Бахшҳо

Исломшиносони назди Президент: Ислом ягон шакли стандартии либосро таъин накардааст

Нусратулло Зокиров, сардори шӯъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон ва Шарофиддин Фозилов, мутахассиси пешбари шӯъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии ин марказ бо нашри як матлаб гуфтаанд, шариати исломӣ ягон шакли муайяни либоси диниро барои ҳамаи мусалмонҳо таъин накардааст. Онҳо иддао доранд, либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ба шароити ҷуғрофии Арабистон мувофиқ аст, аммо дар Тоҷикистон шароит дигар асту либоси миллии мо низ ҳеч мухолифате бо шариати Ислом надорад. “Озодагон” матлаби Зокиров ва Фозиловро бетағйир пешкаши хонандагон мекунад:

Раванди ҷаҳонишавӣ мушкилотеро дар назди ҷомеаҳо ба миён мегузорад, ки муносибати афроди ҷомеаро ба ҷаҳон ва олами атроф норавшан месозад ва коркарди низоми дурусти муносибатҳо амри воқеӣ мегардад. Махсусан ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳои мухталиф фарҳанги таҳаммулпазириро талаб менамояд. Бино ба далелҳои оморӣ имрўз дар кураи замин 7 миллиард одамон зиндагӣ мекунанд, ки 19 дар сади онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Албатта, яке аз аломатҳои зоҳирие, ки мусулмононро аз пайравони дигар дину оинҳо фарқ мекунад, ин сарулибос мебошад. Шариати исломӣ бевосита ягон шакли муайян ва стандартии либоси диниро барои ҳамаи мусулмонон таъйин накардааст, балки кўшиши пўшиши нуқтаҳои муайяни баданро, ки бештар ҷанбаҳои ахлоқӣ-иффатӣ дорад, баён намудааст. Мусулмонони кишварҳои мухталиф либоси шаръиро мувофиқи минтақаи ҷуғрофӣ ва мутобиқи фарҳангҳояшон интихоб ва татбиқ намудаанд.

Агар дар ислом барои мардон бадани худро аз зонувон боло то ноф пўшида нигоҳ доштан муайян гардида бошад, вале бояд иқрор шуд, ки тоҷикон ҳанўз қабл аз ислом либосҳои остинкўтоҳро намепўшиданд ва либосҳои миллии онҳо бадани онҳоро пурра мепўшонид. Ва тоҷикон мувофиқи шароити ҷуғрофӣ ва ҳаёти шаҳрнишинию кишоварзии худ либосҳои мувофиқи миллӣ доштанд, ки чеҳраи миллии онҳоро ифода мекард. Агар дар шароити гармои нимҷазираи Арабистон пайғамбар пўшидани либосҳои абрешимиро барои арабҳо манъ карда буд, ин маънои манъ будани он барои тамоми мусулмононро надошт, зеро дар ислом сухан на дар бораи сатри арабӣ, балки дар бораи пўшидани аврати бадан меравад. Дар минтақаҳои кўҳистону хунук мардум аз абрешим намудҳои гуногуни либоси миллиро тайёр ва истифода мебурданд. Дар ислом, аз ҷумла дар ояти 31 сураи «ан-Нур» сухан дар бораи сатри аврат рафтааст, на дар бораи пўшидани либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ва он дар шароит ва муҳити ҷуғрофии араб барои аз чангу ғубор ва қуми биёбон ҳифз кардан бисёр қулай буд. Баъди густариши ислом ҳам муҳити ҷуғрофии араб тағйир наёфтааст ва ҳамон сатр дар шаклу муҳтавои нав ҳамчун воситаи ҳифз аз ҷангу қуми араб то имрўз боқӣ мондааст ва аслан зодаи ҳаёти воқеии табиӣ-иҷтимоии араб буд.

