Бахшҳо

Пешниҳод: Эмомалӣ Раҳмон президенти якумрӣ шавад

Ҳикматулло Насриддинов, ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта пешниҳод кардааст, Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон бимонад.

Ба бовари Насриддинов, ин пешниҳод бояд дар тарҳи қонуни "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" ворид шавад. Ӯ муътақид аст, имрӯз дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардани нафари арзанда барои президентӣ номумкин аст. Хабаргузории "Азия плюс" аз қавли ин сиёсатшинос гуфтааст: “Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад ва барои роҳандозии ин маъракаҳо маблағ сарф намегардад”.

Оқои Насриддинов аввоили моҳи сентябр дар як мусоҳиба бо ин хабаргузорӣ пешниҳод кард, нимпайкараи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гузошта ва ба ӯ дубора унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Пешниҳоди раисиҷумҳури якумрии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карданд, Эмомалӣ Раҳмон унвони расмии “пешвои миллӣ”-ро бигирад.

Чанд рӯз қабл, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
Marde
un solhoi 80-90 bud az sadai guzashta, dar panohi rus budet, ozoda az xavotiri dunyo. Kurnamaki kardedu noni dahan peshi po. Chandin oilai rushoro majburi muhojiri soxted, aknun davri chashidani mazzai kardaho rasid. To qadri jazoro pur nakuned, xalos naxured! Xub-ton bushava!

Салом алейкум рости нахостам сухан гӯям аммо виҷдони милатдӯстиям маро маҷбур кард ки изҳори назар кунам.Дар замонеки мардум гурсна шароити зиндагии паст дорад ин масъалаҳо барои чи лозим? чаро мо фақат таърифу ланганбардори мекунем мегуем ҷаноби оли пешво,ҷаноби оли хайроҳ ё ҷаноби оли ин кард вай кард гуфта таъриф мекунем аммо фикр намекунед ки ҷанобӣ олӣ худаш танҳо ин корҳоро иҷро карда наметавонад ин халқ аст,ки ба муҳоҷирату савдогари машғул шуда барои тарақиёти ҷомеа саҳм мегузорад,о ҷаноби оли фақат фармон медиҳад ё диди дар рӯзҳои холигиаш дар ягонҷо кор кунад монанди дигар прездентҳо...мебахшед камтар фикр кунед о ҳар рӯз аз шабакаҳои давлати фалони терорист фалон гуруҳо пайдо шудас ин вай мегӯед якбор фикр накардет барои чи имруз ҷавонҳо терорист шудан? о шумо лаганбардорҳо умеди ҷавононро барбод дода истодаед ҳаряк ҷавон мехонад дониш меомӯзад то оянда прездент шавад о ин шоҳи якумра барои ояндаи милат ханҷар намешавад? ман ҷаноби олиро дуст медорам ҳурмат мекунам хизматҳои бузург кард ман тарафдорам ки он кас қаҳрамони миллат аст бигзор даҳо маротиба қаҳрамон шавад аммо намехоҳам подшоҳи якумра шавад зеро демократия аз байн меравад!!

Бародарон ношукри Ватан накунед! ба давлатхое чанг рафта истодааст назар кунед чи кадар тифлони бегунох чи кадар одамона кушта истодаанд дар Африко хато як бурдаи нон намеёбанд бихуранд як катра об намеёбанд бинушанд Мо шукронаи Худо тенчу амонем.Чаноби Оли хизмат кардагиай дар хаки мо.
ДАР БЕХ ЗИ ХУД НАЗАР МАКУН ГУСА МАХУР,
ДАР БАД ЗИ ХУД НАЗАР КУНУ ШОД БИЗИХ.

Зарафшони
ЭЭЭЭ мардум шарм доредеее, дар миёни 6 млн ба Худо ккасам 10000-хо аз ин болотаронанд.

Сухроб,
)))))Ин фильм "Волшебная лампа Алладина" ном дорад.))))))))

БОЗОРШИН
Э якхелат бисер ката гап мезани ин хел мекунем он хел мекунем О Марди хамин хел барои Ватанат хизмат кардан гир ё бе курсии президенти намешавад? Биёед хар яктое ки вохимаи бисер мекунад аввал чи кори хайре барои Точикистон кардааст бинависад аккалан як ёдутоашро

Умедворам чоп мекунед

Сабти номи хештан дар санги хоро, шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷой шавад!!! Бигзор дигарҳо, низ ба майдон биёянд. Миллати Тоҷик танҳо як фарзанд надорад... Шахсони арзанда ба ин мансаб бисёр аст, бигзор дигарҳо, низ барои миллат хизмат кунанд... Қонуни пешвои миллат кафолатгари ҳаёти баъди президенти мебошад, пас чи ҳоҷат ба як умра президент будан?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)