Бахшҳо

Миллат ва номус

Азизи НАҚИБЗОД

Он гоҳ, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, замони фаношавиаш оғоз мегардад.

-Мулло ришро тарошидед ё тарошиданд? Ин суоли беҷоро ба фурӯшандаи ошноям, ки дар бозори Корвон тиҷорат мекунад, додам.
-Тарошиданд! Бо сари хам ҷавоб медиҳад.
Аз суоли ноҷои додаам пушаймон шудам. Чун ман ин ошноямро ҳич гоҳ сархам надида будам. Ӯ як марди пурғурур ва сарафрозе буд. Чун ҳалол кор мекард ва ҳалол мехӯрд баҳонае барои сарафканда шудану сархам будан надошт. Аммо ин бор, ки ришашро бидуни хоҳишаш ҷабран тарошидаанд ва дар дуроҳаи интихоб ночор монда, ки ришро ихтиёр намояд ё ризқи фарзандонашро, ғуруршикаста менамуд.
Чун нахостам, ки беш аз ин хиҷолат кашад, роҳамро давом додам.

-Аппа “имиҷро дигар” кардаед? Ин пурсишро як ҷавон ба фурӯшандазане дод, ки ҳамеша руймоли калон мебаст. -Чи илоҷ, додар бо рӯймоли калон намегузоранд, кор кунем. Зани бечораро эҳсоси шарму ҳаё пахш карда кушиш мекард бо гӯшаи руймоли пуштисарбастааш ҷойҳои урёни танашро пӯшонад.

Намедонам мақомот аз роҳандозии ин маърака чӣ мехоҳад ва аз ин амал чӣ натиҷае ба даст оварданист. Ё аслан ин кор чӣ маънӣ дорад?
Мақомот ин иқдомашро мубориза бо фарҳанги бегона (фарҳанги афғониву арабӣ) тавҷеҳ медиҳад. Аммо онҳое, ки дар кӯчаву бозор ба рӯймоли хоҳарон ва риши бародарони ҳамватану ҳаммилатамон дахолат мекунанд оё аз фарҳанги миллат бӯе бурдаанд? Оё аҷдодони мо риш намегузоштанд ва модарони мо ва бибиҳоямон рӯймоли калон намебастанд? Ин ки риштароширо ба кишвари мо русҳо оварданд ва то кишвари моро забт кардани русҳо ҳеч тоҷике риш наметарошид ва ҳеч зани тоҷик сарлуч намегашт, ҳақиқати маҳз аст ва ҷои баҳс надорад! Пас чаро бедалел мегӯем, ки ин амалҳо фарҳанги арабу афғон аст?

Беш аз ин дар фарҳанги тоҷик ҳаққи дахолат ба либоси як занро танҳову танҳо падару бародар ва шавҳараш доранд. Дар фарҳанги миллати ман дахолат ба либоси зани бегона дахолат ба марзи нангу номуси хонаводааш ба ҳисоб меравад. Пас иқдоми рӯймолкашии мақомот чи фарҳангест? Ба кадом фарҳанг хос аст? Дақиқан фарҳанги тоҷикӣ нест. Намедонам, онҳое, ки пушти ин “амалиёт” менишинанд чӣ шинохте аз фарҳанги миллати мо доранд, вале ба назари ман бидуни ихтиёр ва ҷабран рӯймоли як занро кашидан фарҳанги барбарист!

Таърихан ҳич гоҳ миллати ман чунин корро накардааст. Ҳатто русҳо ки беш аз ним аср дар кишвари мо ҳукмронӣ мекарданд ва барои аз байн бурдани фарҳанги миллати мо мубориза менамуданд, ҳеч гоҳ руймоли зани тоҷикро иҷборан накашида буданд ё риши тоҷикеро маҷбурӣ натарошидаанд.
Аз ин амалиёт ҳеч суде нест. Натиҷааш ба ҷуз шикастани ғурури миллат ва тарсуву беғайрат сохтани он наметавонад бошад. Дахолат ба либоси зан дахолат ба ҳарими хусусии шахс, дахолат ба нангу номус ва ҳайсияти инсон мебошад. Худ тасаввур кунед, вақте дар маҳзари ом корманди мақомот рӯймоли ҳамсар ё хоҳари шуморо аз сараш бигирад, чи эҳсосе ба суроғатон хоҳад омад? Магар ифтихор мекунед? Дар фарҳанги миллати ман дар ин ҳол кас худро шарманда ва таҳқиршуда меҳисобад.

