Бахшҳо

Мӯзаҳои Алимардонро кӣ мепӯшад: Шералӣ Кабир, Давлатзода ё Рустамов?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Бо рафтани Муродалӣ Алимардон, яке аз мансабдорони пурнуфуз ва дар гузашта мавриди эътимоди президент дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аз симмати муовинати сарвазири кишвар, акнун ҳарфи пурсарусадо дар долонҳои ҳукумат ин аст, ки кӣ ҷойи Алимардонро мегирад? Ҷойе, ки Муродалӣ Алимардон баъди ошкор шудани камбуди молиявӣ дар Бонки миллӣ ба он оварда шуд ва Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ӯ ва вазири вақти кишоварзӣ -- Қосими Роҳбар хитоб кард, ки мӯзаҳоро пӯшед ва ба дунболи рушд додани соҳаи кишоварзии мамлакат бошед. Ва баъди ин дастури Раҳмон буд, ки Алимардон ва Қосими Роҳбар бо мӯзаҳои худ дар пардаи телевизион ва дигар расонаҳо пайдо шуданд.


Ҳоло ба унвони фарзияҳои эҳтимолӣ омадани се нафар: Шералӣ Кабиров, директори молиявии КВД “ТалКО”, Нусратулло Давлатзода, раиси феълии Кумитаи андоз ва Суюнхон Рустамов акнун роҳбари собиқи “Агроинвестбонк” ба ҷойи Алимардон сари забонҳост. Ҳамчунин аз нафари дигари мавриди назари роҳбарияти волои кишвар ҳам сухан дар миён аст, аммо шахсияташ барои таҳлилгарон ҳанӯз ошкор нашудааст. Вале шонси кадоме аз ин се номзади эҳтимолӣ бештар аст? Ин ҳам дар ҳоле ки сару садоҳо дар мавриди ҳазфи ин мансаб ҳам вуҷуд дорад.

Аммо дар оғоз дар бораи Алимардон ва мансаби ӯ. Муродалӣ Алимардон, ки миёни мардум бештар бо номи Алимардонов маъруф аст, аз пурҳангоматарин мансабдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз замони раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданаш то чанд соли пеш буд. Миёни мардум дар бораи дороиҳои ҳангуфти ӯ, раммаҳои зиёди гӯсфанд, галлаҳои бисёри асп, заминҳои бешумор дар водии Ҳисор, токзорҳову боғоти васеъ дар ҳамин водӣ, комбинати бофандагӣ дар ноҳияи Ҳисор (маъруф ба текстили Алимардонов), бонк дар Душанбе (“Агроинвесбонк”, ки ҳамакнун Алимардон раиси он таъин шуд ба таври ғайрирасмӣ ба ӯ мансуб дониста мешавад), инҳисори баъзе намудҳои бизнес дар дасти ақрабо ва нафарони наздик ба ӯ қатрае аз баҳри дороиҳояш дониста мешуданду мешаванд.

Бештар дар бораи Алимардон ин ҳарф зада мешуд, ки ӯ боэътимодтарин мансабдор барои Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин зеҳният ҷаноби Муродалиро ба як мансабдори афсонавӣ табдил дода буд. Вале дар поёни соли 2007, баъди аудити Бонки миллӣ аз тарафи ширкати аудитории бритониёии "Ernst and Young", ки роҳбарияти Бонки миллиро ба сӯиистифода аз мақом ва интиқоли 856 миллион доллар ба суратҳисобҳои ширкати хусусии “Кредит-Инвест”, ки махсус ва масъули таъмини молии ширкатҳои сармоягузори хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон будааст, муттаҳам намуд, сару садоҳо давру бари номи Алимардон бештар шуд. Вале дар ин замон Муродалӣ Алимардон, ки гумону тахмин мерафт муҷозот шавад, ба симмати муовини сарвазир боло бурда шуд. Тибқи гузориш "Ernst and Young", ки дар пайи аудити бонки миллӣ нашр кард маблағҳои барои сармоягузории пахтапарварӣ ихтисосшуда ба ширкатҳои бародар, падар ва худи Муродалӣ Алимардон интиқол меёфтаанд ва 221 миллиону 500 ҳазор доллар, ки дар солҳои 2004-2007 ба соҳаи пахтакорӣ гузошта шудаанд, аз ҳисобу китоб берун мондаанд.

