Бахшҳо

Фармони "нотакрор"-и Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
журналист


Соли ҷорӣ низоми нави имтиҳоноти қабул барои довталабон дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷорӣ гардид. Дар аввал, воқеан, ҳама ба ин ҷодаи нав боварӣ ва умеди зиёд доштанд. Довталабон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали супоридани ҳуҷҷатҳои худ умедвор буданд, имсол бо дониши худ дар Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида, холҳои заруриро ба даст меоранд, бахусус довталабоне, ки солҳои пеш қабул нашуда буданд, аз натиҷаи имтиҳоноти имсола умеди калон доштанд.

Вале, инак, баробари ба итмом расидани давраи имтиҳонот ва тақсими ихтисосҳо маълум шуд, ки онҳо беҳуда ба дониши худ умед бастаанд. Бахусус, қабулшавӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон соли равон ба дониш кам иртибот дошт ва бартарияти асосӣ дар маъракаи Довталаб-2014 дар Маркази миллии тестӣ ба довталабони хатлонӣ дода шуда буд. Дар рӯзи тақсимот аз рӯи ихтисос мо шоҳиди он шудем, ки ноадалитие, ки имсол нисбат ба довталабони Донишгоҳи тиббӣ, бахусус довталабон аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи кишвар сурат гирифт, дар тӯли 22 соли истиқлоли Тоҷикистон, дар ҳеч як донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон сурат нагирифта буд. Бори аввал аст мебинем, ки довталаб аз вилояти Суғд бо ҳалли 90-95 дарсади масъалаҳои тестӣ низ донишҷӯ шуда натавонист, вале довталаб аз Данғара бо ҳалли 60-70 фоизи масъала соҳиби унвони донишҷӯӣ гардид. Зеро рӯзи тақсимот маълум шуд, ки ба довталабони хатлонӣ ба истиснои холҳои гирифтаашон аз 100 то 140 хол аз ҳаво тӯҳфа шудааст.

Ин холҳои зиёдатӣ аз куҷо пайдо шуданд? Асосгузори ин беадолатӣ кист? Чунон маҳалчигии ҷиддӣ дар қабули имсола ва аз даргоҳи Донишгоҳи тиббӣ дур кардани довталабони фаъоли Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз куҷо сарчашма гирифт? Чаро дар қабул ба Донишгоҳи тиббӣ баробарӣ ба ҳамаи минтақаҳо таъмин нашуд?

Банда дар сӯҳбат аз Муовини Раиси Маркази миллии тестӣ Маҳмадалӣ Раҳмонов пурсидам, ки чунин коэффитсиентҳои ноодилона аз тарафи ки ҷорӣ карда шуд ва кӣ ҳуқуқҳои довталабонро аз Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи марказ поймол намуда, онҳоро аз ҳуқуқи қабулшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ маҳрум намуд? Мавсуф иброз дошт, ки «коэффитсиенти мазкур бо фармони Вазири тандурустӣ муайян карда шудааст ва дар ин кор Маркази миллии тестӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Шумо метавонед бо ин фармон дар даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шавед».

Пеш аз он ки дар бораи чи гуна поймол шудани ҳуқуқи минтақаҳои дигар сухан ронем, барои исбот рӯйхати ноҳияҳоеро манзури хонандагон мегардонем, ки Вазири тандурустӣ ба онҳо бартарият додааст.

Фармони беназири Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бо фармон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шудам. Маълум шуд, ки тибқи фармони мазкур, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода аз 10 июли соли 2014 онро тасдиқ намудааст, ба ноҳияҳои зерин дар қабул ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бартарият дода шудааст ва ба довталабони ин ноҳияҳо ба ҳар 100 холашон зиёда аз 30 хол илова карда шудааст.

Рӯйхати ноҳияҳо:

1.Нуробод, 2. Ховалинг, 3. Кӯлоб, 4, Балҷувон, 5. Носири Хисрав, 6. Бохтар, 7.Темурмалик, 8.Вахш, 9.Роштқалъа, 10.Ҷиргатол, 11.Кӯҳистони Масчоҳ, 12.Мӯъминобод, 13.Данғара, 14.Восеъ, 15. Ёвон, 16.Абдураҳмони Ҷомӣ, 17.Хуросон, 18.Шуғнон, 19.Рашт, 20.Файзобод, 21. Ғончӣ, 22.Ҳамадонӣ, 23.Сарбанд, 24.Шаҳритус, 25.Шӯрообод, 26.Қубодиён, 27.Румӣ, 28.Қумсангир, 29.Рӯдакӣ.

