Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба “синни пайғомбарӣ” расид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5 октябр 63-сола шуд, ки миёни мардум бештар бо номи “синни пайғомбарӣ” маъруф аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Қаҳрамони Тоҷикистон, (то 21 марти соли 2007 Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ин шӯро интихоб шуд. 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентӣ баранда шуд ва дар интихоботҳои солҳои 1999, 2006 ва 2013 курсияшро ҳифз кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раиси ҳукумати Тоҷикистон, Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, рРаиси Кумитаи миллии олимпӣ, Раиси Шӯрои амният, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, раҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - "Пайванд" мебошад.

Оиладор ва падари нуҳ фарзанд – ду писар ва ҳафт духтар аст. Писари калонаш Рустам аз ҷавонтарин мансабдор ва генералҳои тоҷик аст. Ӯ дар синни 26 раиси Хадамоти гумрук таъин шуда, феълан раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасодро ба уҳда дорад. Духтараш Озода Эмомалӣ Раҳмон бошад, ҳоло ба ҳайси муовини аввали Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.
Мӯҳр
Бигузор сад сола шавед бад аз он пир шавед. Хамеша дуогуи онам, ки хамин умри будагиатон боз 2-умри дигар дар болои сари Мо точикон зиндаву поянда бошед. Зодруз муборак!

Илохо то чахон бошад ту боши, 3амину осмон бошад ту боши. 3амину осмон тахти Сулаймон, Сулаймони чахон бошад ту боши!

Сарат сабзу рухат зебо вучудат бебало бодо, Ба хар чое кадам мони нигохбонат Худо бодо.

Гар мо ба гарди домани марде намерасем,
Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад.
Зодруз муборак Чаноби Оли!
Тансихати, Барору баракат дар кору рузгоратонро таманно дорам.

Хуршед
Зодруз муборак Чаноби Оли! Лекин масъалаи барк бад аст дар нохияхо. Бетараф набошен. Шуморо халк интихоб кардааст. Вазъияти мардум бад аст. Боз хам зодруз муборак!!!!!

Зодруз муборак бошад Чаноби Оли! Мо халки Точикистон бо Шумоем.

Зобруз муборак Чаноби Оли садсола шави баъд аз он пир шави Президенти махбубамон Худо нигахбон

чаноби оли ман хам шуморо ба ин чашни пайомбари табрик мегуям худованд нигах бон бошад шуморо мехостам бошумо якбор сухбат дар мавзуи табибони хисор кунам зеро тарих гувох аст дар тули 3000 сол якумин подшох хасте ки дехаи маро обод карде

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)