Таъин шудани Муродалӣ Алимардон ба мансаби муовини нахуствазир дар ҳоле буд, ки баъди тағйироти сохтории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоботи президентӣ дар соли 2006 мансабҳои муовини сарвазир аз 5 ба 3 ихтисор шуданд. Вале дар январи соли 2008 барои Муродалӣ Алимардон як мансаби дигари муовини сарвазири Тоҷикистон ба қавле “тарошида” шуд, ки мудирияти масоили кишварзӣ, сиёсӣ ва то андозае иқтисодиро дар ихтиёр дошт. Бар асоси қавоиди нонавишта дар сиёсати кадрии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати кадрии аҳди Шӯравӣ ба мерос мондааст, дар мансабҳои давлатӣ тавозуни ҳузури намояндаҳои минтақаҳои кишвар ба назар гирифта мешавад. Ҳарчанд дар ин авохир ин тавозун чандон риоя ҳам намешавад. Дар мансаби муовинини сарвазири кишвар, ки ҳоло 2 намоянда аз минтақаи Кӯлоб: Давлаталӣ Саидзода ва Азими Иброҳим ва якеи дигар намояндаи минтақаи шимол - Марҳабо Ҷабборӣ мебошанд, нафаре, ки ба ҷойи Алимардон меояд бастагӣ дорад ба ҳамон қоидаи нонавиштаи тавозуни намояндаи минтақаҳо.

Бар асоси ин қоида Алимардон минтақаи водии Ҳисор (ва ҳамин тариқ минтақаи навоҳии тобеи ҷумҳурӣ)-ро дар симмати муовинати нахуствазир намояндагӣ мекард. Акнун гуфта мешавад, касе ки ба ҷойи Алимардон меояд бояд ё намояндаи ҳамин водӣ бошад ва ё намояндаи ВМКБ. Чаро ки то соли 2006 яке аз мансабҳои муовини сарвазир дар ихтиёри намояндаи ин вилояти мухтор буд, ки онро чандин сол Қозидавлат Қоимдодов дар ихтиёр дошт.
Аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ин симмат бештарини соҳибназарон омадани Шералӣ Кабиров, директори молиявии КВД “ТалКО”-ро воқеитар медонанд. Чун Кабиров яке аз нафарони наздик ва мавриди эътимоди Ҳасан Асадуллозода, роҳбари “Ориёнбонк” (яке аз бонкҳои бузургтарини Тоҷикистон) ва ҳамчунин додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, дониста мешавад, ки ҷаноби Асадуллозодаро аз нафарони таъсиргузор дар тасмимоти сиёсии ғайрирасмӣ медонанд.

Гузашта аз ин шахсияти Кабиров, ки аз ӯ ҳам ба унвони як тоҷири муваффақ ва як менеҷери эътирофшуда дар Тоҷикистон ном мебаранд мувофиқ ба ин мансаб мебошад. Кадри ҷавон, номзади илми иқтисод ва намояндаи минтақаи Бадахшон. Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ба ҷойи Алимардон касе меояд, ки мутахассиси соҳаи кишоварзӣ (аграрӣ) бошад. Вале худи Алимардон ҳам маълумоти академии кишварзӣ надошт, ҳарчанд раммаҳои зиёди чорво ва галаҳои аспу замину боғоти зиёдашро мардум тавсиф мекунанд. Омадани Шералӣ Кабиров ба ин симмат миёни нафарони наздик ба худи ӯ низ дар чархиш аст ва эҳтимоли зиёди омадани оқои Кабировро яке аз шарикони собиқи тиҷоратияш ба “Озодагон” ҳам воқеӣ хонд. Аммо бо вуҷуди ин гуфта мешавад, ки дар ин авохир мансабдорони мавриди назари ҷаноби Асадуллозода ҳам бар асари ҳузур ёфтани чеҳраҳои нави таъсиргузор дар сиёсати кадрӣ дар курсиҳои худ устувор боқӣ намемонанд. Ин аст, ки сару садои омадани ду номзади эҳтимолии дигар ба ҷойи Алимардон вориди гуфтумонҳо мешавад.