Вале як чизро мебоист ба назар гирифт, ки сарулибос низ дар асоси шариати исломӣ вобаста ба маҳалҳо ва минтақаҳои истиқомати мусулмонон аз ҳам фарқ мекард. Лекин ҳамаи талаботи динӣ ба либос риоя мегардид. Махсусан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин намуд либосро ба таври ба худ хос занону модарон ба бар мекарданд, ки гўиё фарҳанги ғании тоҷикон бо омезиши табиати муҳит буд. Масалан, либосҳое, ки дар минтақаҳои Зарафшону Бадахшон, Хатлон, Рашту Ҳисор мепўшиданд, дар маҷмўъ як чиз буд ва як қисмати бузурги фарҳанги миллии мо низ ба шумор мерафт, ки ба ислом ҳеҷ ихтилоф надорад, зеро либоси миллии мо вазифаи сатри исломиро адо мекард ва мо ҳеҷ вақт сатри арабиро, ки ба шароити ҷуғрофии мо мувофиқ набуд, қабул накардаем. Ягон ниҳоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар масъалаи сатри исломӣ ҳеҷ дахолате накардааст, балки ҳукумат зидди тақлидкорона ҳамчун сатр истифода бурдани либосҳои бегона аст, ки ба анъанаҳои фарҳанги исломию миллии мо мувофиқ нестанд.

Албатта, бо раванди ҷаҳонишавӣ таъсири либосҳои кишварҳои дигари исломӣ ба либосҳои миллии мо низ расида истодааст. Ва дар навбати худ мо дар як қатор кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо нақши муҳим мебозад, мушоҳида менамоем ки шаҳрвандонашон на танҳо либосҳои ба ном дизайни исломӣ, балки либосҳои ғайрисуннатии аврупоӣ низ мепўшанд.

Чуноне зикр гардид, дар зери истилоҳи «ҳиҷоб» ҳамаи намуди сарулибосе, ки бадани занонро мепўшонад (тамоми бадан, ба ғайр аз рўй ва кафи дастон) фаҳмида мешавад, новобаста аз он ки ин либос чӣ рангу намуд дорад. Яъне, дар сарчашмаҳои исломӣ ба таври ошкоро омадааст, ки сарулибоси зани мусулмон кадом ҷойҳои баданро бояд бипўшонад, вале наомадааст, ки ранги ин либос бояд сиёҳ бошад. Дар сураи Аъроф, ояти 26 омадааст: «Эй фарзандони Одам, Ба таҳқиқ барои шумо либосе қарор додем, ки аврати шуморо бипўшонад ва ба шумо зинат бахшад». Пас, агар нақши либос, аз як тараф, пўшидани аврат бошад, аз тарафи дигар, ба инсон зинат бахшидан аст. Барои он, ки либос барои инсон зинат бахшад, хуб аст, ки онро аз рангҳои гуногуне, ки хусусияти ҷалбкунандагӣ ва ё нафратоварӣ надошта бошанд, тайёр кунем, то ҳам барои хеш ва ҳам барои дарвеш пурманфиат бошад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо дар поёнтари сураи Аъроф, ояти 32 боз чунин омадааст: «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» Аз рангҳои писандида дар ислом, ки онҳо ба Пайғамбар (с) низ хушоянд буданд, рангҳои сафед ва сабз мебошанд. Чунончи аз Ибни Аббос ривоят шудааст, пайғамбар гуфтааст: «Либосҳои сафеди худро бипўшед, барои он ки онҳо аз ҷумлаи беҳтарин либосҳои шумо ба шумор мераванд ва инчунин мурдаҳои худро низ бо он (либоси сафед) кафан кунед». (Ривояти Абўдовуд ва Тирмизӣ). «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» (7:32)

