Бахшҳо

Абдулқодирзода дар бораи Имоми Замон ва тафриқаандозӣ

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тафриқаандозӣ миёни мусалмонони кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи 14 март ҳангоми адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ҳоло бархеҳо мегӯянд, ман салафӣ, ман шиаи исноашарӣ ё таҳририяю ман наҳзатӣ. Хоҳиш мекунам, Исломро тақсим накунед, чун ин тақсимкунӣ хатари сахт дорад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, маҳз дар натиҷаи ҷудо кардани мусулмонон ба шохаҳо ҳоло ҷаҳони Ислом оромӣ надорад: “Имрӯз душман бо дасти худи мусулмон хуни мусулмононро рехта истодааст, ки ин ҳама дар натиҷаи қисмат кардани дин аст.”

Инчунин Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз амали шахсони ба вуҷуди Имоми замон бовардошта, сахт ибрози ташвиш кард. Ӯ гуфт, ҳоло ин афрод ба бархе сокинон мегуфтаанд, ки агар ба имоми замон бовар надорӣ кофир ҳастӣ: “Ман шахсан бори аввал мешунавам, ки Имоми замон кӣ ҳасту чист, бори нахуст аст, мефаҳмам, ки агар ба ин имом боварӣ надошта бошӣ, кофир ҳастӣ. Магар ин ҳама гузаштагони мо кофир буданд?!” Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон боварӣ ба Имоми замонро аз зумраи ақидаҳои бегонаву ботил хонда, намозгузоронро даъват кард, то аз ин гуна афрод эҳтиёт бошанд.

Ӯ афзуд, “то замони зуҳури ин ҳама равиягароию ба шохаҳо тақсим шудани пайравони Ислом, мусулмонон яке аз пешрафтатарин қишр ба шумор мерафтанду дар ҳама ҷо комёбу муваффақ ва иззатманд буданд. Вале аз вақти ба шохаҳо тақсим шудан, хорию зории онҳо шуруъ гардид.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз суханони паёмбар иқтибос оварда, сокинони кишварро даъват кард, ҳамеша пайравӣ аз аксариятҳо кунанду ба гуфтаҳои бархе гуруҳҳои тундрав, ки боиси нооромии кишвар мешаванд, гӯш надиҳанд: “Пайравӣ бояд аз аксарияти мусулмонон кард, чун Худованд аксариятро азоб намекунад. Гӯсфанде, ки аз рама дур монад, гург аввал онро шикор мекунад.”
Мӯҳр
Умар,как не делил стремление полевых командиров и этого Шерзамонова. это и ест результаты работы твоего ага хана

боймрод
хозирам.илмат.кофи.набудбст.жаноби.муфти

Бахром
аз дини ислом бехаьбар аст

хадис
БАРОИЧИ ФОЛБИНОРА ХИЧКА ХИЧИ НАМЕГА ИЕХАМ ДАР ДОХИЛИ ИФРОТГАРО МЕДАРОЯН КАРИБ. 53ФОИЗИ ШАХРВАНДОРА БЕХОНА БЕДАР БАЗЕХОША ДЕВОНАКАДИГИЯН ЧИБА ХЕЧКАС ПАРВО НАДОРА БОЯТ ХАММА ДАР ПЕШИ КОНУН БАРОБАРБОША ИНО НАМЕДОНМ ДАХАНИ ХАМАРА БАСТАГИЯН

мухтарам Сайидмукаррами Абдулқодирзода ман аз шумо эхтироиона хохиш мекунам, ки дар бораи мазхаби салафия пайдоиши он ва макони он дар кучо хасти вучуд карданаш ва дар минтакахо ин мазхаб фаъол аст маълумот медодед

Ба фикри ман акидаи Огохон дар бораи он ки гуногунандеши дар Ислом бад набуда, бал хадяи Аллох Таъоло аст. Хамаи муслимин бояд дар муносибат бо хам эхтиромона амал кунанд, чуноне, ки Хазрати паёмбар таълим дода буданд. Холо бисёр муллохо чи аз мазхаби Шиа ва чи Сунни хамдигарро дар куфру бедини айбдор мекунанд, ки ин рох нодуруст буда, ба муттахидшавии мусулмонон халал ворид месозад.

Афзалшо
Хар кас равияи худро дорад ва дуруст онро мешуморад, ки пайрави чунин мазхаб бошад. Мову шумо казовати Худоро намедонем ки ба тараф кадом гурух хак ва ба тарафи кадом гурух нохакиро медихад. Ман фикри мекунам хак ба чониби он кас аст ки пархезкору ботакво бошад. Фарк надорад у пайрави кадом мазхаб ё кадом дин бошад. Хамчунин кайд бояд кард ки бузургии инсонхо дар он аст ки ин гуногунии табиат, инсонхоро эхтирому эътироф кунад. Шумоён кайд кардед ки Худованд аксариятро азоб намедихад, агар аксарият нохак бошанду акалият хак бошанд он лахза чи мешавад. Ман бо касе бахс кардани нестам аммо акидаи ман чунин аст ки мо хамаи мусулмонон новобаста аз акидаи гуногун доштанашон даст ба дасти хам дар як чомеа бо сулху ороми бояд умр ба сар барем. Чун мо дар Точикистон зиндаги мекунем, пас ин ватани мост мо бояд бахри пешравии ин Ватани махбуб кушишхоро ба харч дихем.
Медонем имруз чехрахое пайдо шуданд ки зиндагии мардумро ноором месозанд. Талош доранд ки чанги мазхаби дар мамлакатхои мусулмоннишин ба по хезанд. аммо хадафи онхо якест БА ДАСТ ОВАРДАНИ ФОИДА
Ман медонам шумоён инсонхои сохибмаълумоту сохибтамаддун хастед. ва аз торихи Ислом хуб огахи доред хамчун як шахрванди фурутани точик ба шумо мурочиат мекунам ки ин суханони моро эхтиром карда пайгоми мехромези моро ба мардкми шарифи Точикистон мерасонед. Сипосгузорам

САЛОМ БА ҲАМАГӢ
МАСЪАЛАИ ИМОМУ ИМОМИ ЗАМОН ДАР САҲЕҲИ МУСЛИМ ВА МУСНАДИ АҲМАД ВА КИТОБҲОИ ДИГАР НИЗ ОМАДААСТ, КИ ҲАР КИ ИМОМ НАДОШТА БОША ВА ҲАР КИ БАЙЪАТИ БА ИМОМ НАДОШТА БОШАДУ ДАР ҲАМОН ҲОЛ БИМИРАД БО МАРГИ ҶОҲИЛИЯТ МУРДААСТ. ИН АСТ СУХАНИ ИСЛОМ!!! ЛУТФАН КАМЕ БО ИСЛОМ ОШНО БИШАВЕН ДАР ДУНЁ БА КУМАКАТОН ХОҲАД ОМАД ГАРЧИ ДАР ОХИРАТ ҲЕҶ БАҲРАЕ ШОЯД НАДОШТА БОШЕН!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)