Бахшҳо

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон, рӯзи даҳуми декабр ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.



Як гурӯҳи тазоҳургарон, ки вориди қароргоҳи ҲСДТ шуда буданд, гуфтанд, Зоиров яке аз ташкилкунандагони ноамниҳо дар тобистони соли гузашта дар Хоруғ, маркази Бадахшон, буд. “Ӯро гӯш накунед. Зоиров кист, ки рафта дар Украина ва Қирғизистон эълон медорад, интихобот дар Тоҷикистон ғайридемократӣ баргузор шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон президенти қонунӣ нест? Ба гапҳои вай гӯш надиҳед”,-таъкид карданд онҳо дар хитоб ба журналистон.

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи ЗоировЯке аз ин занҳо, ки худро Назокат Алиева муаррифӣ кард, гуфт, ӯ дар тазоҳуроти шаҳрвандон дар назди сафоратхонаи Амрико дар моҳи апрел низ иштирок кардааст. Вай афзуд, аслан хабар надошт, ки дар дохил чӣ мешавад: “Аз пеши дарвоза омадам, гуфтанд, ки дарову сӯҳбат кун. Ман ҳам даромада гапҳоямро гуфтам. Охир, ҳамин тинҷии кишвар ба кӣ намефорад? Ҳамин президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аст.” Ин дар ҳолест, ки тамоми гурӯҳи тазоҳургарон худро дар дохили дафтари Раҳматилло Зойиров ҳамчун ҳамсояҳои ӯ муаррифӣ карданд.

Ин гурӯҳи занон худро муаррифӣ накарда ва гуфтанд, хабари нишасти матбуотии Зоировро аз Интернет фаҳмидаанд. Ҳарчанд Зоиров ва дигар масъулони ҲСДТ гуфтанд, ин нишасти хабарӣ ба президент Раҳмон дахл надорад, вале занҳо бовар накарданд. Чун ба гуфтаи онҳо, “Зоиров ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар бораи ҳукумату Раҳмон менависад ва сухан мегӯяд.” “Мо як гурӯҳ заноне ҳастем, ки оромӣ мехоҳем. Монед, оромона зиндагӣ кунем”,-афзуданд онҳо.



Дар пайи чунин шӯру мағали тазоҳургарон нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров қатъ шуд ва худи ӯ эълон кард, ки сӯҳбатро дафъаи дигар идома медиҳад. Тазоҳургарон дар қароргоҳи ҲСДТ ба эътирозгарон дар назди сафорати Амрико монанд буданд, ки 5 апрели соли ҷорӣ, баъд аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳе дар Киев, баргузор гардид. Қисми аслии эътирозагронро донишҷӯён ташкил медоданд ва дар миёни онҳо занон низ буданд. Ҳарчанд эътирозгарон дақиқ намегуфтанд, ки бо ташаббуси кӣ ё кадом гуруҳ ҷамъ омаданд, вале алайҳи Абдуллоҷонов шиор медоданд ва ӯро дар дуздии пулу ноамнӣ муттаҳам мекарданд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ ин тазоҳуротро ғайриқонунӣ дониста, чор нафарро барои ташкили он ба ҷавобгарӣ кашид.


Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

[center]Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров


Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров[/center]

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
инхо аслан зан ки нестанд танхо бо ин рафторашон номи зан-модари точикро ки фарзандоне чун темурмалику восеъ ба дунё овардаанд бад мекунанду халос.зан -модари точик дар гузашта фарзандашро сар карда аз гахвора кахрамонию мардонаги ватандустию озоди меомухт имруза зани точик чи?магар аз ин гуна модарон(бахшиш аз модарони гироми ин гапхо барои баъзе заноне аст ки номи зан-модарро паст кардааст)метавон умед кард ки фардо кахрамоне ё озодандеше ба дунё меорад дар сурате ки руирост барои сад ё дусад сомони шарм нокарда бар зиди озоди баромад карда хамагонро даъват ба гуломию бандаги косалесию хушомадгуи мекунад.пас аз чунин зан-модар чиро метавон интизор шуд? БАРОИ ПУЛИ НОЧИЗЕ ТАЁРЕД ЧИГАРБАНДИ ХУДРО ШАРМАНДАЮ БЕ ОБУРУ КУНЕД.

Суруш
Вой ба холи чомеъаи точик ва чунин андешаронии болшевикии архаисти-мо ба ботлоки бесаводи вааблахчомеъаги торафт фуру рафта истодаем.Войи миллат бо ин холаш ва роботпайвандияш!

Зафар
Ин кабила занхо гапро гаефахманд ва бо инхо бояд аз тарики мушту лагад кор гирифт то ,ки фахманд.

Аслам
Они ОБОН - отряд баб особого назначения амнията!

Мумин
tojik,
Ин занхои беномусу бе мадаъният хастанд. Инхо номи зани точикро паст мезананд ва ба хама маълум шуд,ки ин амали нанговар аз тарафи,кихо тархрези шудааст.

Мухтарам Зоиров хеч вакт рухафтода нашавед, агар интихоботи президенти
дар хакикат шафофу демократи мегузашт ва шахсан Шумо номзадиатонро мемондед,хатман ба макоми Раиси чумхур аз тарафи кулли мардуми Точикистон интихоб мешудед. Ман шахсан як шахрванди оддиям ,лекин дар хама чой,дар бозорхо,кучахои шахру нохияхо хама аз Шумо пуштибони
мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)