Бахшҳо

Пешниҳоди таъсиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои “муллоҳо”

Далер ШАРИФОВ

Вақтҳои охир тавассути телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияҳои гуногуни кишвар навори маҳрамонаи афроде намоиш дода мешавад, ки аз онҳо рӯҳонӣ ва ё имом ном мебаранд. Аз ҳангомаву овозаҳо маълум аст, ки ин барномаҳо писанди тамошобини хурду калон гашта, мардум бесаброна нашрҳои нави онро интизоранд.

Вобаста ба вазъияти баамаломада Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Шӯрои уламои Маркази исломиро зарур аст, бо ташкили “Маркази шаҳватсанҷӣ” вазъиятро зери назорати худ гиранд. Онҳо бевосита бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ тамоми имом-хатибҳо, муллоҳо, қориҳо, эшону ҳазратҳоро аз санҷиш гузаронда, вазъи ҷисмонӣ ва ҳамхобагии онҳоро муайян кунанд. Инчунин, дар бандҳои алоҳидаи қонуни танзими ҷашну анъана ва маросими миллӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, дар тӯю маъракаҳо хӯрдани бодом, писта, чормағз, мавиз ё умуман, ҳар навъ хӯрдание, ки ба мардон нерӯ мебахшад, манъ карда шавад.

Ҳар сари чанд вақт бо фармони роҳбари “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои корҳои профилактикӣ муллоҳо ба ғорҳо ё биёбонҳо фиристода шаванд. Бовар дорам, бо ташкили чунин марказ мо мисли дигар дастовардҳоямон натанҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон ягона хоҳем шуд.

НАВОРҲОИ МАҲРАМОНА ВА “ФОИДА”-И ОН

Шояд дар тӯли зиёда аз бист соли истиқлолият як идда аз мардум натанҳо шаҳрдорӣ, давлатдорӣ, зиндагӣ дар ҷомеаи мутамаддин, хӯрдану пӯшидан, виҷдон, номус, миллат, ҳайсият, фарҳанг, хештандорӣ, худшиносӣ, Худошиносиро надонанду наомӯхта бошанд. Аммо аз тариқи пахши “секси муллоҳо” онҳо ҳадди ақал хобухезро ёд мегиранд ва онҳое, ки пиру нотавон ё касалии руҳӣ шудаанд ва ё фаромӯшхотир, баъд аз ин наворҳо дигар чигуна бо ҳамсарҳояшон хоб рафтанро ба ёд меоранд. Шояд баъзеҳо дар замони Шӯравӣ бо иҷозаи Маскав ё фармони партия бо занҳояшон кам хоб рафтаанд, акнун бо тамошои навори маҳрамони муллоҳо хумор мешикананд.

Ин таблиғ ва дастоварди сиёсиву идеологии мо дар ҷаҳон нодир аст. Зеро дар муборизаи сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳеч таърихи давлатдорӣ аз таблиғи “фаҳш” истифода нашудааст. Аз ин хотир, масъулони китоби рекордҳои “Гиннес”-ро зарур аст, фавран дастоварди мазкурро ба қайд гиранд, то ҷаҳониён бифаҳманд, ки мо кӣ ҳастем: ориёӣ ва ё аз он ҳам бузургтар.

