Бахшҳо

ВИДЕО: Пешниҳоди профессор Қосимов барои манъи "идгардак”

Профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “идгардак”-и кӯдаконро як одати нолозим дониста, мегӯяд, ба мавҷудияташ зарурат намондааст.

Дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон ва Қурбон, ду иди пайравони дини Ислом, кӯдакон аз субҳ то шом ба хонаҳо гашта, идона мехоҳанд. Соҳибхонаҳо ба онҳо ширинӣ, сақич, пуфак, пул ё монанди инҳо медиҳанд. Бештари мардум ин одатро суннати гузаштаҳо дониста мегӯянд, дар рӯзи ид бояд бештар аз ҳама кӯдакон хурсанд бошанд. Аммо профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, чунин қоидаро қабул надорад. Ба андешаи ӯ, идгардаки кӯдакон махсусан дар пойтахт боиси хасташавии хотири дигарон мегардад: “Ягон ҳоҷат нест ба гаштан, хуб мешуд, аз ҳамин хонагардӣ даст кашанду ба дигар шакл хурсандӣ кунанд. Ба як шакле хурсандӣ кунанд, ки боиси хасташавии хотири дигарон нагардад”.

Ба андешаи ин профессори тоҷик, барои беҳтар намудани тарбия ва донишманд кардани наврасон аз чунин ҷараёни ба гуфтаи ӯ “бемантиқ” бояд даст кашид. “Кӯдаконро бояд дар як доирае тарбият кунем, ки давраи кӯдакии худро дуруст гузаронанд ва оянда кадри хуб барои ҷумҳуриямон шаванд. Агар мо ба ин равандҳои ҳархелае, ки як мантиқи муайян надоранд, такя кунем, моро пеш намебарад”,-афзуд ин устоди донишгоҳ.

Ба таъкиди оқои Қосимов, одати хонагардии кӯдакон аз деҳот ба шаҳрҳо, махсусан пойтахт кӯчидааст: “Ин дар мо набуд, дар деҳот буд. Кӯчонидани ин одат ба шаҳр қобили қабул нест. Вақе ки мо ба воя расида будем, чунин одат набуд, баъдтар ба шаҳр омад”.

Профессори ДМТ дар идома афзуд: “Шаҳр шаҳр аст, маромномаи пойтах ҳаст, ба ҳамаи ин бояд риоя кард ва аз бисёр чизҳо бояд даст кашид, зеро чизе ки дар деҳот қабул аст, дар шаҳр ҷоиз нест”.

Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст? Бинависед.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
IN PROFESSOR DIGAR YAGON PROBLEMAI DIGAR BA SARASH NAOMAD KI KHURSANDII FARZANDONI MORO YAK CHIZI NOLOZIM MESHUMORAD.OYO KHUDI IN PROFESSOR KUDAK NABUD?OYO IN FARZAND NADORAD? OYO KHUDI U AZ DONISHJUYON PUL NAMETALBAD MISLI JUGI? MAN BA IN PROFESSOR PESHNIHOD MEKUNAM KI AZ HAMA KHUBASH DAR DOKHILI DONISHGOHHO GASHTA AZ MUALLIMON KHOHISH KUNAD KI PUL NATALBAND.

((())))
Кудакони бечора як хафта пеш идро интизор мешаванд чихел мо боиси хурсандии онхо мешавем?

Дар вакташ худатон кобчакати идгардак карда хотири дигаронро хуб хаста карда будед, акнун хотири шуморо дигарон хаста мекунанд!!! Ду се кутти сакич "жвачка" кати шумо ба фикрам камбагал намешавед!!

Комил
shahrwand, Ман низ тарафдор, лекин дар бадали он барои хурсандии кудакон чи тадбир бояд андешид? Банда пешниҳод мекунам, ки ҳукумати кишвар дар бадали Иди соли нави масеҳӣ туҳфаҳоро расман ба кудакон дар идҳои Рамазону Қурбон бидиҳанд.

вввв
Рачаббек Косимов ва хамин тоифа одамон, ки холо хам дар Точикистон хеле зиед ба назар мерасанд, умуман ба фарханги исломи нафрат доранд. Дар хуни инхо хамон иду анъанахои совети нишастааст. Ана аз хамин чо реша мегиранд фармонхо дар бораи манъи хичоб, тарошидани риши мусалмонон, манъ кардани намозгузори дар чойхои чамъияти.