Дар ҷамъбасти суханони баёншуда чунин хулоса кардан мумкин аст: сарулибос набояд ҳатман сиёҳ бошад; он бояд хеле хоксорона ва боиффат бошад, то мояи кибру худнамоӣ нагардад; либоси бонувони тоҷик бояд аз мардон фарқ дошта бошад, зеро симои зан дар фарҳанги миллии мо ҳамчун рамзи поктинатӣ, зебоӣ ва покдоманӣ аст; бо назардошти шароити имрўза ва зарурати ҳифзи анъанаҳои суннатию динӣ бояд аз ҷониби тарроҳон либосҳои нави шинаму зебо барои бонувон дар шаклу намудҳои гуногун пешниҳод шаванд.
Мӯҳр
Риш намонед сатр напушед масчид наравед пас дар хаки ин миллату ин давлат ки дуои хайр мекунад мана окибаташ долар 670 рубл 90 кор нест пул нест кризис

Имрузхо иштироки занон низ дар хаёти чомеа шакл гирифтааст ва онхо дар пешрафти иктисодиёту ичтимоиёти давлат сахмгузор хастанд. Вакте занони сиёхпуши точикро мебинам, хис мекунам, ки чархи таърихро кафо гардонан мехоханд ва занони мо бо озоди падруд гуфта, паси хичоби барои онхо бегона ворид шудан доранд. Сардори давлатамон дуруст кайд намуданд, ки таърих ва мохияти ин тарзи либоспуширо надонистан онхоро ба ин варта бурдааст.

Кабир
эй бародари азиз гуфтаатон дуруст аст, вале на дар амал барои чи як маротиба ред ташкил намекунен барои либосхои аврупои. аз кучо шуниди ки занону хохарони мо факат сатри сиёхро харидори мекунанд Хар яки онхо маъкули дили худро интихоб мекунанд. Мо либоси миллиамонро рад накардем. ин либосхо талаботи исломро конеъ мекарданд вале ин дар гузашта буд, Як маротиба агар инсони комил боши дар атрофи ш. Душанбе сайру гашт кун ва хулосаатро барор ки гуфтахоят дар амал дуруст хаст ё не?

Махмуд
Шарофиддин чо кард?

Murad Amani
Огои Нусратуллох хар чи мехостам бигуям ки гуфта шудааст аз тарафи бародарони диниам. Шумо ки имруз олими диншинос шудаед ва акида доред ки исломи пок чигунагии дибоси исломиро иуаян накардааст пас шумо чи хак дорен ки имруз муаянмесозед? Магар аз Худо наметарси ки рузе вориди кабр мнши чи чавоб бар ин зиддиятат медихи??? Чаро инкадар фарханг фарханг меги аммо аз либоси аврупои сухан намеги? Чи момову момокалонат дар замони пнш аз саюзу демократиат сарилучу ..луч будан??

Хичоб дар хакикат барои мардуми мо бегона аст. Вокеъахои вактхои охир дар матбуот дарч шуда гувохи медиханд, ки хичоб хеч вакт наметавонад пеши нияти бадро гирад ё боиси тарбияи ахлоки гардад. Пайдо шудани фохишахои хичобпуш аз ин гувохи медиханд. Мо бояд ба он кушиш намоем, ки чи дар мактаб ва чи дар оила дар замири духтарону занон андешахои пок ва ахлоки хамидаро тарбия намоем. Занону духтарон аъзои комилхукуки чомеъаи мо мебошанд.

Мистер Х
Ба Нигина,

Шумо харчиро дар ТВ-хои точики дидед онро кабул мекунед. Намешавад як китобхои мукаддаси Исломро гирифта хонед. Охир Пайгамбари мо Мухаммад (С.А.В) сатрпуширо ичозат додаанд. Ин бегона, вай бегона. Шумо чиро милли меномед. САТР на ба арабу, на ба турку на ба хинду дигар дахл надорад. САТР моли Ислом аст.

Нусратулло Зокиров ва Шарофидин Фозилов!

Бас кунед Шумо наметарсед ки Аллох фармон дода бошад ки номи Шуморо дар руйхати бошандагони ахли Дузах амр карда бошад???? ВАЛЛОХ КАСАМ ИН БА ХУДО ОСОН АСТ!!! БА ХАМИН СУХАНО ВА ДУРУГАТОН ХУДРО ХАМ ДАР ИН ДУНЁ ВА ХАМ ДАР ОН ДУНЁ ШАРМАНДА КАРДЕД.

