Бахшҳо

Кабирӣ дар бораи тағйирот ва мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур, ба ҳайси раҳбари Хадамоти гумрук аз кишвари феодалӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад.

Кабирӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии русии “А24” гуфтааст, ин таъйинот бозгӯи он аст, ки давлати Тоҷикистон танҳо дар Қонуни асосӣ демократӣ ва дунявӣ буда, дар асл ба як кишвари асримиёнагӣ наздик ба монархия монанд аст. Ба қавли раиси ҲНИТ, Тоҷикистон танҳо дар либос ва ороиши бинову маъракаҳо ҳамчун кишвари муосир ва мудерн дида мешавад: “Вале дар воқеъ, ба як кишвари феодалӣ табдил ёфтааст.”

Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “вокуниши мухолифони тоҷик ба ин мансаб таъйин шудани Рустами Эмомалӣ чист?” иброз медорад, ки инҷо дигар вокуниши мухолифин зарурат надорад. Чун ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо ин иқдоми худ миссияи мухолифинро дар ин бора иҷро кардааст. Раиси ҲНИТ мегӯяд, вазифаи мухолифин ошкор ва гуфтани камбуди ҳукуматҳо аст. “Дар бархе аз кишварҳо, ки ҳукумат барои пӯшонидани камбуду мушкилоти худ талош мекунад, ин кор барои мухолифин мушкил пеш меорад, аммо ҳукумати Тоҷикистон бо ин амал вазифаи мухолифинро иҷро кард ва акнун барои мухолифон ҳатмӣ нест, камбуди ҳукуматро ҷӯянд, чун он алакай ошкор аст”,-гуфтааст ӯ.

Оқои Кабирӣ илова намудааст, омадани писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин симат аз иштибоҳ ва эҷоди як мушкил барои ҳукумати кишвар дарак медиҳад. Ӯ бар ин аст, ки ба ин таъйинот аз ҷониби бисёриҳо баҳои манфӣ дода шуда, норозигӣ на танҳо миёни мухолифин, балки байни тарафдорони худи ҳукумат низ эҷод кардааст. “Ба чунин масъалаҳо, бахусус дар як кишваре, ки худро демократию дунявӣ меҳисобад, бояд хеле эҳтиёт кард”,-таъкид доштааст ӯ.

Ин сиёсатмадори тоҷик афзудааст, ҳарчанд аз ташкилшавии ҳукумати нави Тоҷикистон ягон иллюзия надошт, вале умедвор буд, сафи аъзои ҳукумати навташкилро бештар ҷавонон ва намояндагони аҳзоби гуногун, ё ҳадди ақал муттахассисон ва технократҳои бидуни ҳизбу берун аз қабилагароӣ ташкил медиҳад. Ӯ таъкид дорад, ки дар Тоҷикистон бо ивазкунии аъзои ҳукумат, ки ин ҳам дар тими нави Раҳмон тақрибан ягон чеҳраи нав дида намешавад, ҳеч чиз тағйир нахоҳад ёфт. Чун дар ин кишвар дар ҳама соҳа президент тасмим мегираду вазирон танҳо иҷрокунанда мебошанд: “Мутаассифона, дар мо вазириро танҳо иҷрокунанда медонанд, аммо дар асл масъулияти вазирӣ танҳо бо ин хатм намешавад, балки ӯ бояд худ низ қарор қабул кунад ва барои ин амали худ ҷавобгар бошад. Вале дар Тоҷикистон танҳо президент ин ҳамаро мекунаду фақат худи ӯ ҷавобгар аст.”
Мӯҳр
Мухаммад
шумобаринхоро Дилшод хофиз мегуянд шеъри кадоме ки ракси бошад хондан мегиред ...................................................гозималик

муаллим
офарин Устод
Кабирй, фахри милат
хастед.ин душанон аз бахили намедонанд чи кунандау чи гуянд.

Дар вақте ки бародар Кабири бояд тасмимҳои дуруст ва муфидро барои раҳои аз зулмy ситам бигирад худро ба қафо мекашад вале вақте кор аз кор гузашт танқидро сар мекунад. Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш аз тарафи ҳyкyматдорон бар алайҳи мардум ҳам Кабири ҳамин коро мекунад. Магар як раҳбари мухолиф ҳаминхел мавқе дошта бошад. Аз ходҳои Кабири ҳаминро фаҳмидан мумкин аст ки яке аз одамҳои Раҳмон бошадy дар ҳолатҳои зарyри аз y истифода мебарад. Кабири ҳам хидматҳои бузургро мисли yстод Нyрии раҳмати ба идома ёфтани давлати имруза карда истодаст.Фикр мекyнам раҳбар як ҳизб бояд тоҷир набошад чyн тоҷир дар ҳар мавқе барои манфиати тиҷораташ кyшиш мекyнад ва ормонy орзуи халқро фаромуш мекyнад. Раҳбари тоҷир касонеро дар атрофаш гирд меоварад ки дар пешрафти тиҷораташ халал нарасонанд ва инсонҳои миллатдуст ростқавл ва роскоро аз тимаш дур мекунад чyн метарсад ки рузе аз камбудиҳои y бигуянд. Худо миллати Тоҷикро як раҳбари мардумдуст росқавл ато кyнад ва бародар Кабириро ҳам имони қави ва еҳсоси миллатдусти ва дорои ҳалол ато кyнад.

Саидмухаммад С.
Дар хакикат Рустами Эмомали бо дастгирии падараш мухтарам Эмомали Рахмон ба ин мансаб раво дониста шуд. Вале аз таъини дигар нафар чи-?, то вай ва хешутаборхояш сер мешаванд, ки... Хамватанони азиз. Сохаи гумрук яке аз сохахои калиди дар кишвар ба шумор меравад. Бинобар ин бояд дар ин гуна сохахо нафарони наздик ва бовариноки Чаноби оли Эмомали Рахмон бошанд, бародарон. Чизе, ки хаст ё шуда истодааст, ин аз кадиммулайём буд ва хохад монд. Хаминаш аён аст, ки Чаноби оли шахси ганда ва бадхохи миллат нест, хамватанони ази-! Боки худо ёратон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)