БОЗЁФТИ БУЗУРГТАРИНИ ТВ-ҲО

Баъд аз ҷашни байналмилалии “Оби тоза”, “Таммадуни ориёӣ”, “Бузургдошти Имоми Аъзам”, “Ҷалолиддини Румӣ”, хулоса боз чандин ҷашнҳои хурду калони дигар, ки бо такрор ва пай дар пай намоиш дода мешуд. Мақсад аз он дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас буд ва аммо, ба гумонам, ҳамкасбони мо аз такрори мавзуъҳо дилбазан шуданд. Буҳрони шадиди маънавӣ моро фаро расид. Мардум ҳам дигар аз барномаҳои телевизион хаста шудаву инҷову онҷо танқид мекарданд. Аммо ҳамеша дар миёни миллат кордонҳо ва бофаҳмҳое ҳастанд, ки мардумро аз ин буҳрон мебароранд. Масалан, ҳамин дастандаркорони наворҳои маҳрамонаи муллоҳо шояд ба ин натиҷа расиданд, ки дигар насли муосири тоҷикро намешавад бо Румиву Фирдавсӣ ё Имоми Аъзам тарбия кард. Аз ин хотир, рӯй оварданд ба навори маҳрамона. Акнун ин меваи даврони Истиқлолият ба зудӣ самар медиҳад ва масъулони ин амал ҳосили онро хоҳанд чашид.

“Секси муллоҳо”, ки пеш аз намоиш доданашон баъзан вақт таблиғ ҳам мешавад, тамошобинони шабакаҳоро зиёд кард. Андешаи он ки мегӯянд шабакаҳои телевизионии мо ақибмонда аст, хатост. Акнун чизе, ки дар шабакаҳои давлатии мо намоиш медиҳанд, шабакаҳои телевизиони хусусӣ ва ё давлатии ҳеч кишвари пешрафтаи дунё намоиш намедиҳад. Пас, маълум мешавад, ки мо аз ҷаҳониён бо наворҳои маҳрамонаи муллоҳо пеш рафтем, раҳмат ба онҳо бояд бигӯем, вагарна кӣ шабакаҳои моро тамошо мекард. Ҳатто баъзе он наворҳоро сомонаҳои интернетӣ дар худ ҷой дода наметавонанд. Ба хотири аз байн нарафтани аудитория бояд шабакаҳои давлатии мо ингуна барномаҳоро мунтазам намоиш дода бо номи “секси муллоҳо” шоу-барномаҳо ташкил намоянд. Масалан, шабакаи кӯдаконаи “Баҳористон” паҳлӯҳои гуногуни ин барномаро барои насли наврас бозкушоӣ намояд. Ҳангоме ки онҳо калон мешаванд, бидонанд, ки калонҳои миллаташон чӣ касе ҳастанду бо чӣ корҳо машғуланд.

Агар имрӯз созмонҳои хориҷӣ моро ба сӯи таппак ишора мекунанд, мутмаин бошед, ки фардо аз ин қаҳрамониҳоямон ҳам хоҳанд гуфт. Чуноне, ки гуфтем телевизионҳои мо чунон пеш рафтаанд, ки ҳатто пеш аз пахши чунин наворҳо ишора ҳам намекунанд, ки тамошои ингуна барномаҳои ҷолиб барои ноболиғон ё ақалан кӯдакон манъ аст. Аз ин бар меояд, он ба ҳама қишри ҷомеа равона шудааст. Шояд мутахассисони мо санҷида баромаданд, ки аз тариқи фаҳш тарбияи кардани насли имрӯза осонтар аст.

ЛИТСЕНЗИЯ БА ҶИНХОНҲО ВА...

Дар масъалаи пешниҳоди додани литсензия ба нафарони ҷинхон. Мо бо ин кор розӣ. Аммо ҷинхонҳо бояд аз ташхиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” бигзаранд. Онҳое, ки хеле қавианд, бояд “ахта” шаванд. Маъракаи “ахтакунӣ” аз тариқи ҳамаи шабакаҳо намоиш дода шавад, то онҳое, ки ба назди ҷинхонҳо мераванд, орому роҳат бошанд. Инчунин, тамоми асбоби хондан аз қабили шлангҳо, турбаҳо ва андозаву шакли онҳо бояд аз назари Кумитаи дин гузаронида шавад, то нашавад, ки шикоятҳо, барномаҳо дар бораи сахтӣ ва номувофиқ будани шлангу турбаҳо ба вуҷуд биёянду аз намоишномаҳои “секси муллоҳо” раҳо шуда, мубталои шлангу турба шавем. Гузашта аз ин, дар назди хона ва ҷойҳои махсуси ҷинхонҳо аз ҷониби Кумитаи дин камераҳои назоратӣ насб карда шавад. Ва он замон маълум хоҳад шуд, зани дуюм ё сеюму чаҳорум, маъшуқа, мансабхоҳ ва кадоми тоифаи дигар назди дари ҷинхонҳову “муллои ҷодугар” меоянд.