мухтарам професор мехохам як чизро дарк кунед навруз аз кадим ба мо меърос мондааст ва хамаи мо дастгири намудем ки инро харсол чашн гирем ин ба пешниходи професрон буд. пас ин идгардак аз пеш наомадааст агар наомада бошад пас рузе мешавад мисли навруз дастгири менамоед. Чункм давраи чушу хуруши кудакиатон гузаштааст ва парвои дигар насли наврас надоред. Агар шумо ва тарафторонатон идгардакро нахохед пас дархоятонро махкам карда баромада ба ягончо пинхон шавед.чунки бехтарин ид барои кудакон ва калонсолон ин идаст ки хурсандияшон хаду канор надорад. Шумо ки як звачкаро аз кудакон боло медонед пас сари маъюбон ва бенавоёнро читавр сила мекунед. шояд ба ин гапхочавоб гардонед.

МУХТАРАМ профессор фикри оли! Aммо ба ин мардуми ба ном мусулмони номусулмон суханатонро хайф накунед. Инхо тафаккури асримиенагию гуломи доранд. ТО ДАРКИ СУХАНХОИ ШУМО 299 СОЛИ ДИГАР ЛОЗИМ. ОН ЧО ХАМ ГУМОН АСТ САРФАХМ РАВАНД. НАСИХАТ БА ИНХО ДАР ГУШИ ХАР АЗОН ХОНДАН АСТ. САРИ ХУДРО ДАРД НАКУНОНЕД. БА КОНУНИ ТАНЗИМ ИЛОВА ВОРИД КАРДАН ЛОЗИМ ХАТМАН. ИН ТАБАРМУСУЛМОНХО БАЪД ДАРК ХОХАНД КАРД,,,,,,,

Салом ба хамагон шарххои зиёди ду тарафа . Аммо яке инки он кадараке кудакони мо махсусан шахри аз "авкоти тангем"ва дигару дигар истифода мекунанд ки зарарашро Худованд худаш медонад чи кадар аст намегуед . Оё дар дигар вакт фарзандони шумо жвачка намехаранд? Оё дар Хучанд иди бойчечак нест? Дар идхо надидам ки дастархони касеро масхара кунвнд то ончое ки мегардему мешинем. Дар точикистон даххо иде хаст ки тамоман маъно надоранд хеч кас сухане намекунад. Иди асал каду муи дароз солинав тирамох дар мактабхо навруз харбуза ва хоказо. Оё ин ба ббучети мардум зарар надорад? Хатто дар мактабхои миёна хар мох аз талабагон мохона мегиранд пули журнал газет краска ремонт оё ин ба бучети камбагалон зарар надорад хол онки мактаб аз руи конун хатми ва ройгон аст. Ва талабагоне ки мохонаро дар вакташ намедиханд шармандахам мекунанд аз дарсхам мебароранд рав пулро биёр гуфта. Кани он профессор кани он сабуки хохон ? Кадоме аз шумо дар ин масъалахо сухан кардааст дар газету радиову телевизион? Ёфтед чоплусиро. Агар озод боши "Озодагон" чоп кун.

озоди,
Як чизро нафахмидам ин мо намефахмем ё шумо? О агар мо табармусалмон мебудем давраи шурави бисёр мувофик буд аз дин гардем. Аммо ин дин боки монд ин аз он дарак медихад ки мо табармусалмон набудаем. Шояд шумобаринхо ки аз дин дури мечуянд табармусалмон бошанд. Баъдан давлати мо ба ном демократист алон мусалмон мондан душвор аст шумо бошед то хол афсонаи шуравие ки шуморо табармусалмон номид бовар доред. Озоди чоп кун ё номи озодиро иваз кун

Доктори ДМТ
Хурмату эхтироми суннатхои миллиро ба чо овардан кори осон нест. Ид хамаги як руз аст хайрхох будан даркор на професор. Намехохи хамон руз аз хонат баромада рав ё даратро руст карда мон боз факир нашави. Ба фикрам ....

Идибек
О шумо пррооофесор шуда дарачаи фахмишатон хамин ми вой бар холи донишчуегне ки аз шумо баринхо таълим мегирандел

Рачаббек

Акы и ки шидай ки и иди кудакора ман мекадай? И ида зиёда аз 15 сол кайд мекадему 1 "Профессор" Ай мо мегирифтай и ида, PS. профессор, бра 3 кутти сакичи "Love Is" тайёр кн, ид карибай...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)