеистҳо аз кор озод ҳастанд. Кодекси меҳнат барои ҳамаи онҳо ин ҳақро баробар додаст. Дар масҷидҳои шаҳри Душанбе намоз бештари вақт соати 12:50 шурӯъ шуда, соати 13:00 ё 13:10 ба анҷом мерасад ва агар корманде аз идораҳои давлатӣ, вазоратҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ё ниҳодҳои дигар дар ин намоз ширкат кунанд, метавонанд сари вақт ба корҳояшон бирасанд ва дақиқае аз вақти шуморо нагиранд.
Баъдан, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои номбаршуда рӯзи ҷумъа бо реҷаи ҳарвақтаи худ фаъолият карда, аз ин ниҳодҳо шояд ангуштшумор нафарон дар намози ҷумъа ширкат намоянд. Аз сабабе ки шумо боре ҳам дар масҷид набудед, намедонед, ба ин ҷо кадом қишри ҷомеа бештар меравад, аз ин хотир интиқоди Шумо дур аз ҳақиқат аст. Ва хоҳиш, камбудиҳои имрӯзи ҷомеаро бар сари Ислому мусалмонҳо назанед!
Ба таваҷҷуҳи Шумо ва ҳамсангарони шумо мерасонам, ки ингуна амалу шиорпартоиҳо дар ҷомеа таҳқир ба ҳуқуқ ва имону эътиқоди мусалмонҳои кишварест, ки 99 дар сади онро мусалмон ташкил медиҳад. Намози ҷумъа дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон ба мисли Амрико, Фаронса, Олмон, Русия, Канада, Англия мушкилӣ эҷод накардааст ва Шумо боре шунидед, ки шаҳрвандони фаъоли ин кишварҳо барои ин амал шикоят карда бошанд? Оё дар кишваре, ки 99 дар сади он худро мусалмон медонанд, месазад, ки намоз, риш, ҳиҷоб, Қуръон, мушкил бошад? Магар ин нақзи ҳуқуқи мусалмонҳо ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқи Тоҷикистон нест?
Агар мо сар бар замин ё бар осмон мегузорем, ин ҳуқуқ, эътиқод ва имони мо мусалмонҳост. Ман аз атеистҳо хоҳиш мекунам ба Худо, пайғамбар ва намозу ибодати мо кордор нашаванд. Мо дар кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем. Ман ҳамчун мусалмон ин ҷумлаи шумо “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед”-ро таҳқир ба яке аз рукнҳои асосии Ислом - намоз ҳисобида, онро ҳамчун амали тундгароёна медонам. Шумо агар атеист ҳастед, ин маънои онро надорад, ки ба торҳои ҳассос ва нозуки эмонии мусалмонҳо нохун бизанед ва бидонед.
Тайи чанд соли охир аз ҷониби баъзе ба қавле зиёиён ва рушанфикрон, монанди Бозор Собир, Комили Бекзода, Зиё Абдулло ва монанди хонум Гулнора Амиршоева фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарфу шиорпартоиҳои ноҷо шунида мешавад, ки оқибаташ хайр нест. Аслан, шумо, ки Худоро қабул надоред, атеист ҳастед ё зардуштӣ ин ба ҷаҳонбинӣ ва интихоби шумо рабт дорад. Аммо шумо ҳақ надоред ҳеч яке аз муқаддасоти Исломро таҳқир кунед, бад бигӯед ва ё пешниҳоди манъ кардани онҳоро дошта бошед. Ин амали шумо метавонад ба унвони тундгароӣ ва ифротии дунявӣ таъриф шавад ва метавонад миёни мусалмонҳо хашму ғазаб ва бадбиниро ба вуҷуд биёрад.
Ман аз Шӯрои уламо, имом-хатибон, ниҳодҳои таъмини амният дар Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам ба масъалаҳое, ки адоват ва нафратро бармеангезад, расидагӣ намуда, пеши роҳи ин гуна шиорпартоиҳои таҳқиромезро бигиранд.
Ман мусалмонам ва аз мусалмон буданам ифтихор дорам! Тундгароӣ, ифротгароиро аз ҳарду ҷониб қабул надорам, аммо набояд касе арзишҳои эътиқодӣ, имонӣ ва боварҳои ману бародарону хоҳарону падарону модарони мусалмонро таҳқиру тавҳин ва нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кунад. Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |