Бахшҳо

Ҳоҷӣ Мирзо: Домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид!

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кардааст.

Ҳоҷӣ Мирзо гуфтааст, тайи даҳ рӯз дар масҷиди мавзеи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб, ки замоне масъулияти хатибии онро бар душ дошт, бо мардум гуфтугуҳо анҷом дод ва онҳоро аз хатарҳои Салафияву Ваҳҳобия ва гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ҳушдор дод. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба ҳафтаномаи СССР таъкид намудааст, ҳарчанд ҳадафи онҳо аз чунин мулоқотҳо пешгирӣ намудан аз пайвастан ба ҷараёнҳои зиддидавлатӣ аст, аммо бо вуҷуд аз оростани ин гуна суҳбатҳо тарс доранд: “Тарси мо аз ин аст, ки мабодо мақомот фикр накунанд, ки 1 нафар домуллои бе мансаб, яъне банда бо мардум вазъ мегӯяд. Мабодо ба сохторҳо суҳбатҳои моро дигар хел бурда расонанд. Ҳарчанд ҳадафи мо пешгирӣ аз тавтеъаи ҷараёнҳои зиддидавлатист. Мо талош мекунем мазҳаби падарии хешро ҳифз кунем, ҷавононро ба ин мазҳаб дилгарм созем”.

Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар идома изҳор доштааст, зиндонӣ кардани узви гуруҳҳои ифротӣ маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад: “Имрӯз мешунавем, ки саф-саф ҷавонони кӯлобиро ҳабс ва аз ину он ноҳия боздошт мекунанд, вале бояд дарк кард, ки мардумро зиндон кардан, маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад, сафи зиндониёнро набояд зиёд кард. Инҳо ба зиндон, ки рафтанд усулан аз ин раванд намебароянд, зеро зиндон ҳатто розиёнро норозӣ месозад, ки ҳақиқатро бояд дарк кард! Ба пиндори сирф фардии мо, роҳи раҳоӣ аз вартаи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ҳаст ва он роҳи зӯрӣ набояд бошад”.

Ҳоҷӣ Мирзо роҳи муваффақ шуданро дар набарди психологии мазҳабу равияҳои дигари ҷангхоҳ - шинохти бештари Абӯ Ҳанифа ва мазҳби Имоми Аъзам дониста, таъкид намудааст, Абӯ Ҳанифаро бояд тарзе муаррифӣ намуд, ки бо шунидани номи ӯ пайравонаш раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаву ҷонашонро фидояш созанд, мисле, ки ҷавонони ҷангҷӯ барои кадом пешвои имрӯзаашон мекунад. Ба бовари вай, баъзе аз ин афрод ҳатто саводи кофии динӣ надорранд: “Мисол онҳо мегӯянд, бинед, дар кишвар масҷидҳоро хона мекунанд (дар назар доранд масҷидҳои хурд-хурдеро, ки дар маҳалҳо ҳастанд), сатрҳои занҳои моро мегиранд, масҷидҳоро мебанданд, минбарҳо микрофон надоранд... Мо набояд равғанрезӣ таблиғу ташвиқашон гардем. 4 даҳан гапи сахт мегӯянд, ҷавонон онҳоро устод гуфта, аз пасашон мераванд, дар асл саводе ин устодону шогирдон надоранд”.

Ҳоҷӣ Мирзо дар ин суҳбат бо ҳафтаномаи СССР аз афзоиши таҳдидҳои зиддимазҳабӣ ҳушдор дода, гуфтааст, воқеан имрӯз мазҳаби мо дар хатар аст. Ба таъкиди ӯ набояд ба “заҳролуд” шудани ҷавонон роҳ дода шавад: “Минҷумла, домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид! Ҳар рӯз дар Кӯлоб ва дигар навоҳӣ мешунавем, 5-10 нафарро доштаву ҳабс мекунанд. Сабаб чист? Сабаб манъи суҳбати мазҳабӣ аз ҷониби домуллоҳои мазҳабии мост”.

Руҳонии тоҷик инчунин савол гузошта, душмане, ки на силоҳ дорад, на дониш ва на Қуръонро тафсир карда метавонад, чаро ҷавононро ба ҳалқаи доми тазвир мегираду афсун мекунад? Ва дар ҷавоби ин саволаш гуфтааст: “Зеро халои мазҳабиро кашф кардаанд, инҳо бештар психологанд, ки олими фиқҳу тақво бошанд. Онҳо аз камбуди сиёсиву идеологии мо сӯистифода мекунанд ва ба сарҳои ҷӯши ҷавонон нохун мезананд”.

