Бахшҳо

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карда, гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ амволашро ҳисоб намудааст.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон гуруҳи тафтишотӣ муайян кардааст, ки Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ, хоҷагии асппарварӣ ва як қатор иншооти дигар мебошад.

Тибқи гузориши мақомот Ҳоҷӣ Ҳалим ғайриқонунӣ соҳиби молу мулки зиёд шуда, аз ҳисоби даромадаш ба гуруҳи шарикони худ маблағҳои муайян медодааст: “Аз ҷумла корхонаи нонпазӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанберо гирифта, дар ҳудудаш ғайриқонунӣ хонаи сеошёна бунёд намудааст. Зимни кофтукоб аз ин хона фиттаҳо зиёди динӣ дарёфт гардидаанд”.

Инчунин ба иттилои мақомоти тоҷик Ҳоҷӣ Ҳалим дар ноҳияи Варзоб се истироҳатгоҳи боҳашамат бо номи “Зафар”-ро бунёд намудааст, ки арзиши хеле гарон доранд: “Дар баробари ин Назарзода бинои Донишкадаи геодезии Академияи улумро дар гузаргоҳи 3-юми маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ соҳиб шуда, баъди таъмир ба манзили истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст”.

Манбаъ мегӯяд, Назарзода хоҷагии деҳқонии “Тобистон”-ро, ки 148 гектар заминро фаро мегирад, барои парвариши зироатҳо ба шахсони алоҳида супоридааст: “Дар ҳудуди ин хоҷагӣ инчунин фабрикаи мурғпарварӣ фаъолият мекунад”.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.
Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин собиқ соҳиби корхонаи мурғпарварии “Тарз” муаррифӣ мешавад, ки онро ба ивази 500 ҳазор ба Саъдулло Насруллоевич фурӯхтааст: “Дар баробари ин 15 гектар замини ширкати “Сохтмон Р”-ро, ки дар гузашта бо номи “Лесоснаб”-и ноҳияи Шоҳмансур машҳур будааст, аз худ карда, қисм-қисм ба шахсони алоҳида фурӯхтаю ба иҷора додааст. Инчунин аз ҳудуди ин корхона дар шафати кӯчаи Зебуниссо Ҳоҷӣ Ҳалим толори варзишии “Лидер” ва тарабхонаи “Зайтун”-ро бунёд кардааст”.

Гуруҳи тафтишотӣ инчунин муайян намудааст, ки собиқ муовини вазири мудофиа дар кӯчаи Аҳмади Дониш кафе-бари “Бахтиёр”-ро бунёд кардааст: “Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб як мағозаи фуруши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дузандагӣ вуҷуд доранд, ки тибқи бархе маълумот ба зани сеюми Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доранд”.

Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин соҳиби хоҷагиҳои асппарварию парвариши чорвои калони шохдор дар ноҳияи Рашт муаррифӣ мешавад.

Мақомот мегӯянд, собиқ муовини вазири мудофиа бо аҳли оилааш дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар як бинои 12 қабата 5 хонаи ошёнаи 5-умро харидорӣ карда, дар он ҷо зиндагӣ мекардааст: “Ҳамчунин дар хиёбони Рӯдакӣ-187 ошёнаи сеюми як бинои сеошёнаро харидорӣ намудааст”.

Ин иттилоияи мақомот дар ҳолест, ки гуфта мешавад Ҳоҷӣ Ҳалим солҳои 90-уми асри гузашта дар хориҷи кишвар ба тиҷорат машғул будааст ва баъди имзои шартномаи сулҳ бо маблағи калон ба Ватан баргашта, корхонаҳои зиёдро харидорӣ намудааст.


(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм
Мӯҳр
"роххои гуногун", "хафт экспертиза" ....ва хоказхо..... наход инхо мардумро то ин дарача ахмак шуморанд?????