БА КУДАКОНИ ХУДАТОН ДАСТУР ДИХЕД КИ ЛИБОСХОИ УРЁНУ ФОСИКИ ПУШАНД БА КУДАКОНИ МО КОРДОР НАШАВЕД ГУМРОХОНИ АХМАААКК!!!

ЯХЕЛ КОРМАНДОНИ ХУКУМАТ ПООЛНЫЙ ГУМРОХ ШУДИЯН ВА КАСЕ ГАЙР АЗ АЛЛОХ ИНХОРО ХИДОЯТ КАРДА НАМЕТАВОНАД БАРОИ ХАМИН ЧИ БАР САНГ БИГУИ ЧИ БА ИН ТОИФАИ ГУМРОХ ФОЙДА НАДОРАД. МУСАЛМОНОНИ ГИРОМИ ХУДРО АСАБИ НАКУНЕД ИНХО ЧОЙИ ЗИСТИ ХУДРО ДАР ДУЗАХ ОМОДА КАРДА ИСТОДААНД, МО БОШЕМ АЗ ПАЙИ ОБОДДИИ ОХИРАТИ ХУД БОЯ КУШИШ КУНЕМ.
ПАРИТОВУС ЛАТИФ АСТ БА КАРГАС НАРАСАД,
АКЛ ХАМ ШАРИФ АСТ БА ХАР КАС НАРАСАД!

КУРАНД ИН ТОИФА ХАКИКАТРО НАМЕБИНАНД
КАРАНД ХАКИКАТРО НАМЕШУНАВАНД
ДИЛХО ХАМА ЗАНГ ЗАДААСТ СУХАНИ ХАКРО НАМЕПАЗИРАНД.

Чашм аз барои дидани оёти қудрат аст,
Гӯш аз паи шунидани ахбори ҳикмат аст.
Ҳар гаҳ, ки ҳақ набинаду ҳақ нашнавад касе,
Кӯру кар аст,балки аз он ҳам фурӯтар аст

Субхоналлох чи гуна риштаи сиёхро медонед сиёхаст сафед мегуед. Бозгашт ба суи Худост чи гуначавоб медихед? Оёдастуроти Илохи чунин аст ки хакикат пушонед? Эй масъулинидин ВаАллохикасам рузи Киёмат ин миллати мазлум аз шумо низ норизоги арз хохад кард бар Молик ул Мулк он вакт чи гуна чавоб хохед дод? Оё насихатхои Модарамон Оиша р.а. ро фаромуш кардед? Оё фаромуш кардед он лахзаеро ки ояти пушидани сатр нозил гашт занхое дар бозор харид мекардан порчаи либоси худро касе даронда, касе харида риояти оятуллохро карданд ва бале ранги сиёх амри Илохи нест аммо тавсияи Модарамон Оиша р.а. аст, ба хотири ин ки либосхои ранга диккати мардонро чалб мекунад ба суи зан аммо оне ки хамма сиёхпуш бошанд дар назар чудо наменамояд зан ва дар Хачч магар ин холатро пай набурдаед, ки аз хисоби гум нашудан баъзе гуруххои зоирин либоси дигарранг мепушанд то ёфтани якдигар осон гардад. Яъне боки монда он сиёхпушон гумроханд ба акидаи шумо? Чашм боз кунед Субхоналлохи, оё намебинед ки сагчахо сатрхои авратонро дар бозору хиёбонхо канда гирифтанд харчанд онхо ранги сиёх надоштанд. Интернет пур аз чунин наворхоянд ё инро низ инкор мекунед ва дум зери думгоза нигох медоред??islam,

Пас барои чи либоси аврупоиро касе чизе намегуяд ё либоси аврупои ба мо бегона нест?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)