Бахшҳо

Ултиматум дар ҷои кор: Ё ҳиҷобро бигир, ё аз кор рав!

Ҳумайрои БАХТИЁР

Бибинисои Бадриддин, ки нуздаҳ сол дорад, тобистони 2013 барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ муваффақ нашуда буд. Ба қавли Бибинисо, аъзои кумисюни қабули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санадҳои ӯро танҳо ба далели он ки ҳиҷоб доштааст, қабул накардаанд.

“Санадҳоямро ба дастам дода, гуфтанд, ки ҳиҷоб имкони идомаи таҳсилро бароям намедиҳад”,-нақл кард мусоҳиби мо. Бибинисо мегӯяд, ҳанӯз дар вақти мактабхониаш ӯро барои доштани ҳиҷоб хориҷ карда буданд, аммо баъд аз шикояти падару модараш дубора барқарор шуда буд. Ӯ имсол ҳам қасди шомил шудан ба донишгоҳро дорад.

Агарчӣ Тоҷикистон кишвари мусалмонист, аммо мақомот пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва дигар навъҳои пӯшиши исломиро дар ҷойҳои кории давлатӣ ва донишгоҳу мактабҳои миёна манъ кардаанд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам соли 2005 бо судури фармоне ҳузури духтарони ҳиҷобдор дар синфхонаҳоро мамнуъ карда, дар иваз либоси ягонаро пешниҳод карда буд.

Маҳмудхон Шоев, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мегӯяд, дар бахши маориф маҳдудият натанҳо барои ҳиҷоб, балки барои доманҳои кӯтоҳ ва либосҳои ҷилодор низ ҷорӣ шудааст. “Духтарон ҳиҷоби худро метавонанд берун аз муассисаи таълимӣ бипӯшанд. Маҳдудият танҳо барои пӯшидани он дар дохили синфхонаҳост. Дар берун озоданд”,-афзуд ӯ.

Мақомоти расмӣ иддао доранд, ки ҳиҷоб хоси фарҳанги тоҷикон набуда, аз берун омадааст. Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд, “занони тоҷик бояд анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, аз фарҳанги бегона худдорӣ кунанд.” Дар Тоҷикистон танҳо ҷое, ки барои ҳиҷоб маҳдудият ҷорӣ нашудааст, ин Донишгоҳ ва мадрасаи исломист. Ин дар ҳолест, ки теъдоди мактабҳои динӣ назар ба мактабҳои дунявӣ кам аст. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон 6 мактаби динӣ ва 4 ҳазор мактаби дунявӣ фаъолият доштааст.

Ҳукумат дар ин маврид бештар аз таъсири гурӯҳҳое ба монанди “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ” ва Ҳаракати исломии Узбакистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо ба андешаи таҳлилгарон, аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, ҳукумат миёни шахсони мазҳабӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ бояд фарқ гузорад. Муллоҷонов муътақид аст, занони ҳиҷобдор дар маориф ва дигар корхонаҳои давлатӣ барои амният ҳеч хатаре надоранд.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива Плюс” ҳушдор аз он медиҳад, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ метавонад боиси бар зидди давлат бархостани мардум гардад: “Монеасозӣ ва маҳдудият занонро водор мекунад, то дар талоши пайдо кардани роҳҳои дигари таҳсил бошанд. Ин амали ҳукумат боиси ҷудоихоҳии бештари ҷомеа мегардад.”

Дар баробари маҳдудияти идомаи таҳсил, занони ҳиҷобдор ҳамчунин барои пайдо кардани ҷойи кори давлатӣ низ монеа эҳсос мекунанд. Чунки дар аксар идораҳои давлатӣ корфармоён бастани ҳиҷобро барои занони коргар мамнӯъ эълон кардаанд. Як хонуми 28-сола, ки нахост номаш муаррифӣ шавад, гуфт, аз сабаби доштани ҳиҷоб эҳтимол ҷои корашро аз даст бидиҳад. “Ҳоло барои ман ултиматум гузоштанд, ки ё ҳиҷобро бигирам ва ё маро аз кор пеш мекунанд. Ман намедонам чӣ кор кунам, пайдо кардани ҷойи кор ҳам чандон осон нест”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
амина
КУВВАТИ МАГРИБ НА АЗ ЧАНГУ РУБОБ
НЕ ЗИ РАКСИ ДУХТАРОНИ "БЕХИЧОБ"
НЕ ЗИ СЕХРИ СОХИРОНИ ЛОЛАРУСТ
НЕ ЗИ "УРЙОНСОКУ"НЕ АЗ КАТЬИ МУСТ
МАХКАМИИ У НА АЗ ЛОДИНИ АСТ
НЕ ФУРУГАШ АЗ ХАТИ ЛОТИНИ АСТ
КУВВАТИ МАГРИБ АЗ ИЛМУ ФАН АСТ
В-АЗ ХАМИН ОТАШ ЧАРОГАШ РУШАН АСТ
ИЛМУ ФАНРО ЭЙ ЧАВОНИ ШУХУ ШАНГ
МАГЗ МЕБОЯД НА МАЛБУСИ ФАРАНГ

....Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон,-ИЛТИМОС, ЯК БОР ДАР ФОТОАЛЬБОМИ БУВААТОН Ё МУЗЕЙБА ЛИБОСИ МИЛЛИИ ЗАНИ ВОКЕАН ТОЧИКРО ХАМ МУСАЛМОН ВА ХАМ ЗАРДУШТИРО БИНЕД ВА БАЪД ЯК БОР ХУДАТОНА ОИНАБА НИГОХ КУНЕД, БА БЕГОНА ШУМО МОНАНДЕД Ё ИН ЗАНОНИ ХИЧОБПУШ!!!!!!!!!!!!!!!!!
ЯК РУЗ ПЕШИ ДОДГОХИ ИЛОХИБА ХОЗИРАТОН МЕКУНАНД ЧИ МЕГУФТА БОШЕД....УН ПИРХОВУ РОХБАРОТОН ХАМАШ ОН РУЗ ИСЧЕЗ МЕШАВАН....

Рустам
Бехтарин коре ,ки Хукумат кардаст ин манъи Хичоб аст!!! кантона занед хукуматдоро!!! и духтарои хичобпуш хамаашон маккоранд ин хам як су истад дар маршруткахо медароянд буи хафт харро мекунад даф шаванд аз Точикистони мо хичобпушхо ин либоси миллии мо нес аз арабхост бираванд ба арабистон. Мусулмонии духтархо дар хичобпушии онхо нест дили пок ва домани пок дошта бошанд бехтарин фарзияи мусулмонист!! боз баъзеашон ба хотири шавхар ёфтан хичоб мекунанд шарм дорен аз ин амалатон бугинхо!!!

дар фарханги точик хичоб нест ва мини юбка хам нест куртаи одди барои миллати мо зебанда аст гум шаванд он хичобпушхо ин моли Арабхост ва чун дар арабистон хаво хеле гарм аст халки он диёр барои панохи аз офтоб худашонро бо латта мепечиданд рафта рафта он шакли дигарро гириф то ба "хичоби" имруза омада расид. мардум шарм намедоред ки аз тариху фарханги худатон огохи надореду Арабхоро таклид мекунед. агар дар Куръон саттр омадааст он ба маънои бастани факат яе сару гардан нест у сатр маънои дигарро дорад, яъне сатттор будан пархез аз амалхои бади инсони на ин ки зохир сатриву ботин касифу харом бесваодхо хами муллохо мемуранд, ки маънои саттро ба халк фахмонанд. агар ин тавр бошад дар арабхо мардхояшон низ сатр астанд пас он чи маъно дорад, илтимос Куръони бузургро кориазёд накарда ба маънояш сарфам рафтан даркор. чуноне ки бузурге гуфтааст МО ЗИ КУРЪОН БАРГУЗИДЕМ МАГЗРО ПУСТРО ПЕШИ САГОН АНДОХТЕМ мурод аз ин харфхо у муллохое ки ба маънои Куръон сарфах намераванду факат кори азёд кардаанд мисли саг хоида гаштаанд !!! Хукумат хуб коре кардааст зинда бошад!!!!

Зида бошад ХУкумат!!!! касе ки хичоб хохад дар хонааш мурда хоб равад мудоме ки сатрпуш аст чи хочат ба берун баромадан ва хондану кор кардан хамин сатрипушхо хамаашон вайронанд!!!

кандата зан Брат офарин маълум аст,ки дину оин хабардоиву босаводи ин гапхои хичобу риш аз арабхо маншаъ гирифтаст ва факат барои бесаводон вале чи кор кунем, ки бо чохилон хомуш гуфтаанд!!!tojik,
tojik,