Ду номзади дигар Нусратулло Давлатзода ва Суюнхон Рустамов, ки баъди Шералӣ Кабиров соҳибназарон эҳтимоли омадани яке аз онҳоро пешгӯӣ мекунанд, дар шароите имконпазир аст, ки дуюми аз мансаби мудири “Агроинвестбонк” барканор шуд. Пеш аз Наврӯз ҳам барканор шудани Нусратулло Давлатзода аз мансаби раиси Кумитаи андоз расонаӣ гардид, вале дар ин бора қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон содир нашуд. Акнун сару садоҳое шунида мешавад, ки Давлатзода ба ҷойи Алимардон таъин мешавад. Суюнхон Рустамов, ки эҳтимоли хеле ками таъин шудани ӯро пешгӯӣ менамоянд, танҳо бо як шонс дар рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ қарор гирифтааст, ки дар гузашта муовини вазири кишоварзӣ буд.

Дар ҳамин ҳол соҳибназарон дар мавриди ҳазф шудани мансаби нахуствазир, яъне ҷойи Муродалӣ Алимардон ҳам изҳори назар менамоянд. Ва ин эҳтимол ҳам ба воқеиятҳо наздик аст. Зеро замоне, ки аудити ширкати бртониёии "Ernst and Young" фасодкориҳоро дар Бонки миллӣ фош намуд, гуфта мешуд Алимардон зери фишори Сандуқи байналмилалии пул ва дигар созмонҳои молии байналмилалӣ аз вазифа барканор шуд. Ва таъйини ӯ дар мансаби муовини сарвазир рӯйпуш кардани ин камбудҳои ҳангуфти Бонки миллӣ буд. Ҳоло дигар он “афсона”-и Бонки миллӣ фаромӯш шуд ва рисолати ин мансаб ҳам ба поён расид.

Вале ҳарфи ниҳоӣ дар бораи ин фарзия ва эҳтимолиятҳо ба фармони Президенти Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки дар ҳафтаҳои наздик бояд содир шавад. Коршиносон ҳам ҳадс мезананд, ки сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмон бисёр пешгӯишаванда нест ва хеле асроромезу печида мебошад.
Мӯҳр
Асадулло
Хакчуй аввал ин ки номатро дигар кун, НОХАК мон, бадан ин ки сабабхои мушкилии молиявии Талко, ин паст шудани нархи алюмини дар чахон ва манъи гази табии аз Узбекистон ба Точикистон мебошад ва он косаву чойник, дегхо, ашёхои пластики, дискхои монинхо ва гайра холохам истехсол шудестаст бо кадри имкон-НОХАК.

Шохин... Ман факат воеиятро гуфтам ва касеро таърифу тавсиф ва ё сарзанише хам накардам ва билохир гуфтаниам, ки ман хукуку вазифахоямро хеле хуб хам медонам.
Айни замон панди хирадманде дар хусуси он ки ном инсонро шафоъат мекунад манро дар хайрат мондааст, ки бо номи Шохин инсон тезбину тезфахм во доно бояд бошад.
Лекин аз навиштахоят буи кунзехнию аз ифшои нуткат буи бесаводи меояд...
Додаракам, ба фикри ман агар ба чои мошинсавори вакти холигиатро бештар ба хондани китобу мачаллахо ва иштирок дар машваратхои донишмандон сарф мекарди аз чамъият дур намемонди.

Хакчуй
Чавоб ба Асадулло,обо гуфти мардуми рус "Бумага не краснеет" ин сафсатаро рафта ба кудакони богчаи кудакони н.Мургоб рафта накл кунед, шояд онхо бовар кунанд.
Як чиро дуруст кайд кардед,ки хаккатан нархи алюминий дар чахон паст гардидааст, ки дар ин чо гунахкор Чумхурии халкии Хитой ва Ф.Росия мебошанд, ки аз норма зиёд алюминиро истехсол намуда истодаанд, ки дар ин чо нархи алюминий дар чахон поён фаромада истодааст. Вале ин ба мо чи дахл дорад, дар чои газ холо мо бо кумур ё барк (кумуру барк бойгарии кишварамон мебошад) дегхои заводро гарм мекунем, ки дар ин чо бояд истехсолот зиёд гардад. Вале дар мо баракс.
Асадулло тарафдори накунед гуфти мардуми рус "Факты на лицо"

Хакчуй
Чавоб ба Асадулло, Илова дар гуфтахои боло хатто ашёи хоме, ки аз он алюминий истехсол мекунанд "Глинозём", ки мо онро аз Украина харидори мекунем нархаш паст фаромадааст. Дар ин чо шумо бо чи далелхо мебиёред.

