Ҳоҷӣ Мирзо: Домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид!
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кардааст.
Ҳоҷӣ Мирзо гуфтааст, тайи даҳ рӯз дар масҷиди мавзеи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб, ки замоне масъулияти хатибии онро бар душ дошт, бо мардум гуфтугуҳо анҷом дод ва онҳоро аз хатарҳои Салафияву Ваҳҳобия ва гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ҳушдор дод. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба ҳафтаномаи СССР таъкид намудааст, ҳарчанд ҳадафи онҳо аз чунин мулоқотҳо пешгирӣ намудан аз пайвастан ба ҷараёнҳои зиддидавлатӣ аст, аммо бо вуҷуд аз оростани ин гуна суҳбатҳо тарс доранд: “Тарси мо аз ин аст, ки мабодо мақомот фикр накунанд, ки 1 нафар домуллои бе мансаб, яъне банда бо мардум вазъ мегӯяд. Мабодо ба сохторҳо суҳбатҳои моро дигар хел бурда расонанд. Ҳарчанд ҳадафи мо пешгирӣ аз тавтеъаи ҷараёнҳои зиддидавлатист. Мо талош мекунем мазҳаби падарии хешро ҳифз кунем, ҷавононро ба ин мазҳаб дилгарм созем”.
Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар идома изҳор доштааст, зиндонӣ кардани узви гуруҳҳои ифротӣ маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад: “Имрӯз мешунавем, ки саф-саф ҷавонони кӯлобиро ҳабс ва аз ину он ноҳия боздошт мекунанд, вале бояд дарк кард, ки мардумро зиндон кардан, маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад, сафи зиндониёнро набояд зиёд кард. Инҳо ба зиндон, ки рафтанд усулан аз ин раванд намебароянд, зеро зиндон ҳатто розиёнро норозӣ месозад, ки ҳақиқатро бояд дарк кард! Ба пиндори сирф фардии мо, роҳи раҳоӣ аз вартаи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ҳаст ва он роҳи зӯрӣ набояд бошад”.
Ҳоҷӣ Мирзо роҳи муваффақ шуданро дар набарди психологии мазҳабу равияҳои дигари ҷангхоҳ - шинохти бештари Абӯ Ҳанифа ва мазҳби Имоми Аъзам дониста, таъкид намудааст, Абӯ Ҳанифаро бояд тарзе муаррифӣ намуд, ки бо шунидани номи ӯ пайравонаш раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаву ҷонашонро фидояш созанд, мисле, ки ҷавонони ҷангҷӯ барои кадом пешвои имрӯзаашон мекунад. Ба бовари вай, баъзе аз ин афрод ҳатто саводи кофии динӣ надорранд: “Мисол онҳо мегӯянд, бинед, дар кишвар масҷидҳоро хона мекунанд (дар назар доранд масҷидҳои хурд-хурдеро, ки дар маҳалҳо ҳастанд), сатрҳои занҳои моро мегиранд, масҷидҳоро мебанданд, минбарҳо микрофон надоранд... Мо набояд равғанрезӣ таблиғу ташвиқашон гардем. 4 даҳан гапи сахт мегӯянд, ҷавонон онҳоро устод гуфта, аз пасашон мераванд, дар асл саводе ин устодону шогирдон надоранд”.
Ҳоҷӣ Мирзо дар ин суҳбат бо ҳафтаномаи СССР аз афзоиши таҳдидҳои зиддимазҳабӣ ҳушдор дода, гуфтааст, воқеан имрӯз мазҳаби мо дар хатар аст. Ба таъкиди ӯ набояд ба “заҳролуд” шудани ҷавонон роҳ дода шавад: “Минҷумла, домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид! Ҳар рӯз дар Кӯлоб ва дигар навоҳӣ мешунавем, 5-10 нафарро доштаву ҳабс мекунанд. Сабаб чист? Сабаб манъи суҳбати мазҳабӣ аз ҷониби домуллоҳои мазҳабии мост”.
Руҳонии тоҷик инчунин савол гузошта, душмане, ки на силоҳ дорад, на дониш ва на Қуръонро тафсир карда метавонад, чаро ҷавононро ба ҳалқаи доми тазвир мегираду афсун мекунад? Ва дар ҷавоби ин саволаш гуфтааст: “Зеро халои мазҳабиро кашф кардаанд, инҳо бештар психологанд, ки олими фиқҳу тақво бошанд. Онҳо аз камбуди сиёсиву идеологии мо сӯистифода мекунанд ва ба сарҳои ҷӯши ҷавонон нохун мезананд”.
Ба қавли Ҳоҷи Мирзо дар кишвар домуллоҳои донишманди қавӣ ҳастанд, вале минбар надоранд, то аллайҳи гуруҳҳои ифротгаро сухан бигӯянд: “Домуллоҳои мо дар дониш, илм, фиқҳ, тафсири Қуръону ҳадис аз онҳо ба карат болотару донотару қавитаранд. Зеро аксарияти кулли онҳе, ки ба дом уфтодаанд, саводи казоӣ надоранд. Вале онҳо дигар чиз доранд - минбари пинҳонӣ, интернету телефону ваъзҳои барангезанда. Мо на минбар дорем, на микрофон, на суҳбат карда метавонем. Бигузор суҳбатҳои мо сабт шаванд, пахш шаванд, ку бинем, мо зидди мазҳабем ё пуштибони мазҳабу давлату миллат?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |