Бахшҳо

Саволи Шумо ба Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), омодааст, ба ҳама саволҳои хонандагони торнамо ё сайти “Озодагон” посух гӯяд. Ин сӯҳбати онлайнии оқои Кабирӣ бо хонандагони мо дар остонаи Анҷумани навбатии ҲНИТ ва баъд аз эълони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баргузор мешавад.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки се моҳ пештар таъсис шуда, ҲНИТ ва ҲСДТ шомили онанд, рӯзи даҳуми сентябр Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива плюс”-ро ба унвони номзади ягона эълон карданд. Ин тасмими ИНИТ вокунишҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Иддае гуфтанд, ҳаққи Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зоиров буд, ки ба ҳайси номзад дар ин интихобот ширкат ҷуста, бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат бикунанд. Ҳарчанд худи Кабирӣ ва Зоиров хонум Бобоназароваро номзади арзанда дониста, аз тарафдорону аъзои ҳизби худ хостанд, то ба пуштибонӣ аз ӯ якҷоя кор кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии Ҳизби наҳзати исломиро бар дӯш дорад ва ду дафъа вакили парлумон интихоб шудааст. Вай 20-уми июли соли 1965 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, то кунун дар мақоми ёвари раиси Кумисюни оштии миллӣ ва раҳбари Маркази “Диалог” кор кардааст. Оқои Кабирӣ айни замон президенти Федератсияи гандболи Тоҷикистон низ мебошад. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.
Мӯҳр
Баходур
Салом устод Мухиддини Кабири. Аввалан аз Аллохи пок бароят сабр дар мукобили ин хама сарусадохо хохонам. Ва инчунин дуъогу хастам забонатро дар посух гуфтан ба хама ин суолхо бурро бигардонад ва тавонед чавобхои каноатбахш бигардонед. Сониян як суоле ва ё як иштибохе дар зехнам пайдо шуд ки посухашро аз чаноби шумо хохонам. Оё ба андешаи шумо пуштибонии як хизби исломи амсоли ХНИТ ва пуштибонии як шахсияти исломию мазхаби амсоли устод Хочи Акбар Турачонзода, аз як зани ба истилох бе сатру бехичоб( зеро хичоб аз вочиботи дин аст, хар ки мукобили хичоб бошад аз зумраи мусалмонон махсуб намешавад) , сарусадохоро дар миёни тарафдорони ХНИТ ва Турачонзода ба миён намеорад? Оё ин хиёнат ба ислом нест? Чаро номзадии Устод Иброхими Усмонро пешниход накардед? Шахсан гумон намекунед бехтар пешниходи номзади Иброхими Усмон мебуд. Зеро бартарии Устод Иброхим Усмон аз ин хонум дида бештар буд.Каблан ташаккур мегуям. Умедворам саволамро бе посух намегардонед.

Огои Мухиддин Кабири як маротиба мо тарафдоронатро хариф намуди хангоми интихоби парлумони Шумо инсони халимен локин дар вучуди Шумо аз азал тарс хаст агар хизб хохони ислохот бошад бояд аз Махмадали Хаит пуштибони намоянд савол чунин ое овозхои мо дар интихоботи навбати хифз мешаванд аз тарафи ИНИТ

Ҳайдар
Саломун алайкум Устоди арҷуманд зимни орзуи қабулии тоот ва ибодот ва саломатӣ барои шумо ва ҳамаи наҳзатиён ва умуман ватандустон чанд суол доштам
1.вазияти мултаҳиб ва ошуфтае ҳангоми интихобот эҷод хоҳад шуд зеро маҳалли танозуи манофеи тарафайн ва фурсати баёни ақидаҳо ва барномаҳо аст, дар ин вазияти ҷомеа аз лиҳози шуури сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ, ҷурат ба ширкат дар саҳнаи сиёсат, ҷурати эътироз ба мухолиф чи қадар тағир хоҳад кард? оё аслан тағир мекунад? агар тағир кунад то чи андоза ба самти манофеи ҳизби шумо ва умуман мухолифин хоҳад буд?
2.ҷавоби мантиқии шумо ба афродеки аз шумо таваққуи эътирози оммавӣ ва тазоҳурот, шиддати бештар дар баробари ҳукумат, адами нармиш дар баробари сиёсатҳои давлат ва ..., доранд чист? хулосатан зикр кунед.
3.шумо дар сурати бовар ба шикаст дар интихобот чӣ манофеи ҷонибии дигарро дар интихобот бо эътилоф, ҷустуҷу мекунед?
4.чӣ авомиле метавонад сабаби тафриқа дар эътилофи шумо гардад? аслан хатари тафриқаро эҳсос мекунед?
пешопеш аз посухатон сипоси фаровон дорам Худо ёратон