ХУЛОСА

Муҳоҷират, бебарқӣ, фасоди густурда, сатҳи нокофии таълиму тарбия, бекорӣ, маоши паст, хешу таборбозӣ, маҳалгароӣ ва даҳҳо мушкилии дигар дар ҷомеаи мо нест. Ман нав фаҳмидам, ки мушкилии рақами яки мо дар давлатдории миллиамон чӣ будааст. Ин ҳам “секси муллоҳо”-ст. Мо ҳанӯз сари як идеяи миллӣ баҳс дорем. Акнун ба дастоварди бузург ноил шудем - “секси муллоҳо” ва бояд ин мавзӯъ зиёдтар омӯхта шавад. Ба мо барқу газу фарҳангу маданият чӣ лозим? Чӣ лозим худро азоб додан барои ҳалли мушкилҳо? Акнун мо мушкилии калидиро дар ҷомеа ёфтем: “секси муллоҳо”. На терроризме вуҷуд дорад, на радикализм ва на таҳдиди хориҷие. Шояд вазъи геополитикӣ, ояндабинии кишвар, обрӯю эътибор ва даҳҳо асрори дигар дар “секси муллоҳо“ нуҳуфта бошад, ки мо надонем?! Вагарна чуқуртар фикр карда бароем наворҳои маҳрамонаи вазирҳо, вакилҳо, хитоиҳо, эрониҳо, афғонҳо, дипломатҳои хориҷӣ, духтурҳо ва муаллимҳо низ шояд вуҷуд дошта бошад. Аммо шояд онҳое, ки ин наворҳоро таҳия мекунанд, ба ин боваранд, ки наворҳои маҳрамонаи муллоҳо беҳтару хубтар ва олӣ аст?


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Чавоб
Тамошобин,
Аз давлатиҳоша меган таёрай. интизор бошед ҳами рузо шояд нишон тиян. ино аз ҳама гузарондагиян меган. Худо паноҳ тияд, кадом кормандонаш бошанд?

66773344
А бача аввал аз худо тарс дувум ки аз дасти баъзе муллохо сехрам меояд рушанбаёниат хуб Далер бо дар кадом сехри мулло афтода касали нашави

abdulloh
rahmat barodar daler haqiqatan dardi millata matrah kardi man chunone BRODAR HAM AQIDA QAYD KARD AZ SABABI ZIYOD NISHON DODANI IN NAVORHO DAR TELEVIZIONHO NAVRASON CHITAVRE BO HUNARMANDONI FILMHOI TURKI XUDASHONRO MONAND MEKUNA BO BA SHILANGU TURBA BOZI SAR NAKUNA

Муьмин
Ба тахкик оно не,ки дуст медоранд,ин ки фош гардад ,тухмати бадкори (фохиша)сари мусалмонхо барои онхост,окибати дарднок дар дунье ва охират.ва Худо медонад ва шумо намедонед.(НУР.ояти 19.)

занхоятонро назди муллохо набаред мардум. занхо шумо низ ба назди муллохо наравед. мадад аз ягон кас начуед. худатон дуо кунед. аз Худо чи хохише доред талаб кунед. Китобхои дини бисеранд ягон чизро нафахмидед гирифта хонед. Афсус, ки бинобар танбали мардуами Точикистон аз китоб хондан дид ба мулло бисертар мурочиат мекунад. Мулло одам аст. нафс дорад. нафси чинси нафси пули моли, нафси ишкам, фикру акидаи худро дорад. манфиатхои худро дорад. Китоб аст бе манфиат ру ба китоб оваред. Ба фикрам ин аст максади асоси намоишхои шахвони дар бораи муллохо.