Ба қавли Ҳоҷи Мирзо дар кишвар домуллоҳои донишманди қавӣ ҳастанд, вале минбар надоранд, то аллайҳи гуруҳҳои ифротгаро сухан бигӯянд: “Домуллоҳои мо дар дониш, илм, фиқҳ, тафсири Қуръону ҳадис аз онҳо ба карат болотару донотару қавитаранд. Зеро аксарияти кулли онҳе, ки ба дом уфтодаанд, саводи казоӣ надоранд. Вале онҳо дигар чиз доранд - минбари пинҳонӣ, интернету телефону ваъзҳои барангезанда. Мо на минбар дорем, на микрофон, на суҳбат карда метавонем. Бигузор суҳбатҳои мо сабт шаванд, пахш шаванд, ку бинем, мо зидди мазҳабем ё пуштибони мазҳабу давлату миллат?”
Мӯҳр
bobo protokoli 32-20 nahondai 4i ? medoni ki imzosh kadagiai va 4i temara dar bar megira?

ба беном
беном,
урусхо моро садсолахо пеш бурданд на акиб. шумо хурофотпарастхо, ки челаки муллои пушида на аз дин маълумоти дуруст доред, на аз илму дунё, чомеъаро ба чахолат бурдаед. ба 1000 сол акиб.

Ба Фузайл
муъчиза кадом муъчиза шарманда хамин компютеру интернет муъчиза хаст имруз одамхои доно ва донишманд дар тамоми руи олам Худоро тамоман дигар тасаввур мекунанд на ин худои ки ту дар дилат дори ин гапро аз аввали ислом мегуянд то имруз тамоми донишмадони бузург гуфтанд ..ту ки нахонда боши айби ма чи!!!! хонаи паёмбарат дару тиреза надошт имруз ба бовару эътикодат эхтиром мекунам аммо ин маънои ин надорад ки хаммаи гапхои ту рост бошад имруз донишмадони чахон ба хулосае омаданд илми чахон медони илм чист он чизе ки имруз тамоми он муъчизахота кабул надорад ва мегуяд ки ин китобхое ки ба ном осмони хаст кори дасти як гурух хаст ки аз бекор барои максадхои сиёси навишта шудааст Фрейд медони кист надони бра ай ягон духтура пурс мегуяд ки хар касе ки гуфт бо худо гап задам девона хаст ва хар касе ки гуфт Худо бо ман гап зад девонатар. Боз Фрейда хато брор агар Фрейдам нуфта гири аник ту бояд назди шогирдош брай.камтар чашмта хуй ку дунёра бин конунхои дини бадтарин конунхоре хаст ки то имруз одамхо аз дасташ дар ранчу азобанд ман коре ба дину имони ту надорам аммо хеч вакт намехохам ва хатто мо чавоно намегузорем ки конуни бадавиии асри 7 милоди дар Точикистон хукмрони кунад ин гапота ва конунхота хатто ичозат дода намешавда ки дар хонаат амали куни фахмиди ахмаки бесавод!

салом алейкум баъдан гуфтаниям рости саводи дини надори чи инчо айби дин мекови ту фрейду дигархоро мисол мебиёри аммо аз олимони бузурги ислом хабар надори ман бу шумоён ислом бадбинхо каме олимони динро мисол мебиёрам худатон хулоса бароред ки онхо чи накше дар чахон гузоштанд агар фрейд духтур бошад пас Абуали ибни сино низ духтур буд донандаи куръон буд ки дунё имруз аз илми Сино бахра мегирад,асосгузори "Алгебра" Мусо Алхоразми падари кимё Умари Хаём,падари астраномия Абурайхони беруни авалин донишгох дар чахон дар асри 11-дар Багдод бо номи "НИЗОМИЯ"АЗ тари Низомулмулк сохта шудааст.авалин созандаи хавопаймо Абос ибни Фирнас шоире ки шеъраш дар дари СММ мутахид навишта шудааст Саъди Шерози Олиме ки Хукуи Инсонро ба танзим даровард Имоми Аъзам(р) агар илмдошта бошед якбор бо чашми хирад назар кунед охир ин олимхо аввал саводи дини гирифта буданд алакай дар 5-8-солаги куръонро хифз карданд ва ана хамин куръон сабаб шуд ки онхо ба чунин дастоварди илми ноил гарданд..инчо ман як фабрикаи чавобро мебинам ки бо чандин номхо баромад карда истодааст..аз Худо тарсед хакикатро бо чашми хирад бинед ман ба шумо хитоб мекунам "Чароги Мухаммадиро(с) хак бияфрухт,Касе пуф кард риши хеш бисухт"Озодагон озод бошу чоп кун