Салом Устод. Мехохам ба чанд суоли ман мушаххас посух гуед!
1) Oё намешуд ба чои Бобоназарова Зарафо Рахмониро пешбари мекардед?
2) Оё пешбари Ойнихол (зани берусари ) метавонад ба ахдофи нахзат мувофикат кунад(ман хайронам)?
3) Оё вокеан дар дохили нахзат нофахмихо, мухолифатхо, ба гуруххо таксимшавихо вучуд дорад (хулоса аз мусохибаи Зоиров бо Точнюс)?
4) Шумо ислохотхохед пас чаро Рохбари нахзат иваз намешавад аз 2007 то инчониб ва бовари дорам то 2020 дар ин вазифа мемонед. Пас чи тавр нафари дигарро ба ислохот даъват мекунед, чун худ ислох нестед?
5) Баъди пешбари Бобоназарова аз чониби нахзат махз нахзат ихлоси марду аз Кабири ва хизби Исломи дигар шуд ва мегуянд: ХАЙФИ КАЛИМАИ ИСЛОМ ДАР ИН ХИЗБ КИ КУРБОНИ СИЁСАТ ВА МАНСАБ ШУДААСТ. Чи фикр доред?
6) Хамаи ин ходисахоро диди мардум мегуянд (махз мардум халки одди ман худам шохид) КАБИРИ ФУРУХТАШУДААСТ, КАБИРИ АГЕНТ АСТ, КАБИРИ БИЗНЕСИ МУШТАРАК ВА МАНФИАТХОИ ШАХСИ ДОРАД АГАР НЕ ПАС ЧАРО НОМЗАДИАШРО НАМОНД? Мунтазири чавоби самими рост ва хаккони (Худованд мебинад ва мешунавад дуруг нагуед). Бо умеди тавфик Шер!

Хуршед
Ассалому алейкум устод. Таи чард сол аст як суолро мехохам фахмам, ана аенун фурсаташ расид. Барои чй Шумо риш намегузоред? Ин суннатй паямбар аст ку ва барои тарошиданаш хам ваъидхои сахте омадааст. Баъзе уламо хатто тарошиданашро харом хам гуфтаанд. Шумо ки пешвои як хизби исломй хастед, ба фикрам бояд ба дигарон намунаи ибрат бошед. Маъзарат мехохам барои саволам. Саломат бошед!

Самад
Мӯҳтарам Кабирӣ аз сӯҳбати Зоиров маълум мешавад, ки яке аз "сабабҳо" - и ӯро дастгирӣ накардани ҲНИТ ин гӯё агенти Ӯзбекистон будани ӯст. Шумо дар ҳақиқатан чунин мешуморед? Агар на, чаро ин баҳонаро пеш овардед? Агар ҳа, далел биёваред!

Масчо аз Ходжаи АЪЛО
....ЗОИРОВ:дар ҷаласаҳои гурӯҳи ҳамоҳангсоз Муҳиддин Кабирӣ пурра ширкат надошт. Дар қабули консепсия низ набуд. Гап дар он аст, ки вақте масъалаи номзади ягонаро муҳокима мекардем, Муҳиддин Кабирӣ дар меҳвари асосии ин масъала қарор гирифт........Мухтарам Кабири аз тарс аз канор назора кардед,ки ку бинам ранги Зайд мекунанд ё не!Дидед,ки хамачо хомуши ба оши тайёр омада хамрох шудед!Ман бовари дорам шумо бо суханхои умуми аз чавоб додан мегурезед,лекин хаминро донед,ки Тиннати шумо маълум шуд!Шумо шахси дарундори тарсу хастед,ки тарсидед,мардум аз НОТАРСИ ва интеллекти дар хакикат волои ЗОИРОВ огах мешаваду,миф дар бораи шумо ба ЦИФР баробар мешавад!Бовар кунед он обруе,ки раиси ХНИТ дорад ин ягон зарра хизмати шумо нест!Баръакс шумо аз ин истифода карда мисли турист дар сайри дунёеду парвои мардум надоред!Ман хатто боре нашунидаам,ки шумо дар бораи КОНУНИ зиддимардумие дар СМИ баромад карда норозигии хешро баён карда бошед!Шумо лухтаки дасти хукуматед.ЗОИРОВ:Ҳатто ба Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кардам, ки агар матонату ҷасорат дошта бошӣ, номзадиатро пешниҳод кун, мо ҳамаамон шахси боэътимоди ту шуда ширкат мекунем. Ман омодаам, ки то охираш равам. Ягона талаб аз Кабирӣ ин буд, ки то охир истодагарӣ намояд. Вай рад кард....Метарсед,ки мисли Зайд мекунанд?Пас тарсед шумо дигар хукуки маънаии раиси ХНИТ шуданро надоред!Шумо хатто барои мухофизати хукукхои аъзоёни хеш овоз баланд намекунед!Хохиш мекунам бо факту далел,на бо суханхои УМУМИ ба ин суханони мухтарам Зоиров чавоб дихед!