Асадулло
Хакгуй боз мегуям номатро НОХАКГУЙ мон чунки агар хакгуй боши ва фахмиш дошта боши Шералишо Кабиров Директори завод нест ки дегу коса ё дигар чи истехсол кунад ин вазифахо бар зимаи директоранд.
Инчунин бо он усули деггармкуние ки гуфтед агар хакгуй бошед бояд хак гуед ки хам харочоташ зиёд хаст ва хам он гармие ки гази табии дошт ин надорад ва вазифахои Шералишох нест
Инчунин ба маълумотат мерасонам ки утоки кории Шералишох дар Турсунзода(макони завод) нест дар ончо утоки кории Директори завод хаст, ки бояд ин эродхое ки мегуед он вазифадор хаст на Шералишох фахмо НОХАКГУЙ!!!
НОХАКГУЙ он вазифахое ки бар зимаи Шералишох нест гунахгораш накунед!!!

Мардуми точик як одати хуб дорад, аз пеши худ мансаб таксим кардан мегирад, ё ба маъное ки канд гуй дахонат ширин мешавад.... Ин масъалахо чой халли худро доранд ва шахрдори ин кори осон нест. Баъзе бародарон аз таърифи Шерали Кабира оби дахонашон рафтааст, ин аз он хабар медихад ки ин хама заказной мебошад. Мебахшед, бародари Шералиатон як заводи калонтарини дунёро аз кор монондааст, ба кавли мардум титу питаша баровардааст... Сафсата нагуеду, акли солимро кор фармоед... Озодагон, Озод боши илтимос чоп кунед, ки ин мардум тута аз бед фарк кунанд.....................

Хакчуй
Чавоб ба Асадулло, НОХАКГУЙ он аст, ки ХАКро НОХАК мегуяд, ман ба худ савол медихам чаро шумо сиёхро сафед мегуед, сафедро сафед.
Шумо гуфтед, ки Ш.Кабиров менеджери бехтарин! шояд, лекин чаро хамчун менеджер барои кофта ёфтани имкониятхо чихати зиёд кардани иктидори истехсоли алюминий бояд яктараф истад, вазифаи чонии худро ичро кунад. Газ бахона шуда наметавона, менеджер шахки кордон, корчалон ва дилёбро мегуянд, бо душманаш бояд якбало карда забон ёфта корро хал кунад. Мебахшед дар давлатхои абаркудрати дунё завод ё фабрикашон дар як сол фоида кам дихад Шурои корпоратсия, ё аксионерхои завод ё дфабрика директори молиявии заводро (менеджерро) аз вазифа сабукдуш мекунанд.
Дар масъалаи утоки кории Шералишох. Кори Менеджер бо когаз кор кардан не, балки рафта дар чош кору борро дида барояд. Истехсолот,Ю фикри хар як коргарро дида бинад. Генри Форд аз коргар то инжинериро дар компания кор намуд, баъд онро тарк намуду компанияи Фордро ташкил намуд. Хуласи гап менеджер хамчунин бояд ақли расо, маҳоратнок, устокор, маҳоратнок, зирак, бояд бошад. Дар Ш.Кабиров ин хосиятхо дида намешавад.

Хакчуй
Чавоб ба Асадулло, момай кампири ман ду забонро медонад, шояд ба вазифаи ......... пешниход кунем.

Асадулло
Чавоб ба Хагкуй, дуруст гуфтенд ки менеджер шахси кордон, корчалон ва дилёбро мегуянд, бо душманаш бояд якбало карда забон ёфта корро хал кунад, ман рози бо ин суханхо лекин ин узбакхоро агар Хазрати Азроил дилашонро наёбад дигар нашуд, чун ки халли масъала то сатхи Хукумат мавриди барраси карор гирифт, хатто муовини Савазири пешин М. Алимардон барои халли ин масъала ба Узбакистон рафта буд, ки хамаги 3 мох газ доданду бо хамин чамбаст ва то хол ки кариб 3 сол зиёд шуд 1 куб гази табии ворид намешавад ва хамаи ин камбудихоро аз Шералишох Кабиров набинед аз як даст садо намешавад ва барои чи ин камбудтхоро камбудихои директори завод намебинед, дар холеки Шералишох Кабиров диретори завод нест!
Дар мариди ин ки Шералишох Кабиров менеджери ақли расо, маҳоратнок, устокор, маҳоратнок, зирак дида намешавад ман рози нестам, чунки Шералишохро нагз намешиносед ва намедонед танхо ном ва сураташро дидаед агар мешинохтед ин суханхоро хамчун хакгуй гап намезадед боз мегуям номатро НОХАКГУЙ мон чунки ин суханхоят бо номат мусоидат намекунад
Инчунин, аз ману шумо да дида дар бораи кор ва фаъолияти Шералишох хукумат панч панча барин огох хаст ва медонад ки ин шахс чигуна кор манд хаст. Агар дар сатхи болло хамчун корманди тамоми хислатхои кори ва инсониро намедошт ё дар панчара буд ё бекор ё дигару дигар....
Локин мудати зиёда аз 10 сол мешавад ки бо сарбаландона кор ва фаъолият дорад ва Иншоллох боз мувафакиятхои бузург дар оянда насибаш мегардад(албата бо хост ва розигии Олохи бузург)