Justice
Рустам,
ту Точикро босавод гуфти, аммо хам худат ва хам Точикат чихати бесаводиатон интихо надорад.
Агар ту савод медошти, хичобро бо маданияти араб омехта намекарди.
Агар ту Куръон чи буданашро медонисти, маънии онро ин кадар паст намезади. Ту хухдат як маротиба хам шояд Куръонро хонда набоши, аммо ба у бахо медихи, аз дахони бародарони беимонат, ба мисли худат.
Агар таърихро медонисти, хичобро аз маданияти мо нест намегуфти. Занхои точик хатто то омадани Ислом хам фаранчи мепушиданд. Ислом ба онхо озоди дод, ичоза дод. ки кафи дасту руяшонро кушоянд, аммо азбаски занхои точик бошарму бозаё буданд, дар фаранчи монданд. Ту бигир китоби таърихро бихон, агар саводи хондану дарк кардан дошта боши.
Ту занхои бохичобро бадбуй мегуйи, аммо он фохишахое, ки дар кади рох меистанд, на нур доранду на буи хуш, аз онхо кор надори. Бидон, ки занхои бохичоб онхо ГУЛХОИ ХУШБУЙИ ЧАННАТИАНД!

Фаррух
Justice,
На Рустаму на вай "ТОчик" ягон аклу маданият надоранд. Инчо сухан дар бораи таърих умуман намеравад, сухан дар бораи дин меравад. Инкадар худро таърихшинос нагиред, мо имон ба китобхои мукаддаси худ дорем (Куръони Карим, Аходиси набави), на ба китобхои таърихе, ки дар мактабхо мехонанд, хама бофтаву дуруге аст ки аз замони Шурави, бо ИДЕОЛОГИЯИ атеисти барои мо мерос мондааст. Инчо ихтиер дар дасти худи хар як шахс аст - Имон ба китобхои мукаддаси Ислом меорад ва мусалмон мешавад ё ба китобхову акидахои дигарон бовар карда аз Ислом дур мешавад. Ва ин мавзуи бахс хам нест, худро шарманда накунед.

Ба Рустам гуфтаниям ки суханро фикр карда баъд гап занад, хохарону модарони точикро бугин гуфтан, худ беодоби ва аломати бесаводиву бемаданиятии шахсро нишон медихад. Хуб мешуд, ки бахшиш мепурсид, вагарна рузи хисоб дар назди Худованд чавобгар аст.

Сарвар
Аслан хичоб ин моли мардуми точик дар хеч давру замон набуду нест.Инро кишвархои арабие,ки иктисодиёти пешрафтае надоранд ва танхо шояд чанд дахсолаи дигар аз хисоби фуруши нефту газ пул ёбанд тарики муллобесаводакхои мо чори карда истодаанд ва ин арабхо на дар гами ислом балки дар рохи панарабизм рафта истодаанд,лекин муллочахои бесавод инро намефахманд,зеро онхо чахонбинии баланд ва фарханги умумибашари ва аз таърих чизеро намедонанд.Хар,ки араб хаст ба назарашон он мусулмон аст,лекин намедонанд,даххо миллион араб кариб 2 хазор сол боз дини массехиро кабул карда,замони ислом дини мубини исломро кабул накарданд.

Умар
Сарвар,
Сафсатабой як бор китоби КУРЪОНРО бихон ана баъд сафсатаатро давом дех.

Ба хама нагмаи ночур дилам месузад!!!!!!

Барои чи дар давлати мусулмони бар зиди фохиша ё дискотекахо мубориза намебаранд

Барно
Хуб мешуд, ки ба сатхи дониш ахамият медодед, на ба либос. Чи хеле мепушанд пушанд, аз менталитети точикии - ки чи пушид, ба кучо рафт, бо ки рафт, чи гуфт хеч намондед. Дар мактаб масалан униформа карданд - хамааш синтетика, дар зимистон бачахои бечора бо костюм ях мекунанд. Аввал шароит мухайё кунед, хамаро касали карда истодаед. Хичоб мепушад ё урен меравад, хонад як фоида биерад ба давлат шуд да.

сафия
Аз ба чои я одам бад хама гунахгоран. Барои чи якбор дар бораи духтароне ки мини юбка мепушану майка кати мегардан намегуеду охир инхо хам либоси аврупои аст ку. Бо конуна бинан касе сатр банда штрафи калон мешидай ,милисохода бизнеси нав мардуми бечорая дар азоб мондан сар шид. Эй одамо шумо ай Худо наметарсед охи хар як коре мекунед аз чониби Аллох аст.Наход ки мукобили Худои худ броед?кани имони шумо? Ин ша Аллох ман бовари дорам Худованд низ чазои шумор медихад.

Ленин
Одам аз маймун пайдо шуд ва боз ба маймун табдил хоҳад шуд.))) wink Ҳозир давраи эволютсияи Тоҷикистон аст. Касе маймун ва дигаре инсон хоҳад монд. Чунки ҳамаи маймунҳо низ дар давраи эволютсия одам нашуда буданд))) wink

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)