ба хушбахт
Хушбахт,
хушбахт чи дуруг мегуи? ба гайр аз имоми аъзам ва саъди шерози он бузургхои навистагиатро шумо мулломаъобхо дар хама давру замон кофир мегуфтед. имруз хам дар пеш аз тарс намегуед, аммо аз пушт бо шогирдонатон мегуед. шумо муллохо бо илми дакик хеч гох дуст набудед ва намешавед. таълимоти галататон шуморо ба кач бурдааст

мехмон
Точики ориёпур,
Шумо ки мисли Бозор Собир бе дину бе Худо хастед Исломро тахкир накунед. Ман аз ин шарххо фахмидам ,ки чи кадар дар Точикистон одамон душмани Исломанд. Аз ин хулоса бояд кард ки ба наздики оташкадахо месозанд. Ё Долой Ламаро аз Чин меоранд. Ва шумо ориёнпур баринхо сачдаи оташу буддо мекунед !!!

мухтарам "фабрикаи чавоб" дуругро ту мегуи на ман агар ман дуруг гуям пас исбот кун ки ин олимони бузургро кофир Эълон кардааст кай ва дар кадом сана ?т пеш аз он ки сухан мегуи якбор андеша кун то кадом дарача факту далел дори? ман дуруги туро исбот мекунам ту гуфти шумонбарин мулохо аз илми дакик бехабаред хол онки асос гузори илми дакик "алгебра" Мусо ал-хоразми то замоне ба Багдод даъват шуд муло буд ба гайр аз мулоги боз вакти худро сарфи илм мекард инчуни бо даъвати Халифа маъмун у дар багдод хамчун мударис фаолият кардааст...дуруги дигарад хаминки маро муло гуфти хол онки ман донишчу хастам ...чаро шумон нодидаю надониста дар хаки касе хохед тухмат суханхои нодуруст мегуед?маълум ки аз Худо наметарсед акалан аз вичдони худ шарм доред...Озодагон озодона чоп кун мо Озодии сухан арчгузор хастем

ба мехмон
мехмон,
точики ориёпур душмани дину ислом нест. душмани дину ислом шумо мулохои хурофоти хатед, ки аз як дини пок зарфи садсолахо дар асоси адабиётхои музахрафотии бофта як дини катлу горату куштор сохтаед. дар хама чой бо номи Аллоху Акбар муслиму муъмину инсон мекушед. шумо куръонро аслан варак намегардонед, рохнамои шумо куръон нест. шумо ба худ хадисхо ва ривоятхои сохтаро рохнамо интихоб кардаед.

Ба Х
Ин Хушбахти бесавод он чизе ки аз муллохо шунидаро меорад мо гапи худди Хайёму Сино ва Хоразмихоро. Барои бахо гузоштан ва ё натича гирифтани як давра бояд шароит ва вазияти он замонро хам дар назар гирифт чунки дар он замонхое ки бузургони мо зистанд мачбур ба аз бар кардани куръон ва ё шуруъи достонхо бо номи пайёбмбару Умару Усмону дигар буданд агар ин коррро намекараданд шояд мучозот мешуданд ва шояд террор нигаред Дакикии шоир ва ё саргардонии Сино ва Носир Хусрав ва гушагриии худди Хайём. ягона нафаре ки аз Аллох то Куръону хадис ва пайёбар хамаро ошкоро рад карду зинда монд Закариёи Рози буд чунки он замон давраи Сомони буд ва Сомониён дар пайи дур андохтани ислом ва ё махдуд кардани он ба кишврахои араби буданд ки нашуд агар ин тур намебуд Шохнома ва ё Таърихи Табри ва чандин китобхои бузурги пеш аз исломи ва давраи исломи ки хакикатнигорона навишташуда буданд, дар он давра аз нав тадвин ва ё ба сурати шеъри бознаившта эхё намешуд аз ин хам гузаштем бародари хохари гуш кун бо ислом намешавад он чи зе ки инсони имрузи мехохад ба даст овард меъёрхои зиндагии мо аз асри паёмбари ислом фарк дорад имруз хар кадар кухнапарасти ва такаддусгарои куни хамон кадар акиб мемони имруз ману ту не бузургтар аз Сино ва Хоразмихо дар чахони муосир зиндаги доранд ва бисёр бисёр фикрхои пешиниёнро рад карда исбот карданд онхо ба ин назаранд ки дин як кори шахсист зеро хеч асоси илмие пайдо нашуд он муъчизахое ки мегуи ба хаммааш чавоб додаанд яктарафа набош мард шуда критикаи ислом ва Курон ва худди паёмбарро хон

ба хушбахт
Хушбахт,
додари азизам Хушбахт, кофир баровардани Хаёму Сино аз тарафи муллохои хурофоти чои бахс надорад. инро хама медонанд, агар худат надони акалан хамон устоди адабиётатро як суол кун чавобатро мухтасар медихад. хочати иншо кардани ман нест..

