Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи қасрҳои туркии Кабирӣ, худкушии Ҳоҷӣ Ҳалим ва амонати Президент

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон амали собиқ муовини вазири мудофиа -- Абдуҳалим Назарзодаро худкушӣ ва хиёнат хонда, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро саркардаи ин ошӯб гуфт.

Абдулқодирзода имрӯз, 18 сентябр зимни хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ изҳор дошт, Муҳиддин Кабирӣ мехост бори дигар ин Ватанро ба хун оғушта кунад, аммо кормандони мақомоти Тоҷикистон бо баҳои ҷони худ ба дифои Ватан хестанд: “Ин мусибатест, ки миллат ҳеч гоҳ ин хиёнатро фаромӯш намекунад”.

Муфтӣ бо зикри дороиҳои Назарзода бо арзиши 120 миллион сомонӣ суол гузошт, ки бо вуҷуди ин ҳама дороӣ ба ӯ чӣ намерасид ва талош кард, то худаш посух диҳад: “Ин аз худаш вобаста нест, дастури хоҷагони хориҷияш буд. Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҷанги солҳои 90-ум яке аз фаъолону қотилон буд, ки ҳукумат ба хотири сулҳу оромии мо мақомаш дод. Аммо инсоне, ки дар қалбаш ғараз дорад ва вобаста аз дигарон аст, ҳаргиз дӯст намешавад, ҳамеша душман мемонад. Фурсат мехоҳад, ки ҳадафҳояшро анҷом диҳад. Ҳоҷӣ Ҳалим ба амонати ҳукумату сарвари давлат хиёнат кард”.

Ба иддаои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Кабирӣ дар тамоми шаҳрҳои Туркия қасру хонаву истироҳатгоҳҳо дорад: “Барои онҳо дар хориҷ барои рӯзи мабодо хона харида медиҳанд. Ин нақшаи якрӯза нест, он дар давоми солҳо тарҳрезӣ мешавад, бо хоҷагони хориҷияшон дар машварату маслиҳат мебошанд”.

Раиси Шӯрои уламо дар идома ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ аз фурудгоҳу ҳавопаймо дар ҳоли фирор боздошт шудаанд: “Афроде, ки аз раёсати ҲНИТ роҳи гурез пеш гирифтанд, барояшон низ дар хориҷ хонаҳо омода шудааст, то рӯзе мардумро ба по хезонанду манфиатҳои иқтисодию иҷтимоию сиёсии хоҷагонашонро амалӣ кунанд. Чунин хоинон ба монанди дузде ҳастанд, ки бо ҳамроҳии шариконаш моли падарашро медуздад. Падараш ҳеч гоҳ ӯро намебахшад”.

Муфтии Тоҷикистон дар охир таъкид намуд, ки "иншоАллоҳ ҳеч гоҳ наметавонанд оромии кишвари моро халалдор кунанд. Мардуми мо ҷангро хуб медонанд ва ҳеч гоҳ чунин хиёнаткоронро ба Ватан роҳ намедиҳанд”.
Мӯҳр
Сафар
Эй бародарон ман дар як чиз хайронам, ки чаро чанд сол мешад Саидмукарам муфтии Точикистонаст, вале ришаш хеч дароз намешавад? Ё хукумат намемонад дарозкунад, ё ин ки худодаш намехохад?

nabi farhor
Муфти шумо аз кучо медонед,ки М.Кабири бо ин корхо даст задааст.Агар,ки шумо хабар дор будед чаро ба коркунони орган хабар надодед.Шумо аз накшахои онхо бархурдор будед,ба амнияти давлати хабар надодед,бояд шуморо низ ба чавобгари кашонанд.

точикистони нав
Ту дар минбар як бор бигу чаро ришхоро тарошида истодаанд дар бозорхо сатрхоро кашида гирифта истодаанд чавони 18 солаи точик хакки масчидрави надорад! Бад мо дигар суханхоятро бовар кунем!

Шуҳрат
Карим,
Бо Шумо мувофиқам акаи Карим.

голиб
Бачахо муфти гап назанд ,амният гап назанад ,ВКД гап назанад охир ки гап занад ?

Аз Озодагон бисер хохиш дорам,ки оиди ин мавзу бо муфти мусохиба гузаронанд

БАНДАИ ХУДО
ТАВБА ФАРМОЕН ЧАРО ХУД ТАВБА КАМ МЕКУНАНД МУФТИ ЯК БОР ХУДАТОНРО НИЗ НАЗАР КУНЕД ДАР ПЕШ РУЗИ СУОЛУ ЧАВОБ ДОРЕМ АЗ ХУДО БИТАРСС ГАЙБАТУ ТУХМАТ АЗ ЗИНО БАДТАРАСТ

афтш ранги трби пуст кардаги шидае

Ман нафахмидам ин минбари озоди сухан гуфтан АСТ? Пас чаро коментхои МО намебароянд!!!

Айхандара кушти неки бо ин дуругхот.

Хакикат
Рузе аз рузхо хохад расид хамаи ин суханхо бармало хохад шуд.

ХАРКИ БО ДУШМАНИИ ХАЛК РАВОН АСТ ЧУ БАХР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХУРАД.

беном
зиндабод Кабири

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)