Бахшҳо
24 июн 2014 12:20Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кабирӣ: "Агар... натавонистанд, ҲНИТ омодааст, масъулияти кишварро ба дӯш гирад"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҳизбаш гуфт, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Оқои Кабирӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 24 июн, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ баён дошт.

Ӯ гуфт, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ. Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукмати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”

Раиси ҲНИТ дар ин суҳбаташ, инчунин, аз бархӯрди номуносиби мақомот бо намояндагони аҳзоби мухолиф шикоят кард ва гуфт, дар ҳоле ки ҳизбу ҳаракатҳои дунё мансабу мақому вазорат мехоҳанд, ҳизбҳои оппозитсионии Тоҷикистон мехоҳанд, фақат мақомот иҷоза диҳанд, ки ҷаласаашонро баргузор кунанд. “Дар ҳоле ки бояд як ҳизби сиёсӣ даъвои аз ин бештар дошта бошад, даъвои президентиро дошта бошад”,-афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ илова кард, “вақте Сарқонун ва қонун ҳимоя намекунад, аъзои ҲНИТ ва дигар аҳзобро ҷузъи ин миллату Ватан баъзеҳо ҳисоб намекунанд, боқӣ мемонад танҳо ҳамин созишномаи сулҳ, санади ҳамдигарфаҳмӣ ва ёде аз он рузҳо ки бо такя ба он бори дигар ба ин дӯстон хотиррасон кунем, ки ин мардум ҳам шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Дар инҷо таваллуд шудаанд, ба воя расидаанд ва мехоҳанд, ки насли ояндаашон ҳам инҷо озода зиндагӣ бикунад. Аз ин бештар чизе намехоҳанд.”
Мӯҳр
Месси
Чун ба телевизионхо ва парлумони Афгонистон,пешравии ин кишвари чанг зада назар менамои ва Точикистонро бо андешаронии феодалии халлкаш ва тарракиёти сусташ мебини дуд аз димогат мебарояд.Наход бародарони афгони низ аз мо пеш гузашта бошанд?

soli 1990-1992 didem shumoro chi xel rohbari karded basast.

110,
az dasti hamin kabiriho tojik muhojiru dar ba dar shud.

tojik,
vazifavu hukumat be sohibai ki inhoro metiyanush?xai mechtat ne vredna.

Шумо андозаи худатон аз хнит бадгуи кардед хамон бо турба пуфмекардагирам хамин хукумати фели таер карда буд ва ту умар садеаи ин ном шави хазрати умар аз ислом дифо мекард на аз куфр инки гуфти гаметонем як гочарарон тонистанда мо хам хуб метавонем

шоир
ХНИТ хизби мардуми аст. Мо аксарияти сокинони кишвар бо ин хизб хастем. Хуш ба холи шумоен нахзатиен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)