Бахшҳо

ВИДЕО: “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?”

Дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурини пулис бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб нашр шудааст, ки дар он маъмурин аз зӯр кор гирифта, ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд.

Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.

Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.

Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”

Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.

Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"

То ҳол, Вазорати умури дохилӣ ин наворро шарҳ надодааст. Нашри навори мазкур дар ҳолест, ки ахиран аз ҷониби маъмурини пулис маъракаи густурда алайҳи ришу ҳиҷоб роҳандозӣ шуда, дастури махсуси Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ содир шудааст, ки ба ҷилавгирӣ аз майли бархе аз занон ба либоспӯшии барои фарҳанги тоҷикон бегона равона шудааст. Аммо роҳбарияти мақомоти умури дохилӣ таъкид карда буд, ки ин маърака тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ роҳандозӣ шавад, на тариқи зӯроварӣ.


Мӯҳр
sharif
Ман ин наворро дар ю-туб зери “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?”дидам ин амалхои кормандони полис ки якеаш бо либоси шахрванди буда беадабона рафтор мекунад гайри конуни буда зидди хукуки конститутсионии шахрвандон аст.
Вазорати макомоти дахлдор бояд ва хатман чунин коргарони бефаросаташро аз кор бо модда озод намояд .

антиараб, Дини араб не дини Ислом гуй! Агар ту кофару Атеисту Матералисту Мачуси боши Мо точикон алхамдулиллох Мусалмонем.Ту Чиходро чи медони? Ту худатро намешиноси. Агар худатро мешинохти Холики худро хам мешинохти. Худо хидоятат кунад агар кобили хидоят набоши омодаи Оташи сузон бош!

Ба Сина, то ки номи Синои машхур догдор нагардад. Дар бораи техникаю таракиёт гап мезани, охир бо ин ришу фашату латахои арабитабори сипсиёх ба гайр аз бинии худат дигар чизеро ту намебини? Бо ин афту андом ба гайр аз вахшоният дигар ба ягон чиз кодир нести! Пеш аз номи Хукумати Точикистона гирифтан, як бор худата дар оина бин ва чукуртар фикр кун, (агар дар хамон калла ягон магз бошад) ки ту худат барои ободии ВАТАН чи карди, ба гайр аз ришмонию салаву копча дар сари занхои бечора мачбуран кашидан ва дар байни мардум чудой дохтан... Бародар, номгардон кун, то номи бузургхоро костаю шарманда накуни... Озодагон, чоп кун, то ин игвогарон каме ба кадри тинчию осудаги бирасанд!

ТОЧИК
РИШУ САТРО МОНДА БАХРИ БЕХБУДИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ОБОДИИ КИШВАР АНДЕША КУНЕД. БА ФАРЗХОИ ХУДО КОР НАГИРЕД ОКИБАТИ ХУБ НАДОРАД. МОНЕД ТИНЧУ ОРОМ ДАР ХАМИН МУЛКИ ХУДОДОД, КИ НОМАШ ТОЧИКИСТОН АСТ ЗИНДАГИ КУНЕМ....

Биёед кормандони хифзихукуро гунахкор насозем. Чи мешавад, ки занон сатр нею руймол банданд, чавонон бошанд ришхояшонро мегирифтан.

анти араб,
ту агар чаханамро интихоб карда боши ин ихтиерат! аммо ба ришдорхо хичоб доро кордор нашав! ! !. . . озодагон илтимос чоп кунед.

Ришдори гайри фархангу маданияти точики буда наметавонад, аз Куруши Кабир сар карда то Исмоили Сомони, Аз Рудаки то Руми, хама ришдор буданд, ин хуввияти миллиии МАРДОНИ ориёитабори мост, ки имруз ин нобакорони ноточикони тег барои тарошиданаш тез кардаанд

abdulloh
Мабодо ин зулму фишорхо ва поймолкардани хукуки озоди ва исломии ин шахрвандон ба ходисае ки дар игроку сурия шуда истодааст рух надихад?ё максади инхо Боз бо мардуми бе яроккати чангидан АСТ?!!!!

абдулло
мо сиесати чаноби олиро дастгири мекунем вале барои чи хизматгарони тамалуькор ба чои сала каларо мигиранд ва эьтикоди мардумро аз давдату давлатдорон мегардонанд

Шариф
Патриот ту ай худо битарс на аз ришдорон

ХАТТО ДАР АМРИКО БО МУСАЛМОН ЧУНИН МУНОСИБАТ НАМЕКУНАНД ИН ЗУЛМЕ БЕШ НЕСТ. ОН РУЗ ДУР НЕСТ КИ БО САБАБИ ИН НОАДОЛАТИХО БАЛОЕ БА САРИ ИН МИЛЛАТ МЕОРАНД. ГУЁ МАСЪАЛАИ БО ЧОИ КОР ТАЪМИН КАРДАНИ ЧАВОНОНРО ДАВЛАТ ХАЛЛУ ФАСЛ КАРДААСТ КИ ДАСТ БА РИШУ ХИЧОБИ МАРДУМ ДАРОЗ МЕКУНАНД, 1,5 МИЛЛИОН ТОЧИК ДАР РУСИЯ ХИЗМАТИ РУСРО МЕКУНАД АГАР РОХБАРОНИ МО НАНГУ НОМУС ДОШТА БОШАНД ВА ДАР ГАМИ МИЛЛАТ БОШАНД МАРХАМАТ ИН МУШКИЛИРО ХАЛ КУНАНД АНА МУШКИЛИ ДАР ИНЧОСТ.

Ба патриот гуфтаниям ки Аллох таоло руи мардро дурушту ру занро латиф офаридааст. Мардро бо ришу занро бо муй зиннат додааст. Акнун хулосаатро барор. Бобоёни ришдорат дар киёмат бо ту чи мегуфта бошандааа...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)