носир
Окои Кабири шумо ба гуфтахои Додочон Атовуллоев ки дар хафтаномаи нигох дар торихи 11 сентиябр зидди шумо чоп шуд чи гуфтани хастед? Шояд ин гуфтахои Атовуллоев ба аъзоёни хизбатон ва тарафдорони шумо таъсири манфи расонад. Хуб мешуд ки муфасалтар дар ин бора чавоб мегуфтед то ин ки нофахмихо аз зихну дили аъзохоятон ва тарафдорхоятон дур мешуд. Бо эхтиром Носир.

Салом ҷаноби Кабири рости гап аз шумо ин хел умед надоштам!
Чандин бор наҳзатиҳо мавриди лату куб қарор гирифтанд қурбон ҳам гаштанд зиндони ҳам шуданд шумо бошед САБР мекунеду халос Ба шумо як маслиҳати бародарона ба истъфо равед илтимос! Мухамадали Ҳайит марди ҷасуру нотарс ва ошкорбаён аст у метавонад ба осони идора кунад. Ман ҳамҷун аъзои ҳизб аз сухтани дил аз шумо илтиҷо дорам ХНИТ ин орзую ормони ҳазрон-ҳазор сокини кишвари азизамон аст!!!
Меня не пугают никакие действия, куда страшнее бездействие. (Уинстон Черчилль). Ин суханонро бамаънро ба инобат гиред!

Мехостам бипурсам, ки аз назари эшон фарки байни ХНИТ аз Ихвонулмуслимини Миср чигуна аст? зеро чунон ба назар мерасад, ки вазъу холату максад харду хизб хеле шабохат дорад.