махваш
давлат набояд ба молу мулки у кордор шавад агар ки хамаи вазирону раисову генералу пракурорхора кофтукоб карда буроем аз хочи халим кам неву зиёд молу мулк доранд лекин инчо таги коса ним косае аст бе ягон мушкили шахсеки обруву вазифаи баландор ба даст силох гирифта бар зиди давлат намебарояд бехуда нагуфтаанд то шамол нашавад барги дарахт намечумбад озодагон илтимос нашр кунед

Окибати хар як ношукри хамин аст. Бехуда шоир нагуфтааст:
Хар кас,ки нонро хурдаву по бар намакдон мезанад,
Нон, мезанад, нон мезанад, ношукрро нон мезанад.
Худо нигах дорад аз ин курнамакон, Ага не ин молу амволат хафт пуштатро мехуронду мепушонд. Чи намерасад дигар?

Мурод
Ба хотири баланд бардоштани сатхи зиндагии мардуми камбагали мухочиру бекори Точикистон тамоми амволу замину дачахои гайриконунии раисону вазирони хукумати имруза бозпас гирифта шуда, милли карда шавад, дуздону корупсионерон ба чавобгарии чинои кашида шавад, то мардум зиндагии оромона дошта бошанд.

Беҳуда нагуфтаанд " сер чи парвои гурусна дорад " . Ҳаряк вазири Ҷумдури монанди ҳамин молу мулк дошта бошанд. Ҷумҳури моям бой будааст. Свди олӣ иқтисодиро чи тавр родашро ёфтааст ин мард .

кто держат то и имущество видно.а думаете что у наши представители государств нет 5 жена и заводы фабрики !!!!?????

Нигина,
Бо фатвои рохбарони давлат дар кишвари мо як анъанаи манфур пайдо шуда истодааст. Моликияти шахсро новобаста аз мухлати даъво гайриконуни эълон кардан. Бо ин рох сохибдавлатон метавонанд бо дилхох бахона моликияти хусусиро гасб карда, осон сохиб гарданд. Идомаи чунин раванд ба рушди муносибатхои иктисоди ва маблаггузори таъсири зиёди манфи мерасонад...

беном
агар гунохи кабира карда бошад дар назди олох джавоб медихад

Хамаи ин чанчолхо ду маъно дорад яке мехохат моликияти уро гирад ва дигаре мехохад моликияташро хизф кунад. Бовар кунед ин барои ин 2- муамост. Инхо аз тагдири шуми Зайд Саидов тачриба гирифтаанд. Агар ин хел намешуд на чанг буду на касе терорист мешуд. Воюют провители, а страдаеть народ. Холо хукумат дар дасти Назарзода мешуд тарафи дигарро терорист мебаровард.

Шухи накун ба арбоб, ки мезанад ба хар боб. Барои дигар вазирону чанобони серпул бояд ин ходиса дарс бошад.

Мехмон
амволи хамаи мансабдоронро тафтиш кардан даркор

аз хурдани нони "чав" ба "гандум" гузашта овози гузатро баланд, шуниди, ки имруз худатро нашинохти. окибати худ ношиноси ба худ несткуни оварда мерасонад, ки тухам нест шуди ва амволатам.....

аз ин молу амволеки ту дошти шукронаи имрузу фардо, шукронаи Миллат, шукронаи Давлат мекарди, ки орому осоишта, зиндаги дошти. НАМАКИ МИЛЛАТ ЗАНАД!!!! БЕ АДАБ!!!!

НАМАКИ МИЛЛАТ ЗАНАД!!!! АБЛАХ!!!!

Девона буд ми ин мардак охир хафт пуштат пур буд мемурди хаминра мехурди мегашти. Калаварам. акнун гард дараи ромит ба бачо шуди ..... бекал. чиликхои даста дар дахан дохти нашуду ай пойхоят сар карди ки буи гузиниат буромад. акнун гард..... бори дигар БЕКАЛ.

Ватандуст
Як шахси 30 фоиза ин кадар чамъ кардааст, 70фоизахош чи кадари чамъ карда бошанд!?

Баъди хондани ин макола хайрон мондам ханда кунам ё гиря чаро вакте ки як мансабдор 10-20 сол хакки мардума хурда мегардад чашми макомот намебинад вале баъди "гусел" кардани у дар давоми 1-2 руз хамаи ин чиноёт ошкор мешавад. Худо медонад ки "дороии" дигар вазиру генералу раисо чи кадар хаст.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)