Он гуна, ки аз рӯйхат мебинем дар таърихи истиқлолияти кишвар бори нахуст дар қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бахусус Донишгоҳи тиббӣ бартарият танҳо ба минтақаи Хатлон дода шуда, умеди ҳазорон давталабонро аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳур барҳам дод. Зеро агарчӣ солҳо дар бораи аз як минтақа интихоб шудани мансабдорон сухан мерафт, вале дар қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ба қабули онҳо аз як минтақа роҳ дода нашуда буд. Дар ин рӯйхат, ки ба 29 ноҳия имтиёз дода шудааст, ба истиснои 2 ноҳия аз Хуҷанд, 3 ноҳия аз ВАБК ва 3 ноҳия аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур дигар ҳама ноҳияҳо аз вилояти Хатлонанд.

Довталабон чӣ мегӯянд?

Дар комиссияи қабули Донишгоҳи тиббӣ бо довталабе аз ноҳияи Вахш ҳамсӯҳбат шудам, ки бо гирифтани 573 хол донишҷӯ шудааст. Ҳадди ниҳоии холи эълонкардаи маркази миллии тестӣ 500 буд. Ин аст, ки сабаби аз 500 зиёд соҳиб шудани холҳоро аз ӯ пурсон шудам. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки бо дониши худаш 440 хол гирифтааст ва ба ӯ аз Маркази «миллӣ»-и тестӣ 133 хол ба таври коэффитсиент бинобар аз Вахш буданаш илова шудааст. Довталаби дигареро низ пурсон шудам, ки ҳуҷҷат месупорид. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки зодаи ноҳияи Данғара будааст ва бо дониши худ соҳиби 401 хол гардидааст ва ба ӯ низ 125 хол тӯҳфа шудаасту ӯ бо 526 хол ба Донишгоҳи тиббӣ қабул шудааст.

Ман ба онҳо ҳамроҳи худро нишон дода гуфтам: Ин ҷавон бо дониши худ 450 хол ба даст овард, вале донишҷӯ нашуд. Онҳо «чи тавр?» гуфта ҳайрон шуданд. Ман гуфтам: - Танҳо барои он ки ӯ аз вилояти Хатлон нест ва аз Панҷакент аст. Гуноҳаш фақат ҳамин аст. Агар мо ҳам ӯро пеш аз супоридани ҳуҷҷат дар Данғара ва ё ягон ноҳияи дигари Хатлон ба қайд мемондем, ҳатман донишҷӯ мешуд. Якуми август, вақте ӯ соҳиби 450 хол шуда буд, дар зери холҳои ба даст овардаи ӯ навишта шуда буданд: «Шумо холи гузаришро барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳои интихобкардаатон соҳиб шудед». Мо ҳам бовар кардем, ки ӯ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуд. Вале 15-уми август ба телефони ӯ паёмаке омад, ки ҳама умедҳояшро барбод дода буд: «Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи ягон интихобатон нагузаштед».

Оё ин хатои сиёсӣ нест?

Саволе ба миён меояд, ки чаро Вазири тандурустӣ бо поймол намудани ҳуқуқи довталабони минтақаҳои дигар бартарияти асосиро дар духтур шудан асосан ба вилояти Хатлон медиҳад? Магар ба дигар вилояту шаҳрҳо духтур зарур нест? Ё Данғара минтақаи дурдаст асту ба имтиёз ниёз дорад, вале сокинони Панҷакент, Конибодом ва ё Исфара ба имтиёз ниёзе надоранд? Ё Шояд вақти он расидааст, ки мӯҳтарам Нусратулло Файзулло, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қабули ҳуҷҷатҳоро умуман аз минтақаҳои номбурда манъ намуда, танҳо аз Хатлон ҳуҷҷат қабул кунанд? Зеро довталабони минтақаҳои дигар дар сурати супоридани ҳуҷҷат ҳам бо чунин беадолатӣ ҳаргиз донишҷӯ шуда наметавонанд.

