Муфтӣ дар бораи хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалиму "фитна"-и ҲНИТ: Хориҷиён даст доранд...
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода – “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро дузахӣ, хиёнаткор, хизматгори хоҷагони хориҷӣ ва Ҳизби наҳзати исломиро фитнаангез хонд.
Абдулқодирзода имрӯз, 11 сентябр қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе изҳор дошт, "Ҳоҷӣ Ҳалим" хиёнаткорияшро такрор намуда, модари тоҷикро боз гирён кард. Муфтии Тоҷикистон гуфт, аз ҳоли хонаводаҳои кормандони ҳалокшудаи мақомоти умури дохилӣ хабар гирифтааст, ки ҳамсарони ҷавону кӯдакони ноболиғ доранд: “Ба ҳоли онҳо гиряи одам меояд”.
Раиси Шӯрои уламо аз нуқтаи назари шариат изҳор дошт, афроде, ки монанди "Ҳоҷӣ Ҳалим" бидуни гуноҳе мусалмононро мекушанд, ҷояшон ҷаҳаннам мебошад. Муфтӣ таъкид намуд, дар хиёнати гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" хоҷагони хориҷияшон даст доранд, ки агар ин амалашонро анҷом намедоданд, барояшон марг мебуд: “Ҳоло, ки анҷом доданд, барояшон марг аст. Ду понздаҳ як сӣ”.
Абдулқодирзода таъкид намуд, хиёнаткории "Ҳоҷӣ Ҳалим" бори аввал набуда, ба қавли ӯ солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳ бо Ҳизби наҳзати исломӣ мардумро ба ҷанг кашида буд: “ҲНИТ фатво баровард, ҳар касе майдон набарояд, занаш талоқ мешавад. Бо ҳамин фатво чалламуллоҳо мардумро ба майдон кашиданд, ки дар натиҷа 150 ҳазор нафар ҳалок шуд. Ин ҳама натиҷаи фитнаю найранги ҲНИТ аст”.
Ӯ илова намуд, феълан дар ҷаҳон ягон ҳизби исломӣ бе хоҷагони хориҷӣ фаъолият намекунад ва дар лаҳзаҳои муносибу зарурӣ ин аҳзоб алайҳи уммати Ислом истифода мешаванд.
Мавъизаи муфтӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти наздики 90 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 22 шарикаш хабар дода, афзуданд, амалиёт алайҳи ин гуруҳ дар Ромит идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |