Бахшҳо

Вокуниши вазорат ба Ҷовид Муқим: Қарори мушовара мутобиқ ба қонунҳои амалкунанда аст!

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба як навиштаи Ҷовид Муқим, журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш кардааст. Ҷаноби Муқим ахиран дар як матлаб бо овардани меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, қарори муовараи Вазорати маориф ва илмро, ки Иди Қурбон (1 сентябр)-ро рӯзи дарсӣ эълон кардааст, ба баҳс кашид.

ПОСУХИ КОМИЛИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН

“Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ваҷҳҳои дар мақолаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷовид Муқим “Оё вазорат ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол намекунад?!” чунин иброз медорад. Аввалан, мутобиқи моддаи 24-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18-уми майи соли 2017 Вазорати маориф ва илм чун ниҳоди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи қабули ин ё он қарорро дорад. Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Рӯзи дониш” 1-уми сентябри соли 2017 бо мақсади иҷрои талаботи санадҳои мазкур қабул карда шудааст. Инҷо масъалаи низоми тобеияти қонунҳо, ки ба андешаи Ҷовид Муқим вайрон карда шудааст, ғалат аст, зеро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдори соҳа мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо қарори мазкурро қабул кардааст.

Дуюм, номбурда иброз медорад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14.11.2016 ва ҳамчунин, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 1 сентябр рӯзи Иди Қурбон таҷлил мегардад ва гӯё рӯзҳои 2-юм ва 3-юми сентябр тибқи тақвим рӯзҳои маъмулии истироҳатианд. Дар идомаи суханҳояш бо мақсади мустаҳкам кардани мавқеаш моддаҳои 2 ва 3-и қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро мисол овардааст. Чунин тарзи баёни фикр аз ҷониби Ҷовид Муқим на ифодакунандаи шуури касбии ҳуқуқӣ, ки кори дасти ниҳодҳои хоса ва ҳуқуқшиносонанд, балки инъикоскунандаи шуури муқаррарии ҳуқуқ аст. Тибқи қоидаҳои маъмулии техникаи қонунгузорӣ мафҳуми “бартарии меъёрҳои моддаи қонун” мавҷуд аст, ки маҳз зимни омода намудани лоиҳаи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм он ба асос гирифта шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳам “Рӯзи дониш” ва ҳам рӯзи Иди Қурбон қайд карда мешаванд, аммо таҷлили “Рӯзи дониш” дар банди 51-уми қонун ва таҷлили Иди Қурбон дар банди охирон, яъне банди 86-уми қонун зикр гардидааст. Аз ин рӯ, тибқи қоидаи дар боло зикргардида бартарӣ ба банди 51-уми қонун дода мешавад.

Дар баробари ин, таҷлили “Рӯзи дониш”-ро қонун дақиқан муайян кардааст, ки 1-уми сентябр ҷашн гирифта шавад, аммо қонун муайян накардааст, ки Иди Қурбон 1-уми сентябр, дар “Рӯзи дониш” таҷлил карда шавад. Такроран ба таваҷҷуҳи “профессор” мерасонем, ки Иди Қурбонро мақомоти ваколатдор – Шурои уламо муайян кардааст, на қонун. Ҳол он ки Шурои уламо бар асари мақоми ваколатдор буданаш метавонист санаи таҷлили Иди Қурбонро ба таври дигар муайян кунад. “Профессор”-и муҳтарам, ҳам акнун бигӯед, ки мақоми кадоме болотар аст: қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ва ё тасмими Шурои уламо?

Аз ҷониби дигар, воқеан моддаи 3-юми қонуни мазкур рӯзи иди Қурбонро чун рӯзҳои иди ғайрикорӣ муқаррар намудааст. Дар ин хусус дар банди якуми қарори мушовара омадааст, ки рӯзи 2-юми сентябр аз ҳисоби рӯзи 1-уми сентябр рӯзи истироҳат эълон карда, ҷуброни он низ дар назар аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои он муттасил амал мекунанд, зеро ба роҳ мондани ҷараёни таълим раванди муттасил буда, тағйир додани он ба зиммаи мақоми ваколатдори соҳа гузошта шудааст. Ангезаи қонунии ин муқарраротро моддаи 83, 105-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мекунад, ки дар он чунин гуфта шудааст: “Барои дар рӯзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 Кодекси меҳнат) ва дар рӯзҳои истироҳат (моддаи 81) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, маош мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рeзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иxро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рeзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад”.

Сеюм, ба андешаи “профессор” қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм ба моддаҳои 14–уми Конститутсия ва моддаи 9-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мухолифат дорад, ки ин андеша низ ба ҳақиқат рост нест. Мафҳуми мухолифат дар қонунгузорӣ бархурди амиқи меъёрҳои қонун бо якдигарро ифода мекунад. Муҳтарам “профессор”, тафсири моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин нуқтаҳои асосӣ нигаронида шудааст. Ҳифз ва амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар моддаи 14-уми Конститутсия оварда шудааст, кафолати амалӣ шудани онҳоро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онро низ муайян мекунад. Ин аст, ки иҷрои ҳуқуқи инсон ба меҳнат, таҳсил, истироҳат дар Кодекси меҳнат, қонунҳо дар бораи маориф, тандурустӣ ва ғайраҳо дарҷ гардидааст. Моддаи 9-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18 майи соли 2017, №397 низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муқаррар мекунад, ки чунин ҳолатро на мухолифат, балки мутобиқат арзёбӣ кардан мумкин аст. Қисми 2 банди 10-уми моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18 майи соли 2017, №397 ба вазорату кумитаҳо ва дигар мақомотҳои назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи қабули қарор ва фармоишро додааст. Дар ин ҳолат принсипи тобеияти санадҳо нисбат ба якдигар низ пурра риоя гардидааст.

Хуллас, меъёрҳое, ки ҷаноби “профессор” ба он ишора мекунад, ки гӯё ба онҳо қарори мушовараи вазорат мухолифат дошта бошад, асоси воқеӣ надорад, зеро Конститутсия мушаххас чор ҳолати маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон, бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бо мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳамчунин бо мақсади ҳимояи тамомияти арзии ҷумҳурӣ дар дигар ҳолатҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инкишофи худро дар қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меёбанд.

Чорум, тартиби тафсири моддаҳои 84, 85 ва 86-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”-ро “профессори” муҳтарам аз рӯи диди худ таҳлил намудааст, ки он дақиқияти ҳуқуқиро талаб мекунад. Якум, агар ҷаноби “профессор” қисми якуми моддаи 84-уми қонуни мазкурро дар назар дошта бошад, пас Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мушовараро тибқи банди дахлдори моддаи 9–ум тасдиқ намудааст. Дигар бандҳои моддаи мазкур ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм умуман дахл надоранд, чунки мавзӯи танзими қарор мутобиқ ба қонунҳои соҳаи маориф ба тасвиб расидааст. Предмети тафсири моддаи 85-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, муҳтарам “профессор”, санадаҳои меъёрии ҳуқуқианд, на санадаҳои меъёрии зерқонунӣ. Аз ҷониби дигар, дар моддаи мазкур сухан дар бораи бартараф намудани мухолифатҳо байни қонунҳо меравад, на санадҳои зерқонунӣ.

Тавсеаи “профессор” дар хусуси моддаи 85-и қонуни мазкур - бартараф намудани ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавсеаи касбӣ нест, чунки бори дигар хотирнишон месозем, ки ҳеҷ гуна мухолифати ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ҷой надорад. Гузашта аз ин, қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади тафсирӣ низ арзёбӣ карда мешавад. Бандҳои он пурра, ҳаматарафа ва тибқи Конститутсия ва қонунҳои соҳаи маориф ба тасвиб расонида шудаанд.

Иловатан ба тафсирҳои ҳуқуқӣ, ки дар боло зикр кардем, мехостем аз нигоҳи дини мубини ислом низ ба “профессор”-и муҳтарам як нуқтаро хотирасон намоем. Чунонки ҳамагон медонанд, калимаи нахустини раббонӣ ё ин, ки ваҳйи илоҳӣ, ки ба пайёмбари ислом нозил гардид, “Иқраъ!” буд. Яъне, “Бихон!”, на “Ид кун!”, “Ибодат кун!”, “Ҳаҷ кун!” ва ё амсоли он. Ба ибораи дигар, бо ишораи “Бихон!” бандагонашро ба илм омӯхтан даъват кардааст. Пас, Вазорати маориф ва илм магар хато кардааст, ки ҳазорон насли наврасро, хусусан онҳоеро, ки бори аввал қадам ба мактаб мениҳанд, ба хондан, дониш андӯхтан, таълим гирифтан даъват кардааст? Аз ин рӯ, муҳтарам “профессор”, тасмими Вазорати маориф ва илм, ки хонандагону донишҷӯёнро дар рӯзи ид ба хондан сафарбар кардааст, ба руҳияи илмпарваронаи дини ислом низ мутобиқати комил дорад.

Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Мӯҳр
Сафар
Талабхон,
Шояд барои Шумо Яхудихо ид набошад. Ин иди Мусалмонон аст ва дар тамоми чахон тачлил мешавад.

Дар нохунак гирифтани номи як профессор аз чониби Вазорате, ки ба дониш сару кор дорад маънии онро дорад, ки Худи вазоратихо хама бесаводанд.

Ҳамватанон бояд донанд, ки рӯзи 1сент.дар макотиб фақат ба тарзи рамзӣ (символический) рӯзи дониш эълон шудааст. Ин ҳанӯз аз замони Шӯрави амада истодааст. Ин рӯз ҳатто ҷашни касбӣ ҳам нест. Ҷашни касбии муаллимон пештар якшанбеи якуми моҳи октябр буд, ҳоло намедонам. Вазорат ҳамаро гӯл зада истодааст. Аҷибаш ҳамин, ки сохторҳои дахлдори ҳукумат хомушанд. Порлумон, вазорати адлия, прокуратура, дастгоҳи президент. Гӯёки ин қонунвайронкунии вазорати маориф ба онҳо дахл надошта бошад. Гӯёки онҳр фарзанди мактабхон надошта бошанд. Гӯёки аҳли оилаву хешу табори педагог надошта бошанд, ки Иди Қурбонро монда, бо табъи хира ба сӯи мактаб мераванд.

шероз
икра яъне бихон ба маънои илми дуняви нест
яъне китоби куръонро бихон илми охирата аз худ кун

Вонкувери
Як чизро фаҳмидан мумкин. Ин корро вазир аз пеши худаш накардааст.

Устод нуриддин саид бисер коре нагз кардаанд, бояд хамин 1 сентябр бача мактаб равад.
мактабхои сагирдаштро обод кардаанд бо мизу курси таъмин аст бояд бача хонад на ин ки дар ба дари мардум ъид гуфта гардад

алимурод,
Дар овони кӯдакӣ магар худат "дар ба дар" идгардак намекардӣ? Ин "дарбадаргардӣ" чанд соати хушнудӣ барои кӯдакони хурдсол аст. Онҳо рафта ту ва манбаринҳоро самимона табрик мекунанд. Ҳамагӣ ба ивази як дона сақичаки 20дирама! Бо ҳамун ҳам он тифлак хурсанд аст. Иди нав муборак! Ман ҳамеша муштоқи ин лафзи ширини кӯдаконам. Умедворам, ки фардо онҳо ба табрики ман хоҳанд омад. Иншаллоҳ!

кудакони то синни мактабиро ба чавобгари намекашанд
барои онхо идгардаки раво аст
ин спориши вазири фарханг аст

саид
хуршед,
кудакон аз чуги барин идгардак карданда рузи 1 сетнтябр дарс хонданшон бехтарай

Вазорати маориф ичрокунандаи конун аст на конунгузор . Конун ба вазорати маориф ваколати кабул кардани фармону карорхоро ичозат додааст ба шарте, ки аз конунхои асоси ва дигар конунхое,ки парламент кабул кардааст набарояд. Хамаи дигар гапхо беасосан. Дурусташ ин аст.

Ali
Тохир аз номи худат гап зан на аз номи мардуми Дарвоз. Чун аз шархи навиштаат фахмидам ки бесавод хасти, бахусус оиди хукук, бароят мегуям ки Вазорати маориф дар кабули карори худ сад дар сад хато намуда, хукукшиносонаш ки ин чавобу карорро навиштаанд чун он масъули иттифоки касаба, аз лихози профессионализм дар сатхи пасттарин карор доштаанд.
Аз тафсиру маънидодкунии онхо ба конун харро хандаю бузро ашк аз чашмаш чори мегардад.

Инхел чавоби фач. Айб аст мухтарам "Вазир". 1 сентябр мегузашт ва хама фаромуш мешавад аммо чунин чавобхои шумо дар хотир мемонанд. Бо ин чавобатон обруи маорифро ....

Ин хамаш мегузарад вале чойи сухтаги мемонад
ала мн мегум ки кори нодурустро аз дуруст аник карданро вакт нишон медихад

Махмасиид
Ачабо, калимаи профессорро дар нохунак гирифтед? О хамин профессор худаш худашро ПРОФЕССОР эълон накардааст ку?

акл
э озодагон шумо хам мисли озоди чинда чинда чоп мекунед коментхои моро чоп накардедку

Фақат ба хотири "рӯзи дониш" рӯзи корӣ элон кардан Иди Қурбон як тасмими нангин буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)