Ҳадди ниҳоии холҳо 500 муайян карда шуда буд. Донишҷӯ аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеъ ҳатто бо гирифтани 450 хол дар Донишгоҳи тиббӣ соҳиби унвони донишҷӯӣ шуда натавонист, вале довталаб аз вилояти Хатлон бо гирифтани 400 хол донишҷӯ шуд. Ин магар адолат аст? Инро чӣ гуна шарҳ додан мукин аст? Аз 500 холи ниҳоӣ соҳиб шудани 450-460 хол ин маънои онро дорад, ки довталаб ба 90-95 фоизи саволҳои гузошташуда посух гуфтааст. Магар чунин довталабонро хориҷ намудан мукин аст? Танҳо довталабоне аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе донишҷӯ шуданд, ки агар 100 фоиз ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб дода бошанд, боқӣ ҳама ҳангоми тақсимот бо сари хам аз назди Маркази тестӣ дур шуданд. Банда боварӣ дорам, ки иҷрои садфоизаи ҳалли масъалаҳо на танҳо ба довталабон, ҳатто ба баъзе устодон муяссар намешавад. Солҳои пеш донишҷӯ метавонист, ҳатто бо ҳал намудани 60 фоизи масъалаҳои тестӣ донишҷӯ шавад, вале имсол бо ҳал намудани 90- 95 фоиз довталабони вилояти Суғд донишҷӯ нашуданд. Чаро?

Ба фикри банда ин иштибоҳи бузургтарини Вазири тандурустӣ аст, ки манфиати як минтақа, зодгоҳи худро дар ҷойи аввал гузошта, ҳуқуқи довталабон аз минтақаҳои дигарро поймол намуд. Ин оё хатои сиёсӣ нест?

Як довталаби дигаре аз Суғд, ки бо гирифтани 444 балл то 15-уми август худро дар курсии донишҷӯи тасаввур мекард, изҳор дошт, ки «баъд аз соҳиб шудани 444 хол ва «Шумо холҳои лозимаро соҳиб шедед» гуфтанҳо ман пурра бовар кардам, ки тайёрии дусолаам барои дохилшавӣ, ба донишгоҳи тиббӣ барбод нарафтааст!» Аз нақли ӯ маълум мешавад. ки бали гузаришашро дар торнамои марказ дида ба чашми худ бовар накардааст ва ба Маркази миллии тестӣ омадааст. Дар инҷо ҳам дидааст, ки 444 бал соҳиб шудааст ва аз марказ гуфтаанд, ки «ту аллакай имкони бештари донишҷӯ шуданро пайдо кардӣ».
Ӯ ашки чашмашро пок карда мегуфт: «Ба ман мегуфтанд, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан хеле душвор ва бепул намешавад, вале ман то имрӯз хушҳолӣ доштам, ки мешудааст, вале инак маълум шуд, ки дигар мо бояд умедамонро тамоман аз донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан канем. Зеро минтақаи мо аз чашми вазир дур мондааст ва дигар қабул ба дониш вобастагие надорад».

Аз дидаву шунидаҳо ба хулосае омадам, ки фармони маҳалдӯстонаи Вазири тандурустӣ, вазире, ки чун шахси масъули давлатӣ бояд манфиати тамоми минтақаҳои кишварро ҳимоя мекард, боиси дилхунукии ҳазорон довталабони Суғдӣ гардид ва Вазирро шахсан зарур аст, ки барои донишҷӯёни соҳиби холҳои баландшудаи минтақаҳои аз чашмашон дурмонда, аз нав имконият диҳанд ва ҳуқуқҳои поймолшудаи эшонро барқарор намуда, хатои сиёсии худро бартараф намоянд. Ман дар ҳамин фикрам. Шумо чӣ?
Мӯҳр
Холо то донишу малакаи Панчектихоба расиданда 4500 сол намерасад! Барои хаим чон накенед!

