Комил Бекзода: “Дар боби инкори Худо дигар баҳс карданӣ нестам”
Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки ҳоло бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шудааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.
Бекзода рӯзи 6 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “бархе аз дӯстон ба хотири муҷодала бо ман, мавзӯъҳои "Ҷаҳонбинии оянда"-ро ба баҳс кашидаанд, ки дигар дар ин мавзӯъ бо касе суҳбат карданӣ нестам”.
Комил Бекзода мегӯяд, ин мақолаи онҳо ҳеч гуна китоби илмӣ, баҳсӣ ва идеологию фалсафӣ нест: “Ба хотири хотима ёфтани ин баҳси хасакӣ аз ин ба баъд дар ин мавзӯъ бо касе муҷодала намекунам ва ҳар кас бо мо баҳс мекунад, китобҳои зиёд дорем, марҳамат!”
Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо мегӯяд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили Ҷаҳони андешаро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем.”
Оқои Бекзода дар мавриди ҷой доштани бобе дар бораи инкори вуҷуди Худованд дар “Ҷаҳони андеша” гуфт, албатта онҳо мавзӯъеро дар ин бора дар мақола ҷой додаанд, ки аз ҳама муфассалтарин қисмати он маҳсуб мешавад. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҷомеа ин қисми мақолаи онҳо каме дигар матраҳ шудааст: “Масъалаи ҷавҳарӣ ин аст, ки мушкили асосии инсоният ба назари Ҷаҳони андеша вуҷуди марг ва мурдани инсонҳост. Ҳамаи динҳо ҳам кафолат медиҳанд, ки гӯиё пайғамбарону Худоҳояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшанд. Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад. Он вазифае, ки динҳо назди худ гузоштаанд, илми имрӯза алакай инро иҷро карда метавонад. Барои ин андешаро гуфтан, агар дар бораи Худо гап назанӣ, намешавад. Дигар мо чизе дар бораи Худо нагуфтаему мақомашро муҳтарамона аз нигоҳи таърихӣ ба қалам кашидаем.”
“Ҷаҳонбинии оянда” дар шакли китобчаи иборат аз 40-саҳифаӣ моҳи июли соли 2013 бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Кайҳон»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |