Бахшҳо

Посухи Тӯраҷонзода ба “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзодаву ёронаш

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, бо нашри матлабе ба муаллифони китоби “Ҷаҳони андеша” посух дода, бовар надоштани эшон ба мавҷудияти Худовандро ноқисулақлию камдонишӣ хондааст.

Ин руҳонии тоҷик бо иқтибос аз тарҷумаи ҳоли бархе аз олимон гуфтааст, “боварӣ ба Худо маънои ҷоҳилу хаёлпарастӣ ва хурофотӣ буданро надорад. Агар чунин бошад, пас, чӣ гуна Шумо дастовардҳои илмии уламои гузаштаи таърих, аз ҷумла Нютону Дарвин, Эйнштейну Сино, Ҳайсамию Фирдавсиро мепазиред?”

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло садҳо далелу омилҳое ҳастанд, ки вуҷуди Худовандро исбот мекунанду дигар набояд дар ин бора шакку шубҳа кард ё дунболи ҳуҷҷат гашт: “Ба қавли Мавлонои Рум ва Мирзо Абдулқодири Бедил дигар имрӯз барои исботи ҳастии Худо далелу бурҳон ҷустан ва ё дархост намудан нанг ва аблаҳӣ аст. Ҳамонгуна, ки дар рӯзи равшан бо чароғ ҷустани офтоб ҳамоқату нодонист.”

Эшони Маҳмудҷон дар идома афзудааст, тавре муаллифони “Ҷаҳони андеша” ақида доранд, “ҳар киро ва ё ҳар миллатеро илму донишаш бештар, куфру инкораш нисбати вуҷуди Худо бештар...” пас, бояд аксари донишмандон дар тӯли таърих ва сониян мардуми Аврупову Амрико, ки пешрафтатарини миллатҳо дар илму дониш ҳастанд, нисбат ба ҳастии Худо мункиртару кофиртар мебуданд. “Вақте 90% мардуми кураи замин, ба хусус аксари нобиғаҳо ва донишмандон дар тӯли таърих то имрӯз, бо Шумо – ай мункирони Худо – ҳамфикру ҳамақида нестанд, пас, беҳтар аст, Шумо нахуст ба ақли худ, ва сипас ба илму дониши шахшудаи худ таҷдиди назар намоед, то агар қобили муолиҷа ва ислоҳ бошад, пас дар пайи дармон ва ислоҳи он шавед! Ва агар ислоҳнопазир бошад, пас айбу нуқсон аз ҷониби шумо ва ақли ноқиси шумост, на хуршеди оламоро...”,- навиштааст ӯ.

Дар охир Эшони Маҳмудҷон изҳор доштааст, "монанди достони Фиръавни Миср ва фиръавниёни асри 20, ҳар кадом аз мо ва Шумо хонандагони азиз дар таърихчаи зиндагии хеш саргузашти бисёр касонеро медонем, ки дар айёми ҷавонӣ ва мансабдорию сарватмандӣ, ончунон масту мағрури дунё ва молу мансаби дунё буданд, ки Худову ибодаташ ба гушаи хаёлу хотири эшон намегузашт. Ва баъзе аз онҳо, аз ҷумла баъзе мансабдорони комунист ва комунистмаоб на танҳо мункири Худо, балки душмани сарсахти Ӯву дин ва мардони роҳаш буданд. Ҳатто бо Худо ва динаш эълони ҷанг карда буданд. Ҳангоме ки эшон ба рӯзгори пирӣ ва нафақаю бознишастагӣ расиданду дарҳои ҳукумат ва мансабдориро ба рӯи худ бастанд, ба сабаби заъфу нотавонӣ умедашон аз тӯли зиндагӣ ва мансабу вазифа қатъ шуд, фосилаи худро бо қабр ва дарвозаи марг чанд қадам диданд, якбора 180 дараҷа тағйири равиш доданду бо ришу тасбиҳ, Худогӯю намозхон ва масҷидрав шуданд. Сабаб ва иллати ин инқилоби азим ва таҳаввулоти бузург дар зиндагии афроди гузашта дар чист? Албатта, посухи ин суол, ҳамон имони фитрӣ ва майлу ҷозибаи руҳӣ – равонӣ аст, ки дар чунин ҳолати ноумедӣ онҳоро ба сӯи Худо мекашонад.”
Мӯҳр
Рахмон
Касе аз аклхои бузурги башарият аз кабили Фирдавси,Сино,Беруни ва ё Энштейн аз худо мункир набудааст ва Фирдавси бари шоири забардасти бадеи зиёда аз 3 хазор байт дар васфи худо-парвардигор дар "Шохнома" дорад,ки бехтарин ва аълотарин сухан дар васфи худованди бузург хастанд.Акалан "Шохнома"-ро хонед олимони мухтарам ва баъд фахмед,ки худованди кист!

Дар ин чо номи Дарвин кошта шудааст. Шахсан ман рози нестам.

Саволе ба фикр мезанад, ки ин эшон бо дахони пур коммунистонро ба бедини гунахгор мекунад, замони шурави пушти домони ки панох бурда бошад?
Баъди нашри ин китоб ман ба осори Бекзода ва зиндагии у таваччух кардам. Фахмидан дар чамъияти мо кам касе ёфт мешавад, ки чунин сазовор ва халолу арзанда зиндаги кунад. Навиштахои Бекзода гувохи он аст, ки ин олим хеле тавоност.

Олимони (ба истилох) точик дигар тавоноии бавучудории донишхои навро надоранд, аз ин ру диккати мардумро ба масоили хассос (муносибат бо Худо) чалб карданианд. Ин заифии онхост, онхо медонанд, ки реаксияи мардуми боиси мубрам шудани андешаи онхо мегардад.
ба ин воситахо ин зумра афрод муваффак намешаванд.

Донишёр
Чавоби хеле сода ва авомона. Илм кайхо исбот кардааст, ки хамаи динхоро одамон бофта баровардаанд. Акидахои дини дар бораи офариниши одаму олам дар киболи дастовардхои илми муосир афсонае беш нестанд.

Ҳофиз
Агар ман гуфтам Офтоб аз фардо дигар намебарояд, чи офтоб намебаряд ҳатман мебарояд, магар ин бар ягон кас тавҳин мебошад, албата не, барои он ки мо боварии комил ба баромадани офтоб дорем.
Вақте касе мегуяд Худо нест, чаро ин ҳама имондорҳо ин қадар дар ғазаб меафтанд, ҳоло он ки Офтоб як зарраи коинот мебошад, ки дар фалсафаи дини Худо офаридааст. Яне маълум мешавад, боварии инҳо ба Офтоб нисбат аз Худо зиёдтар мебошад, одаме ки боварии комил бар Худо дорад ҳеҷ гоҳ асаби намешавад чун, ки бо гуфтани Худо нест, Худо нобуд намешавад.
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯњ аст киштибон, зи тӯфон, ғам махӯр.
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!

Хонанда
Худованд Шуморо нигахбон бошад!!!!

Аллох мувафак гардонад шуморо дар хамаи корхоятон омин!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)