Хакчуй
Чавоб ба Асадулло, тарафдори накунед, мо медонем ки чи хел кор мекунад. Шумо шояд ягон хешу табор ё рафики он кас мебошед, ки ин кадар тарафашро мегиред.Мо дар ин чо дар бораи шахсият гуфта истодаем, хукуматро дар ин чо куш накунед. Ман ба шумо Г.Фордро ба мисол овардам Ш.Кабиров аз он кас ибрат гирад, корро аз хамин одамон ёд гирад яъне, ки менеджериро дар истехсолот. Корчалон аз хаво сум мекунад. Ш.кабиров чи тайёрро гирифта аз ухдааш баромада наметавонад. Агар ягон менеджерро аз Чопон ё Хитой оварда чои Ш.Кабиров таъин намоянд, завод мешукуфа, яне истехсолот зиёд мешавад, чои кори холи пайдо мешавад, чавонон сохиби кор мешаванд.
Масъалаи 10 сол сарбаландона кор ва фаъолият намудани Ш.Кабиров инро танхо гуфтахои рангубор намудаи Шумо мебошад. Локин аз посухи мардум хулоса баровардан мумкин аст, ки чун ба мисли Мурод ва дигарон сад афсус, ки завод сохиби ин хел менеджер мебошад.

Асадулло
Чавоб ба хагкуй(НОХАКГУЙ) БОЗ МЕГУЯМ ДАР ХАКИКАТ НОХАКГУЙ БУДАЙ ЧУНКИ МАН ХЕШ ХАСТАМ НА КОРМАНДАШ ТАНХО ХАКРО ГАП ЗАДАМ МАН ДАР ИНЧО МИСОЛИ РАВШАН АЗ КОРМАНДИ БЕХТАР БУДАНАШ ХУКУМТРО МИСОЛ ОВАРДАМ КИ АЗ КОРАШ РОЗИСТ
АГАР РОЗИ НАБОШАНД БА ХАМАИ МОВУ ШУМО МАЪЛУМ МЕБОШАД КИ ОКИБАТАШ ЧИ МЕШАВАД
ХУЛОСА ШЕРАЛИШОХ КАБИРОВ АРЗАНДА ХАСТ БАРОИ РОХБАРИ ЧУНКИ ДАР КОРАШ МУВАФАК ХАСТ
БА ТУ ВА ТУ БАРИНХО ГУФТАНИАМ КИ НЕКОН НЕК МЕБИНАНД БАДОН БАД. АЗ ИН ХОТИР НЕКБИН БОШЕД БАРОДАРОНИ АЗИЗ!!!

муза
Намеша хами музахоя мае пушам?Мара мезебад!

Mino
Зеби раиси шахриро факат Убайдуллоев дорад.. хаминка шахра обод кард монанд то ки аст шахрдори кунад. То хаминка ягон проблема аз вайу фарзандхояша нашунидем, ,бехтарин аст. Ягонтои инхо арзанда нестанд.
Ба фикри ман дар чои Алимардонов бехтарин мешуд, Махмадаминов М мемонданд , одами басавод ва чанд забони хоричиро медонад.

кулябец
Чавоб ба mino: Душанбе шахри сабзтарини СССР ба шумор мерафт .Ободии он ба Джаббор Расулов таалук дорад . Тозагие, ки дар солхои шурави буд хозир нест . Партовгоххои бадбуй, набудани оби гарму хунук дар бинохои баландошёна, набудани системаи гармидихи, наклёти бетартибонаи мусофиркаши, куштани барк ва нархномахои худсарона дар магозахо!! Баъди ин кадар камбуди Душанбе поитахт ё дехаи дарвешон?????

Душанбе хатто ба яке аз марказхои нохияи дурдастарини Русия баробар шуда наметавонад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)