Бахшҳо
04 апр 2013 11:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Саволи Шумо ба НУРИДДИН САИДОВ

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба суоли хонандагон дар бораи вазъи маориф, илм ва мактабҳо посух бигӯяд. Ҷаноби Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст.

Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм мекунад. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад.

Вай то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
Салом чаноби вазир саволи ман чунин аст. Барои чи рахмонов хукуки донишчуёнро поймол мекунаду шумо ягон чора намебинед???
Биёмуз фарзандро дастранч,
В-агар даст дори чу Корун ба ганч.
Нигах дор к-аз омузгори бадаш,
Ки бадбахту тира кумад чун худаш! Мо мачбурем фарзандонамонро аз хондан боз дорем. Ояндаи МИЛЛАТ чи мешавад бо чунин омузгорон???.....

Диёрзод
Ҷаноб Вазир аз рӯйи шунидаҳоям дар ДМТ имсол хатмкунандагони зиёде Кори Дипломи нависта истодаанду баъзеи дигар корҳояшонро ба анҷом расондаанд. Акнун ба онҳо мегӯянд, ки касе 8 то зиёд се дорад Кори Дипломияш қабул намешавад. Дар вақти пешниҳоди мавзӯъ чунин нагуфта буданд. Баъзеҳо баҳои баланд доранду дониши кофи надоранд ва баъзеи дигар баҳои қаноатбахш доранду саводашон воло аст. Саволи ман ҳамин ки "Донишҷӯе, ки дар дафтарчаи имтихонияш се дорад то чанто 3 ҳуқуқи навиштани Кори Дипломиро дорад? ".

Асрориёни Ориёи
Мухтарам Вазир, Худованд мадагоратон! 20 - сол боз аз шунидани гуфтаи "ИСЛОХОТИ МАОРИФ" кимоб шудам, бовар кунед, чун омузгор аз Шумо пурсиданиам, ки оё оид ба амалишавии ин реформа ягон накша, барнома ва ё консепсияе хаст? Агар бошад чаро дар асоси он мактабхои мо чунин хуччатро надорад? Дуюм саволам чунин аст: мегуянд, ки аз Вазорати маориф Академияи педгоги чудо шудааст магар ин рост аст? Чандин сол пеш устод Лутфуллоев бо шогирдонашон ба нохияи мо меоманданду ин вактхо умуман ягон хату хабарашон нест . Саволи дигарам оид ба баходихи ба дониш, малака ва махорати хонандагон аст чи кор бояд кард, ки хак ба хакдор расад? Дар охир фикри Шуморо оид ба баргардонидани омузгорону олимони мо ки Точикситонро тарк кардаанд пурсиданиам.

аспирант
Салом муҳтарам вазир. Чаро дар Хобгоҳи Ҷумҳуриявии Аспирантон хориҷиҳо(эрониҳо) дар як сехонаги танҳо як нафар зиндагӣ мекунанд. Дакр ҳоле, ки аспирантони зиёде ҷои зист надоранд. Ман шахсан ин масъаларо пайигирӣ кардам ва аз мутасаддиён пурсон шудам чунин ҷавоб гирифтам, ки " ОНҲО МАБЛАҒИ КАЛОН ПАРДОХТ МЕКУНАНД" Наход чунин бошад, ки аспиранти тоҷик бе ҷои зисту ЭРОНИҲО сехонаро ба худ банд кунанд. Магар имруз ДМТ бо пули эрониҳо маоши муаллимонро медиҳад? Оё тоҷиконе, ки дар Эрон таҳсил мекунанд метавонанд чунин озодие, ки эрониҳо доранд, дошта бошанд? Чаро эрониҳо дар сурати эътирози Раёсати Донишгоҳ(дар хусуси хобгоҳи аспирантон) ба сафорати худ муроҷиат карда дастгирӣ меёбанд ва ҳатто худи моро гунаҳколр меҳисобанд?