Ассалому алейкум ба номи худованди бахшоянда ва нихоят мехрубон аммо баъдмебинам ки сафи бехудоён бисёр шудаст худо хидоятатон кунад . Он касоне ки худоро инкор мекунед пайгамбарро хам инкор мекунеду китоби куръонро аз дасти мардум сохта шуда медонед ба ахлу оилатон гуед ки вактеки ман мемурам маро чаноза накунед маро ба гур намонед балки шуморо сузонда хокистаратонро ба бахр чошанд зероки Фрейд хам ба оилааш хаминхел тавсия дода буд ба диккататон рахмат озодагон

ба фабрикаи чавоб гуфтаниям Абуали ибни Сино мегуяд..
Эй зоти ту мар вучудро буда асос,
Чуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс.
"Эй нафс ки бастаи хавои хаваси,
Биштоб, ки дар химояти як нафаси.
Дунё маталаб, чох мачу, ишва махар,
К-аз дуст бароиву ба душман бираси. "
"Куфри чу мане газофу осон набувад,
Махкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар дахр чу ман якеву он хам кофир,
Пас дар хама дахр як мусулмон набувад.
Номухтарам 2фабрикаи чавоб"ин байтхоро ба гуфти худат ягон адабиёт шинос бару тахлиди онро фахм дигар инки ин Синову Дакикию дигарон аз дасти шохон давлатдорон таъкиб шуданд имруз хам ин ан ана давом дорад ки чои бахс нест..барои ту савол оё хамин шоирон боре ислому Паёмбарашро(с) дашном дода буд боре намозашро тарк карда буд? боре мукобили дин баромада буд? онхо мукобили касоне мебароянд,ки худашонро мусалмон мегирад аммо дар асл бар зиди муслмонхо кор мекунад,чихеле ки имруз баъзехо Алхамдулиллох мо мусалмон мегуяду масчидхоро мебандат....Хулосаи калом хаминки дунёро бо чашми хирад бингар хамаро худатбоин бесавод гумон накун ки писарчам аз ту дида боаклтар аст!!!"Эй нафс ки бастаи хавои хаваси,
Биштоб, ки дар химояти як нафаси.
Дунё маталаб, чох мачу, ишва махар,
К-аз дуст бароиву ба душман бираси."

мехмон
КИСМЕ МАРДУМИ НАСОРО БА КУРЪОН , БА ПАЁМБАРАМОН БОВАРИ ДОРАНДУ ДИНИ МОРО ХУРМАТ МЕКУНАНД. ИН МИЛЛАТИ МОРО ЧИ ШУДААСТ КИ БИСЁРИХО ИНКОРИ ДИНУ КУРЪОН МЕКУНАНД ??
ИН МИЛЛАТИ МО НА ЧИЗЕ ИХТИРО КАРД НА БА ДИНАШ МОНД ! ХАМИН ДИНРО ЭЪТИРОФ НАМЕКАРДАГИХО ШУМО ДАР КАДОМ СОХАИ ИЛМ ПЕШРАВИ ДОРЕД ? ЧАВОБРО АЗ ТОЧИКИ ОРИЁНПУР ИНТИЗОРАМ !!!

ба хушбахт
Хушбахт, худат бо рубоии Сино ба исбот расонди, ки уро кофир мегуфтанд муллохо. хамин сухани Сино исботи хол аст, ки худат овардаи: "дар дахр чу ман якеву, он хам кофар, пас дар хама дахр як мусалмон набувад". Синоро ки мачбур кард, ки ин суханро бигуяд? албатта муллохо. муллохо уро кофир гуфтанд, у ба муллохо ин чавобро гуфт.

ба мехмон
мехмон,
шумо аз кадом илм ихтироъ талаб доред? аз илме, ки 1350 сол ба решааш теша задед ва то холо мезанед? ба илме, ки аз рузи азалатон уро сузондед, куштед, дор кашидед, илми кофараш хондед? аз хамин илм? ин илм дар дунёи ислом аввал аз зери мафкураи тангу торику ифротии шумо бояд рахо шавад, баъд метавонад кад алам кунаду ба ихтироъ руй орад. илми дакик дар дунёи пешрафта, замина ва решаи хазорсолаву садсолахо дорад, натичаи серуза нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)