Шохзода
ОЗОДАГОН ЧОП КУН....
Аз ин гуна журналистони махалгаро шармам меояд. Мегуяд мо бояд махалгаро набошем, аммо нафраташ нисбат ба дигар махалло, хатто нафараташ ба нохияхои минтакаи худаш хам эхсос мешавад. Барои чи мардуми сугд босавод? Барои он, ки дар замони Шурави кариб хама муаллимони Донишгоху Донишкадахо аз Сугд буданд ва барои кабули довталабон ба муассисахои оли сахм мегузоштанд. Ба мардуми Хатлон ахамият намедоданд. Хамчунин "хот" намедоданд. Акнун ки имконияти мардуми Хатлон барои тахсил пайдо шудааст ва саводашон акнун баробари мардуми Сугд шудааст, мехоханд ки тахсил намоянд. Кадрхои Сугди ва ё Душанбегие, ки то имсол Донишгохи Тиббиро тамом карданд дар кучоанд? Журналисти мухтарам як бор шумораи хатмкардагони вилояти Сугдро дар ДТТ-ро гирифта шуморед. Ту як бор рафта шароити бунгоххои тибии вилояти Хатлонро, духтур надоштани дехахои дурдасти онро бин, худат омада менависи, ки бояд 2 сол дар Донишгохи Тибби танхо довталабони хамон нохияхо тахсил карда рафта дасти мардумро гиранд. Мардуми хатлон магар хаммилати ту нест? Шумо танхо бояд масъалаи дар дигар ихтисосхо кабул кардани хамонхоеро, ки балли баланд гирифтаанд пеш мегузоштед. Ту намебини, ки довталабони хамон нохияхои Хатлон, хам ки ниёз ба духтур надоранд имтиёз надоранд. Михалгаро набош!!!!!!!!!!!!

2 nohiya az Badakhshon, 3 nohiya ne...

Хохару Додаракон зик нашавед аз вазири тандурусти у хам чорае надорад

Шохзода
"Озодагон"!!!!!!! Чаро навиштаи маро чоп накардед! Барои он ки муассисатон аз Сугд аст? Аз руйи вичдон нависед, ки худатон ва гузаштагони босаводи даврони Шуравиатон то кадом андоза махалгаро буданд. Мардуми Сугд босавод мегуянд. Барои он ки дар он замон онхоро руйи даст оварда дар донишгоххо мемонданд ва онхо хонда босавод мешуданд. Мардуми Хатлон, ки дар ун вакт "хот" надошт нав акнун имконият ёфта хонад истодааст, боз чунин "ку...кови" кунед. Дар давраи Шурави Сугдихо бо хамон кадар донишашон мафхуми миллатро аз махал фарк накарда буданд. Акнун худашонро босавод мегиранд? Он бесаводхо хамон вакт бояд барои саводнок намудани мардуми Хатлон мекушиданд ва имруз сохахои ин вилоят бе кадр намемонд. Як бор аз руйи вичдон холати хизматрасонии тиббии Сугд ва дарачаи расидани духтурхоро бо Хатлон мукоиса кунед. Ин кадар сол кадрхо аз Сугд хонда кучо рафтанд? Хамонхо магар бас нестанд ба хозирааш? Нохияхое, ки коефисент дода шудааст, дар хакикат эхтиёч ба духтур доранд. Дехахоеро медонам, ки на духтуру на бунгох дорад. Ихтилофандоиро бас кунед акнун....Миллатро махал нашиносед.

Албатта, ин хатои бузурги сиёсии чаноби вазир аст. Ноумед кардани кудакон чаро? Шумо гурухи калони чавонони кишварро ба сиёсати хукумати чумхури мукобил гузоштед, онхоро бадбин ва нобовар сохтед. Пас. чи гуна метавон чавононро дар рухи мухаббат ва садлокат ба ин Ватан тарбият кард, агар марди бузурги сиёси ба ин гуна иштибохот рох медихад ва Хукумат хам пинакашро вайрон намекунад? Ин гап то кучо мерафта бошад дар арафаи Истиклолият?

Маҳалгароии муаллиф!
Дар тамоми духтурхонаҳои шаҳр ҳама панҷакентиҳотон!
якташ нагузашт ҳеч гап надорад.