Салом вазир! Ман аз мушкилоти мактаби тахсилоти миёнаи раками 49-и нохияи Хамадони, дехаи Чойлобкамар сухан гуфтаниям. Яксол пеш дар рузномаи "Пажвок" маколае дар бораи мушкилоти ин мактаб чоп карда будам, аммо то хол мушкилот чой дораду хеч касро парвое нест. Агар ба ин мушкилихо расидаги карда метавонед, мардонавор бигуед, ки ""Ман метавонам". Мактаб чунин мушкилот дорад:
1. Аз чихати мавкеи чойгиршави дар байни деха аст, ки ба рафти дарс хама чиз халал мерасонад.
2. Ягон тачхизот барои дарси вазиш вучуд надорад.
3. Муаллимони фанхои дакик намерасад.
4. Дар ру ба руи мактаб кухе хаст, ки дар холати ногувор карор дорад ва дар холати боришоти зиёд фаромаданаш мумкин аст.
5. Майдончаи варзиши нест.
6. Масохати мактаб хамаги 23 сотих аст, ки ба талабот чавобгу нест.
Умедворам, ки як кас дилаш ба хамин тифлони бегунох месузад, вагарна.....

Ozodagon baroi chi nagufted, ki savolho yo vokhurii Shumo bo Vazir kadom ruz barguzor megardad??????

Ассалому алайкум устоди бузург! Бехтарин навъигарихо дар маориф мебинем. Аммо як камбудии дигар ин ки чаро илми равоншиноси дар Россия химоя мешавад ва чаро се чор номзади илме ки дорем мачбур ба гирифтани унвони докториашон намекунед кай мо аз ин ноистиклолии илми равоншиноси рахо мешавемю

Бо арзи салом, мухтарам Вазири Маорифи кишвар...
Фикр мекунам, дар бораи даъвати магистрантон ба хизмати харбй аз донишгоххои шимоли Точикистон огохй доред. Дар холе, ки магистратура низ зинае аз тахсилоти олии сиситемаи имруза аст. Ин хам дар холест, ки тибки иттилои гайрирасмй ин мушкил дар минтакахои дигари чумхурй сар назадааст. Шумо чй метавонед бигуед? Оё ин амал конунй буд ё хайр? Ва ин мушкили донишгоххои шимоли кишвар кай халли худро меёбад?

Мухтарам Вазир!
Мехостам перомуни тафтиши макотиби миёна назари худро иброз доред. Мактабхои миёнаи манотики дурдаст дар холи хеле вазнин карор доранд. Масалан, мактаби № 30 дар нохияи Гончй аз чумлаи онхост. Мактаб дар холати садамавй карор дорад. Инро мудири шуъбаи маорифи нохия низ хуб медонад(агар робита дошта бошед, метавонед бипурсед). Шояд хандаовар бошад, аммо тахсилро дар бинои асосй хатарнок гуфта, чанде дарсхоро дар дигар чой кучонданд(масалан ба бинои клуби деха) вале боз, баъди деворхоро сафед кардан дубора тахсил идома дорад. Шахсан ман намефхмам, ки чигуна бо ранг кардани девору фарш холати садамавй бартараф мешавад??? Шумо чй назар доред???

Салом чаноби Вазир!
Барои чи дар бораи ректори иниститути мо ягон чора андешида намешава?
Ягон муаллим нест. Ика студентора ай кчое капида овардай мода мусики ёд метан. Илтимос ика малим биёрен мода. Малимора суркарда гаштай и ректор.
Да газета малимо навиштайша мора да бало мондай. зиди малимои пора намегирифтаги имзо чам кардестай.
Илтимос мода малим биёвен. Рахмат

Vухтарам Нуриддин Саидов мегуфтед, ки барои чи вохурии шоирону нависандагон бо хонандагони мактабхои тахсилот ва интернатхо солхои охир дида намешавад?