Абдурахмон
Устоди гироми салом!
Ман аз баъзе саволхое, ки ба шумо устоди мухтарам нигох кардам, чунин ба натича расидам, ки аксари касоне, ки савол додаанд хамон касонеанд, ки онхоро фабрикаи чавоб мегуянд ва инхо агар харчи мешуд хох шумо ва хох Зоиров ва ё каси дигаре гайр аз Бобоназарова хам пешниход мешуд хамин гуна бархурд ва саволхо мекарданд. Масалан як нафар чандин бор ки Самад ном дорад савол додааст. Ин 1.
Дуввум ин, ки аз сатхи фахмиши саволдихандагон маълум аст, ки аз сиёсат хеле дуранд ва онхо танхо дар фикри зану фарзанд ва шояд зану фарзанд хам не факат дар фикри худашон бошанд. Шумо устоди мухтарам бигуед, ки вакте шумо як хизби опозитсионии но хам исломиро рахбари мекунед, чи кадар мушкил аст, тасмимгири?
Саввум: Шумо бо ин кори худ ки номзадиаторно пешниход накардед, як зарбаи сангин ба руи душманони миллат ва касоне, ки хадафхои нопок доштанд ва баъд аз интихобот ки натичааш маълум аст, мехостанд боз мардумро ба майдонхо кашанд ва чандин нафар чавони точикро ба куштан диханд, кубидед. Бовар кунед яку якбора чунон ошуфта шуданд, ки гуё барои ноором кардани вазъи кишвар хатто моххову солхо накша мекашиданд ва хамин интихоботро фурсат ёфтанд. Устоди азиз бигуед, ки дар интихоботи парлумонии соли 2015 ширкат мекунед ё не?
Чахорум: Чаро бештар касоне, ки ба мукобили номзадии Ойнихол ба шумо савол медиханд номи худро пинхон мекунанд? чаро онхо метарсанд дар холе, ки агар номашонро ошкор хам гуянд, касе онхоро на ба суд мекашаду на хабс мекунад, зеро Ойнихол номзади мухолифи номзади хизби хоким аст ку?
Панчум: Устоди азиз! чаро шумо як бор бо Саидмукаррами Абдукодирзода якчо наменишинед ва баъзе нофахмихое, ки байни уламои кишвар хаст-ро бахс намекунед? Охир мо хама мусалмонем ва чаро моро дигарон бози медоронанд ва бар зидди мо мусалмонхо накша мекашанд ва он накшахояшонро бо дасти баъзе аз уламои худи мо амали мекунанд. Агар онхо пеши шумо намеоянд, оё шумо дар фикри ин нестед, ки як бор бо хам нишинед?
Шашум: Ба назари шумо чаро президент Эмомали Рахмон як бор бо касоне ки опозтсияашон мегуянд сари миз намешинад ва оё шумо ягон бор кушиш кардаед ки хамрохи дигар фаълони чомеаи шахрванди бо президент ру ба ру шишта мушкилотро гуед, пеш аз ин, ки ин мушкилот бузургар шаванд ва ба фочиа табдил шаванд?
Дар охир устоди азиз ба шумо Барору тавфикро аз Худованд мехохам! Худо шуморо барои миллати мусалмони мо хифз кунад ва ба касоне, ки ахлоки савол додан ва бахс карданро надоранд, Худованд ахлоки хубашон дихад ва хидояташон кунад!

Анвар
Слом устоди азиз,аввалан мехостам ба саволдихандаон мурочиат намням,ки вакте суол дода мешавад,бояд ба як нукта ишора карда шавад.Аввалан устод рохбари як хизбе мебошад ки зийода аз 40000 азо ва садхохазор тарафдор дорад мебошад. Устод пеш аз он ки пешниходе мекунад йо тасмиме мегирад бояд ба он хотир бошад,ки зарар йо зийоне болои азойон ва тарафдоронаш нарасад.Мутаасифона аз саволхои пешниход шуда бамеояд,ки саволдиханда гонтанхо фикри якнафаро мекунанд

Фикр мекардам ба устод саволхое пешниход мешавад,ки баманфиати мардуми кишвараст.Шахсан барои ман шунидани чавобхо зарурате надорад чунки аз саволхои пешниход шуда бормеояд ягон саволдиханда дар фикри дину миллат нести.

Салом чаноби кабири. Саволхои ман чунин аст:
1. Чаро Шумо номзадии худро дар интихобот намондед?
2. Барои чи номзадии занро пешниход кардед?
3. Агар Рахматулло З. номзадии О.Бобоназароваро дастгири накунад Шумо чи назар доред ба ин?
4. Фишор дар болои ХНИТ бисер шудааст шумо чи чавоб медихед ба хамаи ин?
5. Агар Хукумат талаб кунад ки номи ИСЛОМро аз Хизбатон гиред гуяд Шумо чи чавоб мегуед.
6. Барои чи аъзоени хНИТ аз хизб мебарояанд? ё ин ки хатто дафтарчаи хизби надоранд.
7. Барои чи аъзоени дигар хизбро ба хизби худ номнавис кардетон ки худи вай шахс хабар надорад.
8. Чи сабаб шуд ки Шумо устод Турачонзодаро пешниход накардед ба мансаби президенти.
9. Оё бовари доред ки О.Бобоназарова мукобили хукумат ракобат карда метавонад.
10. Оё дигар номзаде набуд ки Шумо ин занро ба сиесат ворид кардетон.
11. хУД МЕДОНЕД КИ ИН ЗАН ХЕЧ ГОХ БА МАНСАБИ РОХБАРИ КУНАНДА КОР КАРДАГИ НЕСТ ВА БОВАРИ ДОРАМ КИ СИЁСАТРО А АЗ Б Фарк намекунад.

Салом! Устод Кабири чи мешуд,ки калимаи ИСЛОМРО аз хизбатон мегирифтед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)