Замоне, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, вақти фаношавиаш оғоз мегардад. Вақти ҷанги дохилӣ то ҷое ғурури миллатамон осеб хӯрд. Натиҷааш ин шуд, ки чеҳраи тоҷик ба “Равшану Ҷамшуд” мубаддал гардид. Дар хотир бояд дошт, ки шахси беғурур на аз худ на аз хонавода ва на аз Ватанаш ҳимоят накардаву намекунад. Аз ин рӯ набояд бо ғурур ва номусу ҳайсияти мардум бозӣ кард! Мақомот боястӣ марзбони нангу номуси миллат бошад, на марзшикани ҳайсияту ғурури миллат.
Мӯҳр
Ояндабин,
Ояндабин,
Ба ту гап фоида надоштааст. Ислом занро гавхари киматбахо дониста дар Куръон ба сатр амр кардааст. Ва мардонро масъул кардааст ки нисбат ба занону хохархояшон бегайрат набошанд. Охир чи тавр чизеро ки Аллох таоло бикун гуфта амр кардааст, бандаи Аллох накун мегуяд. Оё ин даъвои худои нест?!

Мухаммад
"Ояндабин" ва Нозия! Ислом хам зохир ва хамчунин ботини пайравони худро пок буданашро талаб мекунад. Шиъори гап дар дил аст, ин шиъори яхудихо хаст, на мусулмонхо. Имону мусулмони икрор ба забон, тасдик бо калб ва амал бо чаворих, яъне бо бадан. Аз ин ру намоз, руза, хичоб, никох ва даххо фарзхои илохи бар мо муслмонхо нозил шудааст ки ба он амал кунем. Амал накунем мусулмон хисоб намешавем. Хохиш мекунам дар ин мавзуъхо хазлу шухи накунед. Надонед аз дилхох олими исломи мавриди эътиборатон пурсед.

Watandori Ozod
Абдуллох,
sharmu hayoi botini dar zohir, raftor wa guftori sahxs namoyon meshawad chize ki dar shumo dida nameshawad... baroi wazifa shuda harruze ba zanu xoharu modarton dashnom mekunand in yak chizi mamuli dar shumost ba hamin sabab az nomus chize namondast... Ozodagon OZOD bosh... Freedom

Салом ба гуфти худат мухофизи номузси миллат! Бас кунед хамин бахсхои пучи худро, ки риши фалониро бо покуи бихмадони тарошиданд. О бародар мардум барои марс рафтан бахс мекунанду Шумоён холо хам холахои лаби об барин дар фикри ки руймолаша чи хел бастааст. Мардумро ба омузиши фанхои дакик даъват намоед, на ришмонию сатрбанди!

Нозия,
Нозияхон! Ояти 59-и сураи АХЗОБ ро аз тарчммаи Куръон бихон. Шояд аз руи нофахми сухан каданта бифахми.

Точик
оксакол,
Э не ки вохима карди дия!!! Дар калом давлати исломи зан гавхари кимматбахо аст? Дар Афгонистон? Дар Покистон? Е дар Ироку Саудия? Зан дар ислом ягон хукук надорад! Агар зан дар ислом кадр медошт, ду зани шохид ба як марди шохид баробар карда намешуд! Ояндабин рост мегуяд, вале шумоен танхо дар чорчубаи таълимоти араб ба дунё менигаред! Акли хуро надоред, дурустараш зомбиед!


Равшан Ахмадов
Ахсан ба Шумо - Файзинисо Вохидова. Шумо курби беш аз 3,5 млн. " мардони точик "- ро доред. Чонам фидои Шумо барои чунин часорату гурур ва хакгуйиатон !

Зардушт
Гар илми араб торики бар Шарк намедод, Точик чунин мондаю торик намешуд.

ДАР ЧОЕ КИ ДИНИ МИЛЛИ АСТ ФАРХАНГИ МИЛЛИ АСТ ВА ДАР ЧОЕ КИ ДИНИ БЕГОНА АСТ ТАРГИБГАРИ ФАРХАНГИ БЕГОНА АСТ.

рахим
Акаи зардушт хаму зардуштита карда гаштангир ба мусулмоно чи кор дори.

Мо ба фарханги милли арч мегузорем. Вале мехостам бифахмам ки ин сиёхпуши ба муаллифи ин сатрхо макбул аст. Ё риши то ноф расидаи баъзе ашхосе, ки аз оддитарин фазилатхои дини мубини ислом вокиф нестанду лофи диндори мезананд. ГУРУРИ МИЛЛИИ ЗАНУ БАРОДАРИ ТОЧИК БА ХАМИН САТРИ ШАХШУЛИ КАДОМ ЯК АЧНАБИ ВА РИШИ ТО НОФ РАСИДА ХЕЧ ГОХ НАМЕШИКАНАД. Чун гурури милли мегуем бояд мо таргибгари фарханги милли бошем. ФАРХАНГИ АСЛИИ ЛИБОСПУШИИ ЗАН- МОДАРИ ТОЧИК ХУД САТР АСТ. Дигар халку миллатхо кайхонро тасхир кардаву аз рушду пешрафт сухан мегуянду мо бахси ришу сатрро хеч не ки анчом дихем. Агар бо хамин ришу сатр зиндагии мо серу пур шавад, иллох ки аз пагох хама таргибгари ин идея хохам буд.
ШУМО БО ИН АФКОРАТОН МИЛЛАТРО БА РАХГУМИ НАБАРЕД, ЧАНОБИ АЗИЗИ.