Донишчу
Ассалом алейкум чаноби вазир мегуфтед ки чаро барои дохилшави ба донишгоххо ки тарики квота амали мешавад (бо пора) мебошад (факат нагуед ки намедонам) ва дар озмуне ки ташкил мекунед чаро дидани кори дигар касро намемонед метарсед ки бесаводии касе ошкор шавад дар холе ки холи зиёдеро сазовор шудааст ? ва чаро дар донишгоххои хорича касоне пайдо мешаванд ки (бучави) аслан дар озмун иштирок надоштанд то кай ин нагмаву бе инсофихо боки мемонад(дар пайаш хастем) аз руи маълумотхои гайри расми имсол вазорати маориф барои харачоти иштирокчиёни олимпиада аз 50 % аш даст кашидааст ин магар шармандаги нест( чун расман точикистонро муаррифи мекунанд) ва чаро шахсе ки аз олимпиадаи чахони аз байни чанд фанн аввалиншуда медали тилло овард кадрдони нашуд (магар шумо профессор шуда намедонед ки барои ин гуна корхо ноил шудан чи кадар кушишу захмат лозим аст) ва суоли дигаре ки аксарият ироа кардаанд аммо бо чузъиёташ то ба кай сатхи таълиму тарбия паст боки мемонад(90% хонандагон бе саводи комил мактабро ва хатто донишгохро хатм мекунанд)

Устоди азиз! Дар хар як давру замон дилхох рахбар (аз он чумла Саидов низ) мекушид, ки таълифи китобхои дарси бо забони модари афзун гардад. Лек амале,ки шахсан худи Шумо содир кардед, дар чахорчубаи конун намегунчид! Агар Шумо судбозихои байни ману худатонро дар назар дошта бошед, хатои махз аст! Зеро он ба ин хеч дахолате надорад! Агар дахолатпазир медонед, пас омодаем, ки дар кучое набошад, метавонем бо Шумо дар бахс бошем!Ба рости, барои мо рушан набуд,ки чаро китоби бо азобу ранча навиштаи мо(Геологияи конхои кандании фоиданок,кисми 1)-ро Шумои азиз "хабс" кардаед! Сабаб дар чи буд? Оё Шумо фикр накардед, ки бо ин амалу рафтори "хуб"-атон чанд сол донишчуёни точикро аз манбаъи асосии савод дур гардонидед! Мехостем бифахмем, ки кадом Чаноб ба ин монеа гашт? Ва оё шартномаи байни мову Шумо баста аз чониби Шумо дагалона вайрон нагашт? Хохиш менамоем, ки муфассал ва фахмо! посух дихед! Бо салому эхтироми зиёд нисбататон БФ

Салом чаноби вазир! Шумо конун баровардед,ки муаллимони аз мухочирати мехнати дер омаданд ба кор гирфта нашавад ин рост аст?

salom alaykum avvalan tashakur mekunam az masulini sayti ozodagon badan janobi vaziro baroi vakti hudro dareg nadoshta ba savolhoi mo javob dodan tashakur meguyam. Janobi vazir man on savolhoe ki ba shumo dodaan hondam aksariyat baroi hijob pursidaand. Yane az in metavon hulosa kard ki mardum hud mehohand farzandonashon bo hijob ba donishgoh firistand ammo vazorate maorif ziddi hostahoi mardumi hesh baromada hostahoi hirijiyonro barovarda kardaistodaast. Agar shumo dar hakikat islohot mehohed kuned dar vazorati maorif pas boyad hostahoi mardumi kishvaro az hostahoi horijiyon bolo guzored zero shumo dar hukumat namoyandai mardumed pas boyad az hamin suolhoe ki ba shumo dodaand boyad shumo hulosa kuned ki mardum hud mehohand ki farzandhoyashon bo hijob ba donishgohu maktab ravand va boyad az pasi barovardani on shaved. Ammo medonam ki boz meguyed ki jomeai mo dunyavist va in hilofi jomeai dunyavist , agar chunin boshad ustodi muhtaram davlathoi garb hama az davlati mo dida dunyavitarandu demokratitar charo dar onho ijoza ast ? yo guftanied onho diktaturiand? Janobi vazir baroi baland bardoshtani sathi donishu rushdi maorif hijob hejgoh monea nashudaast ohir yakbor ba kishvari malayzia nazar kuned kase hohad hijob mepusahd kase hohad namepusahd kase ba kase kor nadorad bo inroh kishvar rushd kardaistodaast. Savoli digari man inst ki nazari shumo dar boraid karori ohire ki vaziri sobik Abdujabbor Rahmonov dar donishgohi omuzgori barovard va hato baze donishjuyonro az dars pesh kard dar hole ki in gayri konuni bud chi gufta metavoned? boki barori kor ba shumo

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)