Офарин муалиф. И гапора хар кас сарфахм намерава. Маркази шахватсанчи. Хахаха

Усмон
Ман як пешниход дорам ки махсус канал кушода шавад ки танхо ингуна чизхо ба намоиш бароварда шавад ва дар вактхои муайян нишон дода шавад. Чунки Хангоме ба намоиш бароварда мешавад ки кудакону наврасон дар назди оинаи нилгун мебошанд онхо аз ин таасуроти бад мегиранд. Бад дар ин барнома натанхо секси муллохоро балки секси тамоми коргарони давлати ба намоиш дода шавад. Чи танхо ба ном муллохо зино мекунанд ??????

Ман як савол дорам. Оё ВКД Шуъбаи риштарошон кушодааст? агар не Чаро мардумон ва точиронро дошта ришхояшонро метарошанд? магар ин аст демократия ??? Хоиш дорам маколае чоп намоед доир ба ин масъала

Занакои мо бешарму бе фаросат набошан, дар пеши мулло пухта мондаай мерен пеши амуо. Бе махрам, гарм кунию чодугари куни. Якум ки ино мулло нестан балки чодугар, дар Ар. Сауди инхели одамора мекшан. Бад аз ёд набарорен, ки раисои мо хам бегунох нестан, ягонтаи ту инча гурда намекуни гунохояшона гуи! Мард шудан даркор!

Девдор
Маъруф. Дуруст гуфти. Агар мард ба имону ба номус бошад, завчааш пеши мардхои нобалад ва муллохои каллобу ва бадахлок намеравад. Тавба, баъзан мешунави, ки муллохо бизниси нав - чинбарориро ихтиро кардаанд. Боз чинхои миллати бегона бошад, муллора азоб медодааст. Махсусан чинхои китаиский.

Сайф
Офарин!! дарди дили маро гуфти бародар!!!

ОФАРИН БА МУАЛЛИФ, ДИГАР ГАПИ ЗИЁД НАМЕГУЯМ.

Хае бояд ки дорад одамизод
КИ ЛАЪНАТ БАР ВУЧУДИ БЕХАЕ БОД

кулоби
786
Салом Далер ва хонандагон. Далер мебини сатхи савода ва фахмиша, кайф кн. хуб баён карди маколатона. вале бо ин милати ачоиб одам хайрон мешава ки Сино, Рудаки ва... садхо донишманду орифу олим, оё точик буданд??? точик буданд инхо киянду чиян?! вазифадорош(КгБ бо зур ва фишор ба сари кумитаи дин) бо ин бе эмони ва бе шарафи интавр миллатро дар торнамои чахони ва шабакахои миллию хоричи муарифи кардаистодаанд. Илм кучосту эмон чисту инсоф кадомаст, дар хамватанони вазифадори точикони яхуди парасти тарсуи мо, ки имрузхо аз израил, ТЕЛОВИВ тахсилоти такмили мегиранд, ки обру ва шарофати милли ва точики ва дар охирр исломи точики интизор дорад. душмани мо кумитаи амнияти милли аст, ки хатто аз раиси чумхуро намепурсанд ва мушовирони миллиро намепурсанд. Чи тавре ки шумо хуб ишора карди мо мушкили СкС дорем тамом? Мушкили саводу дониш, вазифа фуруши, кор, мухочират, иктисод, долар, барк, об , газ ва ... як маколаи дигар мешават ном гирем. Марди муъмину мусулмон лозим аст ки аз мушкилот гуяду аз рохихали он.
Худоё хидоятатро аз миллати мо дарег накун, фаровон кун ва душманони динатро дар Тчк расво нобуд гардон, моро ва авлоди моро дар диндори озодтар намо!!,?

бандаи Аллох
Бисьёр суханхои хуб

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)