Аз навиштаҳои хабарнигор еҳсос мешавад ки хyдаш ҳам ҳисси маҳалгарои дорад. Ҳатто 2 ноҳияи Бадахшонро 3 номбар кардаст. Дар yмyм мо халқи Тоҷик дар хyнy пyсти мо маҳалгарои нyҳyфтааст ва амали вазир дол ба ҳамин дорад. Инсоне ки дониш надорад чигyна метавонад донишроҳро ба баҳои хyбy ало ба итмом расонадy мyтахасиси варзида дар соҳаш бошад. Агар хоҳем пешрафт кyнем ба дониш аҳамият диҳемy фикри маҳал ва хешyтаборбозиро ба дур андозем. Имрузҳо иҳсос карда мешавад ки ҳарро дар тамоми соҳаҳои зиндагии инсони сарварони имрузаи кишвар кyшиш доранд то мардyми маҳалашон дар ҳама ҷой соҳиби номy мақом бошанд ва дигар манотиқ ходими онҳо.

БА ХАР ЧИЗ БО ЧАШМИ ХИРАД НИГАРЕД: МАРДУМИ ШИМОЛ АЗ КАДИМУЛАЕМ БОФАРХАНГ БУДАНД БАРОИ ХАМИН ХАМ БУЗУРГОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ АЗ ХАМИН МИНТАКА БАРОМАДААСТ ИНРО ИНКОР КАРДА НАМЕШАВАД.

э монед хамин мардуми бо фарханги шимолро ба холи худашон. кор кунетон, дуругу касаму порагирия камтар кунетон. Аваллаш хамин шашка бозия ед гиретон, баъд ба сари шохмот шинетон. махалчигия бас кунетон.

Бародарои мухтарам зик нашавед, ин хама мегузарад. Онхо 70 сари сол хурдан,чаридан ва катаги кадан. Имруз навбати Хатлонихо расидааст. Аз ин ру ягон чои зики нест. Сабркунеду шукр бигуед. Дар 23 сол бубинед чикадар хуби,зебои ва озоди насибатон шуд. Манолед кур мешавед!!!! Як нола нонтона дар об тар карда бихуреду шукр кунед!!!!!!!!!!!!!!

чаббор, шукргузори чой дорад. 7о сол мегуи, вале ояндаи Точикистон чи мешавад бо чунин кадрхои бесифат. Мадумар рост навишта, ки асос донишчу савод ва малака дошта бошад. ин чи номаъкули ки балхоро ба бесаводон подарка мекунад , ояндаи Точикистон баъд чи мешавад? баъд дар бораи шукрона: шукронаро мансабдор бо ахли оилааш бикунад ин барои у карз аст , барои он ки серу чаридан дорад.ва хатман намоз хонда ба Худованд сачда бикунад .

Илхом бародар ранги мург гап назан алам дори рафта пеши вазир гиря кунед хал Кулоб худаш безор шудагиян чи кор кунем худо бгу ояндааш чи мешавад номаьлум барои хамин ин гапхо хуб нест вакте далел надори гунахгор накун ман шахсан солхои 1998 донишчуйи донишгохи милли будам факултаи хукушиноси барои кулоби буданам мо як гурухро муалим Абдуллоев Неьматулло хорич кард шахсан манро барои ки падарам муаллими мактаби миёна аст гуфт ки рафта дар донишгохи Кандил Чураев хонед баьд такдир хамин гиря кунм худо худаш касе ки бад мекунад чазоша мебинад иншооллох барои хамин ин гапхо пуч даркор нест мо халки Кулобро бад бинаш бисьёр мисоли одди дастаи футболи номдори Равшан кучо шуд хамаи бародар политика меган мегузарад хак ба хакдор мемонад саломат бошен

jon
Махалачиги. Хуб несту? Лекин
70- сол. Минтакаи. Хатлону. Кулоба
Дикки кадан. Хама бесавод буд

haqiqat
Адолатмох,
Rost dar haminqadar navishtaho shahrho tanho haqiqata az rui vijdon gufted 70 sol xub imtiyoz doshan bo yak 70 solaki digar xatloniyo giran hej gap ne ki 70 sol nashudast 1um solash sar shud :).,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)