ХОИНХО, МАРАЗХО, ШУМО БО МИЛЛАТДУСТ, МИЛЛАТФАХМ, ФАРХАНГШИНОС ШУДЕД, ЭЙ ШУМО ХОЛИ БОБОЯТОН КИ БУДАНАШРО НАМЕДОНЕДУ, ПАШМА ДАР ЛУНЧАТОН КАШОЛА КАРДА, МЕГАРДЕД, РАСМУ РУСУМАТОНА НАМЕДОНЕД, ЛИБОСХОИ КУТИГИРА ПУШИДА МЕГАРДЕН, ИМРУЗ ТАГИ ПО МЕБАРОЕНУ, ХУДРО МУАРРИФИ МЕНАМОИ КИ ТУ МИЛЛАТ ДУСТИ ШАХСИЯТ НАРАСЕН, БРА ДИГАР ДАВЛАТ, ТУ ХАМ ХОИН ШАВ, ПАШМА ДАР ЛУНЧАТ КАШОЛ КУН, ГАРД ЛАЙ-ЛАЙ КУНОН, ОТАДДА САВОЛ ДОДИ КИ ОТА МАН ХАМИХЕЛИ КАДУМ, ОТА ОИНИ ТОЧИКИИ МОРО ФАХМОН, ПУРСИДИ, ПАШМАКИ... ГУСФАНДИ "кАРАКУЛИ" БО САВОЛТИЯК ШДАЕ.... БА ХАМАИ РАНГИ ТУ МОНАНД ФИКРУ АКИДАДОШТАХО, ТФУ, КУРНАМОН.... ЭХТИЁТ КНЕН, КИ - " ДАВДАНИ ГУСОЛА ТО КАХДОНА"

Оқои Нақибзод, кам-кам дурӯғ ҳам навистед. Замони Шӯравӣ фақат мӯйсафедҳо риш доштанд. Ягон шахси ҷавон ё миёнаумр риш надошт. Агар бошанд ҳам ангуштшумор буданд. Зеро ҳар як кас таҳти контроли шадиди кумитаҳои комсомол ва партияи коммунистӣ буд. Ёд дорам, дар Донишгоҳ декани мо, ки рус буд, намегузошт, ҳатто бурут монем. Аз дарс берун мекард: " Ещё успеешь состариться !" (Ба пирӣ ҳам мерасӣ!) мегуфт. Ақидаи ман ин аст, ки касе риш дароз мекунад ва зану духтар сатр ба сар мекунад ё мини юбка мепӯшад, ҳар кас бояд ихтиёр дар худаш бошад. Муҳимаш инки дар макотиб, дар хона ва донишгоҳҳо дарсу таълиму тарбия дуруст ба роҳ монда шавад. Ҷавонҳо ба донишу маърифат дилгарм бошанд, фасод, фиребу дурӯғгӯӣ набошад, шаҳру гирду атроф тоза бошад. Ба дарбадарии миллат хотима гузошта шавад. Сохторҳои ҳукумат бидуни фасод бошанд. Одоби гашту гард, сухангӯӣ дар сатҳи баланд бошад. Ин орзӯи банда аст. Вақте чор нафар мард дар назди "Садбарг" дар байни роҳи пиёдагардон истода лақ-лақ мекунанду намедонӣ аз кадом тараф гузарӣ (рост ё чап) ва илова бар он ҳангоми гузаштан аз паҳлӯяшон як аз онҳо "аххх туффф" карда, дар пеши поят туф мекунад, пиромуни кадом нангу номӯс ҳарф задан мумкин аст? Магар халқи беодоб ва бе фарҳанги муошират метавонад бо нангу номӯс ва ғурур бошад? Миллате, халқе, ки ҳеч вақт мустақил набуд, ҳамеша тобеъи дигар миллатҳои қавитар буд, чи гуна метавонад бо ғуруру нангу номуси миллӣ бошад? Ҳамаи калавишҳои чӣ сохторҳои давлатӣ ва чӣ шахсони алоҳида аз бетаҷрибагист. Мо ба он тудае монандем, ки нав аз зиндон озод шудаем ва намедонем бо ин озодӣ чӣ кор кунем. Аз ин вазъият набояд касе озурда бошад. Ин ҷараёни табии иҷтимоист. Ҳоло ҳар кас бояд кори худро дуруст анҷом диҳад. "Кирдори хуб, пиндори хуб, рафтори хуб" беҳтарин шиор аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)