Командири "ОМОН" гуфт, “ба Давлати исломӣ пайвастам”
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори тадвину танзимшудаи видеоие дар бораи полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр шуд. Ӯ дар ин филм бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда ва худро муаррифӣ мекунад.
Гулмурод Ҳалимов дар ин филм, бо забони русӣ худро комилан муаррифӣ менамояд ва хотирнишон мекунда, ки дар Русия ва солҳои 2003 ва 2008 дар Амрико давраҳои омӯзишии низомиро гузаштааст. Инчунин мегӯяд, ки Академияи ВКД-и Тоҷикистонро бо рутбаи майор хатм намудааст.
Ҳамчунин мегӯяд, ки аз хурдсолӣ бо Ислом ошноӣ дошт ва намоз мехонд: “Замоне дар мактаб мехондам, таърихи тоҷикон, таърихи исломро омухтам. Онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд. Замоне “Давлати исломӣ” пайдо шуд мегуфтанд, ки гуруҳи давлати исломӣ аст, вале дар воқеият ин “Давлати исломӣ” мебошад ва тасмим гирифтам, ки ба он бипайвандам. Ин ҷо шариат аст, шариате, ки дар Қуръон гуфта мешавад".
Ҳалимов дар ин филми 12 дақиқаӣ аз қавонини Тоҷикистон, ки ба назари вай мухолифи шариат мебошанд, интиқод мекунад. Ӯ дар хитоб ба муҳоҷирини тоҷик мегӯяд, "ғуломи кофирон набошед ва ғуломи Аллоҳ бошед". Ҳамчунин паёме хашин ба Амрико ва амрикоиён мезанад ва онҳоро ба он гунаҳкор мекунад, ки чӣ гуна ҷанговаронро омода мекунанд, то мусалмонҳоро бикушанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" дар навор аз ҷаласаҳои Вазорати умури дохилӣ зикр мекунад, ки ба гуфтаи ӯ роҳбарони ин ниҳод зидди ҳиҷобпӯшии духтарон дастур дода, бархе масъулини вазорат барои бадном кардани ҳиҷобпӯшон ба фоҳишаҳо ин либосро мепӯшонанду онҳоро ба навор гирифта, тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нишон медиҳанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" таҳдид кард, ки ба Тоҷикистон бо ҳадафи барқарор кардани хилофати исломӣ бармегардад.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ин видеоро шарҳ надодаанд.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд. Ба иттилои манобеъ силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда буд. Дар пайи ғайб задани Ҳалимов расонаҳои Тоҷикистон аз пайвастани ӯ ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар доданд, аммо мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.
Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |